Муҳаммад Шарифуллоҳ, маъруф бо лақаби Ҷаъфар, як шаҳрванди Афғонистон буда, ӯро президенти ИМА Доналд Трамп ахиран “террористи калоне” номид, ки рӯзи 5 март аз Покистон ба ИМА истирдод ва дар мурофиаи додгоҳие дар Вирҷинияи Амрико ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Вазорати адлияи ИМА дар иттилоияи матбуотии муфассале, ки рӯзи чоршанбе нашр кард, гуфт, Муҳаммад Шарифуллоҳ як узви собиқадори Шохаи Хуросони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аст ва дар баёнияҳои аввалияаш эътироф кардааст, ки барои ташкили чанд ҳамла алайҳи сарбозони эътилофи нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон иштирок кардааст.
Аз ҷумла, Шарифуллоҳ ба ҳамлагари маргталабе барои ташкили шароити ҳамла алайҳи низомиёни амрикоӣ дар авҷи хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Кобул кӯмак кардааст. Ин ҳамла 26 августи соли 2021 дар фурудгоҳи Ҳомид Карзайи шаҳри Кобул рух дод ва дар натиҷа 13 сарбози амрикоӣ ва 170 шаҳрванди Афғонистон кушта шуд. Муфаттишоти амрикоӣ мегӯянд, Шарифуллоҳ инчунин дар ташкили ҳамлаи маргталаби дигаре ба сафорати Канада дар Кобул 20 июни соли 2016 ёрӣ додааст.
Дар он ҳодиса 14 муҳофизи сафорат кушта шуданд. Он замони Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта буд, ки 14 муҳофизи кушташудаи сафорат шаҳрвандони Непал буданд ва ҳамлаи маргталабонаро “як ситезаҷӯи “Толибон” анҷом дод. Сухангӯи ҷунбиши «Толибон» Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳам он рӯз тасдиқ кард, ки ҳамларо узви ин гурӯҳ анҷом додааст. Ӯ дар Твиттер навишта буд, ки ҳадафи ҳамлаи маргталаб «ишғолгарони хориҷӣ» буданд.
“Дарси” ҳамла ба “Крокус”
Муҳаммад Шарифуллоҳ, ки ба навиштаи вазорати адлияи ИМА гуфтааст, бидуни ҳузури вакили дифоъ баёнот медиҳад, ба кормандони Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) инчунин иқрор шудааст, ки аз номи Шохаи Хуросони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ҳадди аққал чор ҳамлагари толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав “дастури шеваи истифодаи автомати “Калашников” ва дигар намудаи аслиҳаро омӯзиш додааст”. “Шарифулло инчунин эътироф кардааст, ки аз миёни чор гумонбар дар содир кардани ҳамла ду нафарашонро шинохтааст, чун ба онҳо омӯзиш додааст”, навишта шудааст дар изҳороти вазорати адлияи ИМА.
Маълум нест сухан дар бораи кадом гумонбарон меравад ва чунин тамрину омӯзиш кай ва дар чӣ шароит фароҳам шудааст. Вале бино ба иттиҳоми мақомоти тафтишотии Русия, ки бо гумони ташкил ва содир кардани ҳамла ба “Крокус” беш аз 20 нафар, асосан тоҷикистониҳоро боздошт кардаанд, ҳамлагарон узви Шохаи Хуросони гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд.
Парвандаи ҳамла ба “Крокус”, ки 22 марти соли 2024 руй дод ва боиси кушта шудани 140 ва ҷароҳати садҳо нафар гардидааст, мӯҳри махфӣ дорад ва мақомот аз додани ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд. Мурофиаи гумонбарон ҳанӯз шурӯъ нашудааст.
Памела Бондӣ, додситони кулли ИМА гуфт, “Таҳти раёсати қавии президент Трамп дар саҳнаи ҷаҳонӣ, Вазорати адлияи Амрико намегузорад, ки террористони мисли Муҳаммад Шарифулоҳ паноҳгоҳи амн ё шонси дуюме дошта бошанд”. Кеш Пател, раҳбари FBI гуфт, “Бюрои федеролии тафтишот ҳеҷ гоҳ қаҳрамонҳои Амрикоро фаромӯш намекунад ва мо таъқиби онҳоеро, ки ҷанговарони моро бераҳмона куштаанд, идома дода ба ҷавобгарӣ мекашем”.
Доналд Трамп дар суханронии рӯзи сешанбеаш аз мақомоти Покистон ташаккур кард, ки барои истирдоди Шарифуллоҳ ба ИМА мусоидат карда инро тантанаи “адолати амрикоӣ” номид.
Гуфтугӯ