Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии мушкилеро анҷом доданд


Дар Тоҷикистон табибон ҷарроҳии бидуни бурриши мағзи сар гузарониданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Дар Тоҷикистон табибон ҷарроҳии бидуни бурриши мағзи сар гузарониданд

Табибони тоҷик аз анҷоми ҷарроҳие хабар доданд, ки то ҳол дар кишвар аз сӯи онҳо иҷро намешудааст. Ин ҷарроҳиии рагҳои мағзи сар бо усули бе бурриш буда, онро бори аввал дар бадани Сафо Азизов, сокини 16 солаи ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронидаанд.

Сафо моҳи октябри соли гузашта дар манзилашон аз ошёнаи сеюм афтода, аз сараш ҷароҳати сахт бардоштааст. Дар бемористони ноҳия чанд рӯз табобат гирифт, аммо то охир ӯро табобат карда натавонистанд. Вай рӯзи 10-уми январ, ки зери назорати табибон дар беморхона қарор дошт, ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки қабл аз ҷарроҳӣ вазъи саломатияш бад буд.

“Аз биниам хун мерафт, ҳозир шукронаи Худо созам. Раҳмат ба акаи Субҳон, ки маро ҷарроҳӣ кард,”--афзуд, ӯ.

Субҳониддин Баҳодуров, ҷаррроҳи мағзу асаб дар Маркази ташхисию табобатии "Дастаи Дил" дар бемористони “Шифобахш” ҳамроҳ бо ҳамкоронаш бори нахуст дар Тоҷикистон ҷарроҳиии рагҳои мағзи сарро ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе бурриш анҷом доданд.

“Барои ин гуна ҷарроҳӣ ё ба хориҷи кишвар мерафтанд ё духтурон аз хориҷа омада, амалҳоро мегузарониданд. Хушбахтона баъди омӯзишҳое, ки мо дар ҷумҳурии исломии Эрон дидем, ин ҷарроҳиро ба дараҷаи олӣ анҷом медиҳем. Ин гуна бемориҳо баъди осеб гирифтани косахонаи сар ба вуҷуд меояд, ки байни раги калони майнаи сар ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох шуда, ба рагҳои чашм ва қисми рӯй хун рафта, дар натиҷа дар бемор нобиноии чашмон, варами чашм, сурхии чашм ва инчунин хунравиҳои шаддид аз даҳон ва бинӣ мушоҳида мешавад,”-- шарҳ дод, табиб Субҳониддин Баҳодуров.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷарроҳии мушкил 2 соату бист дақиқа идома кардааст. Вай афзуд, ки “ин намуд ҷарроҳӣ аз артерияи рон даромада, рафта ба дил, баъдан ба рагҳои мағзи сар дохил мешавад. Яъне бо намуди “эндоваскуляри" рафта, он сурохие, ки байни артерия ва венаҳо ба вуҷуд омада буд, маҳкам карда, баромадем."

Қодир Азизов, падари Сафо Азизов мегӯяд, қабл аз ҷарроҳӣ вазъи фарзандаш хеле бад буд. Чун табибон анҷоми ин ҷарроҳиро дар фарзандаш пешниҳод карданд, розӣ шуд, зеро имкони ба хориҷи кишвар рафтан надошт.

“Агар табибон дар Тоҷикистон бемори моро табобаташро ба гардан намегирифтанд, мо маҷбур будем, ки аз бонк ё ягон ширкат қарз гирифта, ба Эрон ё Ҳиндустон равем,”--гуфт ӯ.

Қаблан барои чунин ҷарроҳӣ табибон аз Қазоқистон бар ивази 10 ҳазор доллар изҳорӣ омодагӣ намудаанд, ки ба Душанбе омада, онро анҷом диҳанд. Агар интиқоли бемор ба хориҷа сурат гирад, ба қавли Субҳониддин Баҳодуров харҷи ҷарроҳӣ ва табобати бемор метавонад бештар шавад.

Ҳоло барои ин ҷарроҳӣ дар Душанбе бо дармону дигар харҷҳояш каме бештар аз 30 ҳазор сомонӣ муодили 3 ҳазор доллар сарф шудааст.

Дарёфти ин маблағ ҳам дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки маоши миёнаи сокинонаш каме бештар аз 2 ҳазор сомонист, осон нест.

Анҷоми ҷарроҳии рагҳои мағзи сар аз тариқи эндоскопӣ дар ҳолест, ки дар гузашта сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод қарор мегирифт. Табибон иштибоҳҳоро рад намекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинон мегӯянд. Як нигаронии дигар ин буд, ки табибони ботаҷриба тарки кишвар мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG