Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2027 "лимит" аз байн меравад? Президент ваъдаашро такрор кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар порлумон. 16.12.2025
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар порлумон. 16.12.2025

Президент Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мардуми Тоҷикистон ваъда дод, ки аз моҳи сентябри соли 2027 камбуди барқ ё "лимит" дар кишвар аз байн меравад.

Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи севуми нерӯгоҳи "Роғун" ба кор медарояд ва "фаромӯш мекунем дигар барқ куштанро".

Раҳмон соли 2024 низ чунин ваъда дода буд, аммо бархе мутахассисон бо назардошти вазъи феълӣ, ба иҷрои он шубҳа доранд.

Президент ба шикоятҳо дар бораи камбуди барқ дар кишвар мустақиман посух надод ва танҳо гуфт, "шароити мардумро бахубӣ медонем".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳоротҳои қаблии мақомотро такрор кард, ки сабаби камбуди барқ дар кишвар зиёд шудани аҳолӣ, ба кор даромадани корхонаҳои зиёд ва кам шудани воридшавии об ба обанбори Норак аст. Эмомалӣ Раҳмон баъди зикри ин сабабҳо ҳамчунин ишора кард, ки "ин ҳам баҳона шуда наметавонад".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз талафоти зиёди барқ нигаронӣ карда гуфт, феълан дар кишвар солона 3 миллиард киловат соат барқ талаф мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мақомот мехоҳанд аз роҳи насби ҳисобкунакҳои биллинги талафоти барқро ба ҳадди ақал расонанд.

Президент: "Идораи барқ мардумро нодуруст қарздор мекард"

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон тасдиқ кард, ки кормандони идораи барқ дар бисёр ҳолат аҳолиро нодуруст аз истифодаи барқ қарздор мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, қаблан "Барқи тоҷик" гузориш медод, ки гӯё 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд. Аммо ба гуфтаи президент, баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд.

"Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Қарздории аҳолӣ аз барқ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез дар кишвар будааст. Вазорати энержӣ ва захираҳои об моҳи июли имсол эълон кард, ки қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст. Омори мақомот дар бораи қарздории аҳолӣ аз барқ солҳост, ки шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Хабарнигорон борҳо ин мавзӯъро бо намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" баҳс кардаанд. Намояндагони "Шабакаҳои тақсимоти барқ" пештар гуфта буданд, беш аз 1 миллиард сомонӣ, қарзе мебошад, ки солҳои гузашта ҷамъ шудааст. Мустақилона тасдиқ кардани ин ҳарфҳо феълан мушкил аст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди интиқод аз нодуруст қарздор кардани аҳолӣ аз барқ нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд чӣ мешавад?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр ҳамчунин аз он интиқод кард, ки беш аз 100 ҳазор муштариёни барқ давоми 34 сол барқро истифода бурда, аммо ба қайд гирифта нашудаанд ва пули барқро намесупориданд.

Ин суханони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки дар моҳҳои ахир мардуми минтақаҳои кишвар ба таври маҳдуд барқ дарёфт мекунанд.

Ҳафтаҳои охир сокинони зиёде дар Душанбе аз мушкили бебарқӣ ва ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити шадид шикоят доранд. Дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз ҳамагӣ 1-3 соат барқ мегиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG