Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падараш алимент намедиҳад, чӣ кор кунам?


Маликаро мегӯяд, аз тарс барои алимент муроҷиат накард.
Маликаро мегӯяд, аз тарс барои алимент муроҷиат накард.

Танҳо дар ним сол ба беш аз 750 падар иҷоза надодаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунанд ва ба зидди садҳо нафарашон парванда боз кардаанд. Сабаб? Онҳо барои фарзандони худ пули алимент насупурдаанд. Чаро баҳсҳо барои кӯмакпулӣ ба фарзанд поён надорад? Дар Салом, хоҳар ҳамин мавзӯро ба баррасӣ гирифтем.

Ҳар рӯз дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳҳо тақрибан 27 оила аз ҳам ҷудо мешаванд, аммо ин қарорҳо ҳам баҳсу муноқишаҳо байни зану шавҳарони собиқро хотима намедиҳад. Маъмулан, баъди ҷудоӣ таъмину тарбияи фарзандони ба зиммаи модар мемонад ва падар бар асоси қонун уҳдадор аст, барои таъмини фарзандон пул диҳад.

Аммо занони зиёде шикоят мекунанд, ки бо гирифтани талоқ, тамоми бори зиндаги ба дӯши онҳо меафтад, чун падар фарзандонро фаромӯш мекунад, аз пардохти алимент сарпечӣ мекунад ё пули ночизе медиҳад. Падарон ҳам аксаран бекорӣ, ё маоши ночизро далел меоранд.

Занони талоқгирифта бо 3-4 фарзанди ноболиғ чӣ гуна зиндагиро пеш мебаранд? Бо вазъи яке аз онҳо ошно мешавем, ки мегӯяд, бо ду фарзанд овораву дар ба дар шудааст. Малика Ҳаётова 48-сола аст ва дар Хуҷанд бо 220 сомонӣ нафақаи маъюбӣ ва кӯмакпулии андаке, ки дар се моҳ як бор аз давлат мегирад, дар як вагон бо шароити сахте зиндагӣ дорад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Писарчаи калониям 14-сола шуд. Духтарчаамро бо дардҳо таваллуд кардам, 5-сола аст. Дуто дорам, шукри Худо. Писарчаамро ба ҳамин гадоӣ ва муҳоҷират 10-сола кардам ва дуюм шавҳар кардам, ки бахт бубинем. Дар Екатеринбург якҷо кор мекардам. Дасту поямро хунук зад. Дадои ин гуфт, ки рав хона табобат кун. Омадам, пагоҳаш ба апаам занг зада гуфт, ки занам инвалид мешавад, дигар ба ман даркор нест..”

Мусоҳиби мо мегӯяд, алимент намегирад, агарчӣ тибқи қонун бо вуҷуди надоштани ақди никоҳи расмӣ ҳам метавонад ҳаққи кӯдаконро талаб кунад. Аксаран бо гадоӣ рӯз мегузаронад. Метарсад, ки агар шикоят кунад, фазандонашро аз дасташ мегиранд: “Духтарчаам 3-моҳа буд, аз ҳамон вақт гадоӣ мекунам, то ҳозир. Намешавад. Ягон бор занг задагӣ ҳам нестанд. Писарчаам 14-сола шуд, падараш тамоман занг задагӣ нест, духтарчаам 5-сола шуд, суроғ накардаанд. Ман метарсам. Аз тарс даъво накардам, ки баъзан додгоҳ ё адвокат мегӯяд, манзили ту ҷойи зисти фарзанд нест ва ба манфиати мард мешавад. Аз ҳамин сабаб тарсидам, ки аз дастам мегиранд. Агар фарзандҳоямро гиранд, ман обу адо мешавам. Дигар кӣ дорам?”

Назари шавҳари собиқи ин зан, маълум нест. Соли гузашта мақомоти Хадамоти иҷро гуфтанд, дар як сол ба зидди 398 нафар барои надодани алимент ба фарзанд парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Аксари онҳо падарон будаанд. Дар сӯҳбатҳои қаблӣ бо Озодӣ бархе аз ҳамсӯҳбатони мо мегуфтанд, дасткашӣ ё пардохт нашудани алимент аз тарафи мардон сабабҳои молӣ дорад, дар акси ҳол ба гуфтаи онҳо кадом падар намехоҳад ба фарзанди худ кӯмак кунад.

Асомиддин Сафаров, сокини Бохтар: «Падари бечора ба хотири фарзанд алимент месупорад, вай боз падару модар дорад, фарзандҳои дигар дорад, ки бояд онҳоро ҳам нигоҳ кунад.”

Бино ба гузориши Кумитаи маҳви ҳамагуна табъизи занони СММ дар сеюним соли ахир дар Тоҷикистон ба фоидаи модару кӯдакон беш 100 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Барои бархе аз падарони саркаш кор бо равона шудани онҳо ба зиндон ҳам поён ёфтааст. Дар Хатлон масалан тибқи омори расмӣ беш аз 20 падарро барои сарпечӣ аз пардохти алимент ба ҳабс гирифтаанд.

Баҳси нигаҳдории фарзандон баъд аз талоқ то ҷое расид, ки ҳамакнун падарони аз алимент қарздорро ҳангоми сафар ба берун, аз фурудгоҳ мегардонанд. Дар як гузориши СММ аз соли 2024 омадааст, Тоҷикистон сафари беш аз 10 ҳазор падареро, ки алименти фарзандонро насупурдаанд, ба берун маҳдуд кардааст.

Оё маҳрумият аз ҳаққи сафар ба хориҷ ва ё таҳдиди зиндон бори дӯши занони танҳомондаро кам ва шароити тарбияту нигаҳдории атфоли онҳоро беҳтар мекунад? Мавзуъро бо ҳуқуқшинос Дилафрӯз Самадова дар миён гузоштем. Дилафрӯз вакили мудофеъ ва аз ҳомиёни ҳуқуқи занон ва масъули созмони ҷамъиятии “Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун” аст.
Барномаи комил бо маслиҳатҳои мутахассис инҷост:

Падараш алимент намедиҳад, чӣ кор кунам?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:07 0:00

XS
SM
MD
LG