Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи духтарони футболбози 4 кишвар дар Душанбе мегузарад


Аз 4-ум то 8-уми март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола баргузор мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.

Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз ба даст меорад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Барои духтарони футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки аз 9-ум то 17-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Қаҳрамонии CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола:

Иштироккунандагон:

Тоҷикистон

Эрон

Узбекистон

Қирғизистон

Даври якум

4-уми март (сешанбе)

12:00 – Эрон - Узбекистон

15:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври дуюм

6-уми март (панҷшанбе)

12:00 – Қирғизистон - Эрон

15:00 – Узбекистон - Тоҷикистон

Даври сеюм

8-уми март (шанбе)

12:00 – Узбекистон - Қирғизистон

15:00 –- Тоҷикистон - Эрон

XS
SM
MD
LG