Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми Осиё дар Қатар


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки 5-уми март ба Қатар рафт, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар шаҳри Давҳа омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даҳрӯза дар Қатар 24 бозигарро даъват кардааст.

Футболбозони навраси тоҷик дар доираи ин ҷамъомад дар Давҳа якчанд бозии санҷишӣ мегузаронанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели имсол дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5-уми апрел), Кореяи Шимолӣ (8-уми апрел) ва Эрон (11-уми апрел) рақобат мекунад.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чаҳорякниҳоӣ ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

XS
SM
MD
LG