Пайвандҳои дастрасӣ

Дарсҳои радиоӣ. Абдураҳмон Обид ба зидди қарори Толибон баромад. ВИДЕО


Ду донишманди шинохтаи исломӣ дар Афғонистон қарори Толибонро дар бораи манъи таҳсили духтарон сахт танқид карда, аз онҳо хостанд, ки дари мактабҳоро ба рӯйи онҳо бикушоянд.

Яке аз донишмандон Абдураҳмон Обид гуфт, бояд ба духтарон иҷоза бидиҳанд, ки дар синфҳои ҷудогона дар донишгоҳу мактабҳо дарс бихонанд.

Абдураҳмон Обид гуфтааст, духтари ӯ ҳам аз ҳаққи таҳсил маҳрум аст ва вақте аз ӯ пурсида, ки чаро ислом ба духтарон ҳаққи таҳсил намедиҳад, шармсору ҳиҷолатзада шуд.

Гуруҳи Толибон баъди расидан ба қудрат дар Афғонистон дар тақрибан ду сол пеш таҳсили духтаронро дар мактабу донишгоҳ маҳдуд ва кори занонро дар идораҳо манъ кард.

Ҳоло баъзе аз радиоҳо дар Афғонистон саъй доранд, то духтарони афғон дониш биёмӯзанду бесавод намонанд. Як гуруҳ аз духтарон дар шаҳри Фирӯзкуҳи вилояти Ғӯр тавассути радио таълим мегиранд.

Маҳноз ду сол боз аз ҳаққи рафтан ба мактаб маҳрум аст. Шогирди мактаби Султонризои Ғурӣ буд. Мегӯяд, омӯзиш аз роҳи дур ва аз радио самар медиҳад, аммо на ба андозаи дарс дар синфи мактаб.

Маҳноз гуфт: “Ду сол мешавад, ки дарвозаҳои мактаб ба рӯи мо баста аст. Мо бисёр хуш ҳастем, ки аз тариқи радио ба дарсҳои мактаб гӯш медиҳем. Мо мехоҳем, ки имсол дарҳои мактабро ба рӯи мо боз кунанд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Афғонистон духтарон ба воситаи радио дарс мехонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Студияи Радиои Сарҳад дар вилояти Ғӯр ҳафтае се барномаи яксоата аз дарсҳои адабиёт, риёзӣ ва дигар илмҳои иҷтимоиро барои донишомӯзон нашр мекунад ва як барнома барои равондармонӣ.

Саидмаъруф Саид, мудири масъули Радиои Сарҳад, мегӯяд, “то замоне ки духтарони донишомӯз ва донишҷӯ битавонанд, ба макотибу донишгоҳҳо бираванд ва таҳсилоти худро идома бидиҳанд, мо барномаҳои омӯзиширо аз тариқи радио идома медиҳем. Духтарони донишомӯз метавонанд, дар хонаҳояшон родиоро бишнаванд ва аз барномаҳои мо дарс биёмӯзанд ва баҳра баранд."

Дарсҳои радиоӣ бахусус барои духтарон аст, ки Толибон таҳсили онҳо дар мактабро манъ кардаанд.

Масъулони Толибон дар вилояти Ғӯр аз кори Радиои Сарҳад истиқбол мекунанд. Ҳарчанд ҳукумати худи онҳо монеи таҳсилу кори занон дар Афғонистон шудааст.

Абдуллои Заим, раиси Идораи фарҳанг ва иттилооти вилояти Ғӯр, гуфт, “иқдоми неке карданд. Мо дар ҳар ростое, ки онҳо зарурат дошта бошанд, ҳамкорӣ мекунем ва аз ин иқдоми онҳо ризоият ҳам дорем. Ва ин барои тамоми мардуми вилояти Ғӯр муфид ҳам ҳаст."

Бо идомаи ин мамнуиятҳои Толибон, шуморе аз расонаҳо, аз ҷумла бахши дарии Радиои Озодӣ барномаҳои омӯзишро барои духтарони болотар аз синфи 6 оғоз кардаанд. Дарсҳое, ки духтарон муштоқанд дар мактаб бихонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG