Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатиб барои надонистани "Суруди миллӣ" аз мақом барканор шуд


Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон як имомхатиби масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Панҷакентро барои надонистани "Суруди миллӣ" аз кор барканор кард.

Нақибхон Қориев, сокини 27-солаи ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, ки масъулияти имомхатибии масҷиди ҷомеъ дар ин ҷамоатро бар дӯш дошт, моҳи майи имсол дар аттестатсияи Кумитаи дин дар Душанбе ширкат кард.

Ӯ рӯзи 27-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барояш хабар доданд, ки бинобар надонистани "Суруди миллӣ" ҳаққи имомхатибӣ надорад ва ба ҷояш нафари дигарро имомхатиб таъин карданд.

Донистани "Суруди миллӣ" шарти аввал

Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон мегӯяд, донистани "Суруди миллӣ", "Муқаддасоти миллӣ" ва рукнҳои намоз аз пурсишҳоест, ки ҳамасола имомхатибон мавриди суолу ҷавоб қарор мегиранд.

Имомхатибон аз ҷониби давлат таъин мешаванд ва наздики 1000 сомонӣ, муодили сад доллари амрикоӣ маош мегиранд. Аз ин рӯ, мисли дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои онҳо донистани "Суруди миллӣ" ҳатмӣ ҳаст.

Нақибхон Қориев, имомхатиби ҳамакнун собиқи масҷиди ба номи "Қаландар"-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, "Суруди миллӣ"-ро медонад, аз ин рӯ, барканориаш ноодилона аст. Ӯ гуфт, эътироф мекунад, ки дар санҷиши шаҳри Душанбе аз саросемагӣ ояти нозилшуда дар бораи ҳаҷро пурра надонист, вале "Суруди миллӣ"-ро аз ёд медонад ва "Муқаддасоти миллӣ", ки иборат аз парчаму нишони давлатӣ ҳаст, номбар кард.

Нақибхон Қориев барои исбот бахше аз "Суруди миллӣ"-ро низ хонд. Нақибхон Қориев хатмкунандаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон аст, аз ин рӯ, мегӯяд, ба ҷояш нафареро гузоштанд, ки диплом надорад.

Ӯ гуфт, "пурсиши аввал аз "Суруди миллӣ" буд. Ҳама имомхатибонро пурсиданд. Саволе, ки надонистам, ин буд, ки кадом оят дар бораи Ҳаҷ нозил шудааст. Ҷавоби пурра надодам. Дигар ҳама саволҳоро ҷавоб додам. Дидаву дониста, маро, ки дипломи махсус дорам, аз кор барканор карданд. Ҳоло дар ҷойи ман нафареро гузоштанд, ки диплом надорад."

Масҷиде, ки Нақибхон дар он имоматӣ мекард, дар намозҳои ҷумъа то ду ҳазор нафар намоз мегузорад ва яке аз масҷидҳои калонтарини шаҳри Панҷакент аст.

"На танҳо "Суруди миллӣ", рукнҳои намозро низ надонист"

Дар бахши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакент барканории Нақибхон Қориевро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ӯ на танҳо "Суруди миллӣ", балки рукнҳои намозро низ бехато гуфта натавонист.

Саидҷон Шодиев, мудири Бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакент рӯзи 27-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар санҷишҳои аввал "Суруди миллӣ", “Муқаддасоти миллӣ” пурсида мешавад ва баъдан, аҳкоми динӣ. Аммо ба гуфтаи ӯ, Нақибхон на танҳо "Суруди миллӣ"-ро бехато гуфта натавонист, балки дар хондани чанд оят низ иштибоҳ кард.

"Якум, гимну муқаддасоти миллӣ пурсида мешавад. Ӯ хизматчии давлатӣ ҳисоб мешавад ва бояд инҳоро донад. Аз тарафи давлат маош мегирад. Моҳи апрел аз санҷиш дар Панҷакент нагузашт. Як моҳ мӯҳлат додем. Дар Душанбе ҳам ғалтид. Боз ду се моҳ мӯҳлат додем, кор кард. Боз такроран овардем, боз ғалтид. Шикоят кард, комиссия ташкил кардем. Боз суолҳои оддитарин додем, натавонист. Ҳанӯз ҷояш расман одам таъин нашудааст. Як нафар иҷрокунанда ҳаст",-гуфт Шодиев.

Ин масъули Бахши дини шаҳри Панҷакент гуфт, ҳанӯз Нақибхон фурсат дорад, ки дар санҷиш иштирок кунад. Ҳоло дар мақоми ӯ нафаре танҳо иҷрокунанда аст. Дар сурати посух ба суолҳо, имкони дубора таъин шудан ба мақоми имомхатибиро дорад.

Олиҳахон Қориева, хоҳари Нақибхон мегӯяд, дар ҳаққи бародараш ноадолатӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми ҳарфҳое, ки дар бораи бародараш мақомоти Панҷакент мегӯянд, асос надорад.

“Вақте ин корҳо ба анҷом расид, бародарамро Шодиев ҳамроҳ бо Ғаффоров ном корманди Бахши дин барои санҷиш даъват карда, ба ӯ чанд суол медиҳанд. Барои қади паст доштан ӯро таҳқир карда, маҷбур мекунанд, ки аризаи аз кор рафтанашро нависад. Ҳатто худаш аризаро дикта мекунад. Барои обрӯи бародарам ва падарамро резонидан ба ҳама ҷо шикоят хоҳам кард”. Олиҳахон Қориева мегӯяд, бародараш ҷавони ояндадор аст ва бояд бар асоси гуфтаҳои президент, ки ҳамеша аз ҷавонон пуштибонӣ мекунад, дастгирӣ меёфт. Ба гуфтаи ӯ, дар Панҷакент, баръакс як имомхатиби ҷавонро кушиш карданд, беобрӯ кунанд.

Санҷиши имомхатибон дар Тоҷикистон

Санҷиши имом-хатибон бар асоси моддаи 11-Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ сурат мегирад, ки дар он зикр шудааст, ки "имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд."

Санҷишу имтиҳони донишу малакаи имомхатибон, ё "мувофиқакунонӣ", аз талаботи қонунест, ки аз соли 2009 дар Тоҷикистон амал мекунад.

Имомхатибон аз ҷониби давлат таъин мешаванд ва наздики 1000 сомонӣ, муодили сад доллари амрикоӣ маош мегиранд. Аз ин рӯ, мисли дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои онҳо донистани "Суруди миллӣ" ҳатмӣ ҳаст.

Дар Тоҷикистон наздики чор ҳазор имом ва имомхатиб фаъолият мекунад, ки ҳамасола аз санҷиши вижа мегузаранд.

XS
SM
MD
LG