Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии панҷ даста дар бозиҳои даври якуми лигаи олӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон, ки 7-уми март бо мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт, то рӯзи 9-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии Тоҷикистон, ки бори 34-ум доир мешавад, 12 даста иштирок мекунад. Бо сабаби омода набудани майдонҳо ҳамаи бозиҳои даври якуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 7-ум, 9-ум ва 10-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Нахуст 7-уми март бозӣ байни дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор баргузор шуд. Низомиён бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Голи дар дақиқаи 57-ум ба дарвозаи “Ҳосилот” задаи нимҳимоятгар Ҷулиос Кваси, легионери африқоӣ, аввалин гол дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъдан шоми ҷумъа “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд рақобат карданд. Голи ягонаи дар дақиқаи 6-уми дидор ба дарвозаи хуҷандиҳо задаи ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов тақдири бозиро ба суди қаҳрамони феълии Тоҷикистон ҳал кард.

Ду бозии дигари даври якум рӯзи якшанбеи 9-уми март барпо гардид. Рақобат байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Олаолува Оҷетунде, легионери “Равшан”, дар дақиқаи 25-ум ҳисобро кушод. Баъди даҳ дақиқа ҳамлагари “Истаравшан” Суҳроб Бердиеви узбекистонӣ ҳисобро баробар кард.

“Вахш”-и Бохтар “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Голҳои “Вахш”-ро ҳамлагарон Суннатулло Исмоилов (дақиқаи 18-м), Нуриддин Ҳамроқулов (33) ва Дмитро Билоног (67) ба самар расонданд. Як голи “Эсхата”-ро Ҳамидулло Абдуҳамидови узбекистонӣ аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналти (45+1) зад.

Ду бозии охирини даври якум рӯзи душанбеи 10-уми март сурат гирифт. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ аз “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ҳарду голро нимҳимоятгар Хайриддин Турахонов дар нимаи дуюми бозӣ зад. Вай дар дақиқаи 77-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ва голи дуюмро дар замони ҷуброншуда (90+2) ба ҳадаф расонд.

“Барқчӣ”-и Душанбе аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро дар замони ҷуброншуда (90+6) Неъматуллозода ба дарвозаи “Барқчӣ” зад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои “Вахш”, “Ҳулбук”, КМВА, “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои аз якум то панҷумро касб кардаанд. “Равшан” ва “Истаравшан” бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои 6-7-ум қарор доранд.

Ду даста – “Равшан” ва “Ҳосилот”-ро мутахассисони хориҷӣ ба мавсими нав омода кардаанд. Сармураббии “Равшан” Дмитрий Черишеви русиягӣ ва сармураббии “Ҳосилот” Амин Субҳонии эронӣ мебошанд.

Даҳ дастаи дигар зери раҳбарии шогирдони футболи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд:

“Истиқлол” – сармураббӣ Игор Черевченко;

“Хуҷанд” – сармураббӣ Рустам Хоҷаев;

КМВА – сармураббӣ Шамсиддин Қосимов;

“Вахш” – сармураббӣ Зариф Усмонов;

“Регар-ТадАЗ” – сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов;

“Эсхата” – сармураббӣ Шуҳратҷон Умаров;

“Барқчӣ” – сармураббӣ Алифбек Беромов;

“Истаравшан” – сармураббӣ Шуҳрат Шамсиев;

“Панҷшер” – сармураббӣ Бахтиёр Ҳакимов;

“Ҳулбук” – сармураббӣ Ҷалолиддин Маҷидов.

Бошгоҳҳои Тоҷикистон футболбозони хориҷиро аз 9 кишвари дунё ҷалб намудаанд. Аз ҳама бештар намояндагони Узбекистон (23 нафар) ва Гана (20 кас) мебошанд. Дар маҷмӯъ дар қаҳрамонии Тоҷикистон 80 бозигари хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ. Даври якум

7-уми март (ҷумъа)

КМВА - «Ҳосилот» - 2:1

Голҳо: Кваси, 57, Ҳабибов, 68 – Чақалов, 90+3

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Истиқлол” - «Хуҷанд» - 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 6

Аз майдон хориҷ шуд: Камолафе, 63 (“Хуҷанд”)

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

9-уми март (якшанбе)

“Равшан” - «Истаравшан» - 1:1

Голҳо: Оҷетунде, 25 – Бердиев, 35

Аз майдон хориҷ шуд: Гритсенко, 34 (“Равшан”)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Вахш” - «Эсхата» - 3:1

Голҳо: Исмоилов, 18, Ҳамроқулов, 33, Билоног, 67 – Абдуҳамидов, 45+1 – аз пеналти

Аз пеналти хато зад: Рихсибоев, 6 (“Эсхата)

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

10-уми март (душанбе)

“Панҷшер” - «Ҳулбук» - 0:2

Голҳо: Хайриддин Турахонов, 77 – аз пеналти, 90+2

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Барқчӣ” - «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Неъматуллозода, 90+6

Аз майдон хориҷ шуданд: Ғаффорзода, 26, Раҷабов, 63 (ҳарду аз “Барқчӣ”), Имомназаров, 67 (Регар-ТадАЗ)

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Вахш» (Бохтар)

1

1

0

0

3-1

3

2

«Ҳулбук» (Восеъ)

1

1

0

0

2-0

3

3

КМВА (Душанбе)

1

1

0

0

2-1

3

4

“Истиқлол” (Душанбе)

1

1

0

0

1-0

3

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

1

0

0

1-0

3

6

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

1

0

1-1

1

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

1

1-1

1

8

«Ҳосилот» (Фархор)

1

0

0

1

1-2

0

9

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-1

0

10

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

0

1

0-1

0

11

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

0

0

1

1-3

0

12

«Панҷшер» (Балхӣ)

1

0

0

1

0-2

0

Даври дуюм

14-уми март (ҷумъа)

«Эсхата» – «Равшан»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

15-уми март (шанбе)

«Ҳулбук» – «Истаравшан»

«Хуҷанд» – «Вахш»

16-уми март (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

«Панҷшер» – КМВА

XS
SM
MD
LG