Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи "Муҳаммад" дар садри ҷадвали номҳои писарона дар Бритониё


Шумораи мусалмонон дар Бритониё дар солҳои охир рӯ ба афзоиш аст
Шумораи мусалмонон дар Бритониё дар солҳои охир рӯ ба афзоиш аст

Гузориши нави Идораи омори миллии Бритониё нишон медиҳад, ки барои аввалин бор номи "Муҳаммад" дар садри ҷадвали номҳо барои писарон дар ин кишвар қарор гирифтааст.

Тибқи ин гузориш, шумори афроде, ки номи "Муҳаммад" доранд, дар 30 соли гузашта рӯ ба афзоиш буда, акнун аз ҳар 40 мард дар Бритониё як нафар ин исмро дорад.

Ба навиштаи Daily Mail, афзоиши аҳолии мусалмон дар Бритониё бинобар муҳоҷират, маҳбубияти чеҳраҳои варзишӣ монанди Муҳаммад Фараҳ, Муҳаммад Салоҳ ва Муҳаммад Алӣ эҳтимол сабаби ин афзоиш будааст.

Номи Муҳаммад аз соли 2016 низ дар миёни 10 номи бартар барои номгузории навзодон дар Бритониё будааст. Аммо соли гузашта унвони маҳбубтарин номро касб карда ва ҷойи исми "Нӯҳ"-ро гирифтааст. Худи номи Нӯҳ низ порсол мақоми севумро касб кардааст.

Номи "Оливия" барои ҳаштумин сол пайдарпай маҳбубтарин номи духтарона дар Бритониё аст ва номҳои "Amelia" ва "Isla" дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор доранд.

Идораи омори миллии Бритониё ҳар сол додаҳои нави вобаста ба номҳои навзодонро таҳлил мекунад ва маҳбубтарин ва камтарафдортарин номҳоро дар Бритониё нашр мекунад. Ин радабандӣ бар асоси имлои дақиқи номҳои сабтшуда барои навзодон анҷом мешавад, ба ин маънӣ, ки номҳои монанд бо имлои дигар, алоҳида шумориш мешаванд.

Дар солҳои гузашта, се имлои гуногун аз номҳои арабии "Муҳаммад" дар феҳристи 100 номи бартари писарона дар Инглистон ва Уэлс вуҷуд дошт. Аммо ин нахустин сол аст, ки танҳо як имлои ин ном (Muhammad) ба садри феҳрист расидааст.

Порсол 4661 ҳазор ном бо имлои (Muhammad), 1601 ном бо имлои (Mohammed) ва 835 ном бо имлои (Mohammad) дар Уэлс сабт шуда буд.

Номи Муҳаммад дар чаҳор ноҳия аз 9 ноҳияи Инглистон маҳбубтарин ном шуда ва дар Уэлс ҷойгоҳи шастудувумро гирифтааст.

Номи "Olivia" низ дар панҷ ноҳия аз Инглистон ва кулли Уэлс маҳбубтарин исми духтарона буд. Ин ном аз соли 2006 ҳамвора ҷузъи се номи бартар барои номгузории навзодони духтар будааст.

Масъулини Идораи омоли миллии Бритониё мегӯянд, фарҳанги умумӣ дар маҳбуб шудани бархе номҳо барои навзодон таъсири зиёде дорад. Номҳо ситораҳои мусиқӣ монанди Billie, Lana, Miley Cyrus ва Rihanna барои духтарон ва низ Elton ва Kendrick барои навзодони писар афзоиш ёфтаанд.

Дар ин миён, номҳои салтанатӣ ё подшоҳӣ дар соли 2023 бо бо коҳиш рӯбарӯ будааст.

Замони таваллуди навзодон низ дар интихоби номи духтарона таъсиргузор будааст, ба вижа номҳои Autumn (Тирамоҳ) and Summer (Тобистон), ки дар ин фаслҳо маҳбубияти бештаре пайдо карда ва ҳар ду дар миёни 100 номи бартар қарор гирифтаанд.

Дар моҳи декабр номҳои Робин ва Ҷузеп маҳбубияти бештаре доштаанд. Номгузорӣ бо рӯзҳои ҳафта, чун Якшанбе ва Чоршанбе ҳам рӯ ба афзоиш будааст.

Аз дигар номҳои наве, ки вориди феҳристи 100 номи маҳбуб шудаанд, метавон аз исмҳои Hazel, Lilah, Autumn, Nevaeh ва Raya барои духтарон ва Jax, Enzo, ва Bodhi барои писарон ном бурд.

XS
SM
MD
LG