Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафони Суперлигаи футзали Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. Рӯзҳои 1-2-юми март се бозии даври ҳабдаҳуми мусобиқа баргузор шуд.

Ба иттилои Суперлигаи футзали Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буд, бо иштироки нӯҳ даста ҷараён дорад.

Дар даври ҳабдаҳуми мусобиқа «Соро компания»-и Душанбе дар майдони худ «Регар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 14:3 шикаст дод. «Амонатбонк»-и Душанбе “Пойтахт”-и Душанберо бо ҳисоби 7:4 мағлуб сохт. “Сипар”-и Хуҷанд бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 12:2 ғолиб омад.

Бозии даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ба рӯзи чоршанбеи 5-уми март мавқуф гузошта шуд.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти ҳабдаҳ даври мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 42 имтиёз дар ҷадвал ҷойи аввалро касб кардааст. “Амонатбонк” бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Истиқлол”, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 32 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври ҳаждаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон 8-9-уми март баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе “Сомон” бо “Истиқлол” ва “Истаравшан бо “Сипар” рақобат мекунанд. Ду бозии дигари даври охирин рӯзи якшанбе байни дастаҳои “Хуҷанд” - “Пойтахт” ва “Амонатбонк” - “Соро компания” доир хоҳад шуд.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025:

Даври 17-ум

“Сипар” – “Хуҷанд – 12:2

“Пойтахт” – “Амонатбонк” – 4:7

“Соро компания” – “Регар” – 14:3

Мавқеи дастаҳо лар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

«Соро компания» (Душанбе)

15

14

0

1

88-27

42

2

«Амонатбонк» (Душанбе)

15

11

0

4

83-49

33

3

«Истиқлол» (Душанбе)

14

10

2

2

75-20

32

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

14

9

2

3

93-37

29

5

«Сипар» (Хуҷанд)

15

8

2

5

90-39

26

6

«Сомон» (Душанбе)

15

5

3

7

57-53

18

7

“Хуҷанд” (Хуҷанд)

15

3

0

12

34-137

9

8

“Регар” (Турсунзода)

16

2

0

14

34-113

6

9

“Пойтахт” (Душанбе)

15

0

1

14

20-99

1

Даври 17-ум

5-уми март (чоршанбе)

“Истиқлол” – “Истаравшан”

Даври 18-ум

8-уми март (шанбе)

“Сомон” – “Истиқлол”

“Истаравшан” - “Сипар”

9-уми март (якшанбе)

“Хуҷанд” - “Пойтахт”

“Амонатбонк” - “Соро компания”

XS
SM
MD
LG