Духтарон дар бораи назорати ғайрирасмӣ, пайгирӣ, монеаҳо дар ошноӣ бо хориҷиён ва талаби анҷоми "рафтори шоиста" ба бахши русии Радиои Озодӣ нақл карданд.
Ин ҳодисаҳо чанд сол пеш рух додаанд, вале бисёрии духтарон дар бораи моҷароҳои аз сарашон гузашта танҳо ҳоло нақл карданд. Ин ҳам баъди он, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзӯъро тарҳи Tell me sister ба миён гузошт. Тарҳи мазкур барои баррасии вазъи занони Тоҷикистон таъсис шудааст.
"ТУ МИЛЛАТРО БАДНОМ МЕКУНӢ"
"Озодӣ мехоҳӣ – бо бачаҳои тоҷик равуо накун!" - Маноша
"Ту тоҷиконро бадном мекунӣ. Ту миллатро бадном мекунӣ." - Олия.
"Падару модари ту ин ҷо моем. Он чӣ мо мегӯем, ту бояд онро анҷом диҳӣ" - Камила.
Ҳамаи инҳо – донишҷӯдухтарон аз Тоҷикистон ҳастанд. Чанд сол пеш онҳо барои таҳсил ба Чин рафтанд ва аз сӯи ҳамватанони худ зери назорати шадид қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ин духтарон, онҳоро аз гуфтугӯ бо мардони хориҷӣ манъ карда, зери назорат гирифтанд, "соати тарбиявӣ" гузарониданд, ҷанҷол ва таҳдид карданд, ки иҷборан ба хона мефиристанд.
Маноша 17 сол дошт, ки соли 2018 барои таҳсил ба Чин рафт. Барои ошноӣ бо донишҷӯёни дигар, вай ҳамроҳ бо дугонаҳояш ғизои миллӣ омода кард ва барои дӯстони наваш аз Африқо дастурхон орост. Он шом бо ҳамлаи бачаҳои тоҷик ба поён расид.
Маноша мегӯяд, "африқоиҳо танҳо ду қошуқ қурутоб хӯрданд. Мо мехостам, пурсем, ки маззааш чӣ хел буд? Дар ҳамин лаҳза ду марди тануманд даромаданд, бо телефон навор гирифтанд, таҳдид карданд. Ба мо гуфтанд: "Мо навори шуморо паҳн мекунем. Шумо инҷо ба чӣ машғулед?". Бо африқоиҳо занозаниро сар карданд. Ман онҳоро аз ҳам ҷудо кардам ва асабоният нишон додам. Ман гуфтам: "Чаро ту бо инҳо ҷанг мекунӣ? Инҳоро ман даъват кардам". Ман инро бо англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ гуфтам.
Маноша ёдовар мешавад, ки волидони вай тариқи телефон аз мардони тоҷик хоҳиш карданд, ки духтарашонро ором гузоранд. Дар посух мардон гуфтанд, "мехостанд, духтарро аз гуноҳ ҳифз кунанд". Дертар таҳдидҳо қатъ шуданд, аммо аҳвол беҳ нашуд – Маношаро радди маърака карданд.
Маноша мегӯяд "Агар шумо мехостед, ки моро муҳофизат кунед, шумо даъвати моро мепазируфтед ва бо мо ҳамроҳ мешудед. Нону оби моро мечашидед. Аммо на, шумо моро муҳофизат кардан намехостед. Шумо танҳо мехостед, зӯри худро ба мо нишон диҳед.
"ПАДАРУ МОДАРИ ТУ ИНҶО МОЕМ"
Камилаи 24-сола дар Урумчии Чин таҳсил мекард ва бо ҳамкурси хориҷиаш робита дошт. Барои ҳамватанони вай ҳамин кофӣ буд, ки соати 2 шаб бо як гурӯҳи калон барои "суҳбат" ба утоқи вай биёянд.
Камила мегӯяд, "бо ман, ба қавли онҳо, "калони бачаҳо" суҳбат кард. Пушти сари вай бачаҳои дигар истода буданд. Шуморашон зиёд буд. Вай ба ман гуфт, ки наметавонӣ бо мардони миллати дигар робита дошта бошӣ. Ман пурсидам: "Шумо кистед? Зеро ман шуморо бори аввал мебинам". Вай гуфт: "Ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки ту бояд моро гӯш кунӣ. Мо мисли бародарем бароят. Мо бояд шуморо муҳофизат кунем. Ман гуфтам, ки волидони ман бояд маро муҳофизат кунанд. Ва онҳо аз ҳама чиз хабардоранд. Вай гуфт: "Муҳим нест, ки волидонат медонанд ё не. Қоида ҳамин аст, ки ин ҷо мо волидони ту ҳастем. Ҳарчӣ мо мегӯем, ту бояд ҳамонро бикунӣ".
Дертар бачаҳо барои духтарон як маҷлиси дигар барпо кардаанд. Баҳона он буд, ки яке аз духтарон ба марди хориҷие рӯзи 23 феврал тӯҳфае дод. Он духтар мехост, худро ҳимоят кунад, дар посух "калони бачаҳо" мошини мӯйсаргириро баровард.
Ба гуфтаи Камила, он ҷавон гуфт, "ту хеле ҷасурӣ, ман дар кисаам як чиз дорам". Ва аз кисааш мошини мӯйсаргириро бароварду гуфт: "Ту шояд мехоҳӣ, ки сарат кал карда шавад?". Ва ҳамон лаҳза ман ба ваҳшат омадам, зеро дигарон хомӯш буданд. Касе ҷуръат накард, чизе гӯяд.
Олия 20 сол дошт ва вай ҳеч гоҳ аз Тоҷикистон берун нарафта буд. Чин барои вай аввалин кишвари хориҷӣ буд. Моҳи декабри соли 2018 Олия ҳамроҳ бо дӯстони хориҷиаш ба майхона рафт. Он ҷо ӯро як тоҷикистонии дигар дид ва бо зӯр берун баровард.
"ТУ ТОҶИКОНРО БАДНОМ МЕКУНӢ"
Олия: "Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!" - Бо ҳамин лаҳн шурӯъ кард. "Кӣ ба ту иҷозат дод, ки ба чунин ҷойҳо биёӣ? Ту медонӣ, ин чӣ маъно дорад? Ту тоҷиконро бадном мекунӣ. Ту помириҳоро бадном мекунӣ". Ман дар ҳолати ваҳшатзадагӣ будам. Чизеро дарк намекардам. Дар назди ӯ истода будам ва меларзидам. Зеро вай бо нигоҳи хашмолуд ба ман менигарист. Бо нигоҳе, ки гӯё мехост, маро латукӯб кунад. Вале ман коре накарда будам.
Баъдтар фишор бештар шуд. Донишҷӯёни тоҷик ба хобгоҳи ӯ омада, таҳдид кардаанд, ки агар вай рафтуомадашро бо хориҷиҳо идома диҳад, сараш метарошанд ва ба хона мефиристанд.
Олия дар идома гуфт, "вақте ман дар хобгоҳ бемор будам, дар ба дари беморхонаҳо мегаштам, ҳеч кадоме аз ин тоҷикон назди ман наомад. Ҳамаи дӯстони хориҷии ман баъди дарсҳо ба ман ғизо ва дору меоварданд. Ҳангоме ки он, ба истилоҳ бародарон, ба ман даркор буданд, онҳоеро, ки мо "ака, ака" мегуфтем, ҳеч кадомаш дар канори ман набуданд".
Ҳамаи ин моҷароҳо чанд сол пеш сурат гирифтаанд, аммо дар бораи онҳо бори аввал танҳо чанд ҳафта пеш ошкоро сӯҳбат карданд. Ин мавзуъро Tell Me Sister ба миён гузошт, ки шаш сол аст дар бораи вазъи занони Тоҷикистон менависад.
Дар ин муддат, ба гуфтаи муассиси тарҳ, вай муроҷиатҳои зиёде дар бораи хушунату фишор дарёфт кардааст. Ва миёни ин муроҷиатҳо назорати ғайрирасмии донишҷӯён аз сӯи ҳамватанонашон дар хориҷ тамоюл пайдо кардааст.
Фарзона Саидзода, муассиси тарҳи Tell me sister мегӯяд, "ин ҳам танҳо назорати одӣ не, балки ба ин шакл, бо таҳдиди кал кардани мӯи сар. Ин амал таҳқири оммавии духтарон аз сӯи афроди комилан бегона аст. Суоле сар мезанад, ки ту чӣ ҳақ дорӣ? Ту кистӣ? Вале онҳо дар воқеъ худро вазифадор медонанд, ки ин корро анҷом диҳанд. Онҳо худро соҳибҳақ мешуморанд, ки ин корро кунанд. Ва медонанд, ки беҷазо мемонанд ва касе монеи онҳо намешавад, зеро духтарон метарсанд, худро муҳофизат кунанд, эътироз кунанд.
Бахши русии Радиои Озодӣ бо Камол, як ҷавони тоҷик аз Тоҷикистон сӯҳбат кард, ки соли 2017 вай барои таҳсил ба Урумчӣ рафта буд. Камол тасдиқ кард: назорати ғайрирасмии духтарони тоҷик ҷо дошт.
Камол нақл кард, "бале, аз ҷониби мардҳо ба духтарони тоҷикистонӣ чунин ҳушдорҳо ба хотири амнияти худи онҳо дода мешуд. Бояд бо ҳама ва ҳама чиз бо эҳтиёт муносибат кард, зеро вазъ дар ҳар минтақаи Чин ҳар гуна буд. Чунин мафҳуме бо номи "рашки тоҷикӣ" ҳаст. Вақте як духтари тоҷик бо марде аз миллати дигар дӯстӣ мекунад, рашк пайдо мешавад.
Аммо коршиносон бовар доранд, ки чунин рафтор ба меъёрҳои мардсолорӣ ва нобаробарии ҷинсӣ марбут аст. Инҷо гап дар бораи ғамхорӣ намеравад.
Лариса Александрова, ҳуқуқшинос ва коршиноси гендерӣ мегӯяд, "амалан гап дар бораи ҷинояте ба номи номус меравад. Чунин амалҳо мамнӯъ ҳастанд. Вале мушкил дар он аст, ки дар хориҷ барои чунин корҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб кардан душвортар аст.
Мо барои дарёфти вокуниш ба сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Институти Конфутсий дар Душанбе муроҷиат кардем, вале то ҳол ҷавобе наомадааст.
Имрӯз ҳамаи қаҳрамонони ин навор аллакай донишгоҳро хатм кардаанд. Онҳо кор мекунанд, оила бунёд мекунанд, Маноша блоги худро пеш мебарад. Вале ҳар кадоми онҳо мегӯянд, нигоҳҳои таҳқиромез ва таҳдидҳо аз сӯи ҳамватанонро онҳо барои ҳамеша дар ёд хоҳанд дошт.