Дилдор Хон тамоми умрашро дар Покистон гузарондааст. Мақомоти ин кишвар чанде пеш ӯро ба “хона”, ба Афғонистон, фиристоданд. Дар ҳафтаҳои охир ба монанди Дилдор Хон 100 ҳазор паноҳҷӯйи афғон аз Покистон берун карда шуданд.
"Панҷ фарзанд, ду духтар ва се писари аз 2 то 13-сола дорам. Онҳо ба мактаб мерафтанд,” -- гуфт Дилдор Хон дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ. Ин дар ҳолест, ки намояндагони "Толибон" баробари расидан ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 таҳсилро барои духтарон манъ карданд.
“Ин сахт аст, бисёр мушкил аст. Гирифтани омӯзиш барои духтаронам хеле муҳим аст,” – афзуд Дилдор Хон.
Ҳукумати Покистон дар моҳи март аз тасмими ихроҷи дастҷамъонаи паноҳҷӯёни афғон хабар дод. Онҳоро ба қочоқи маводи мухаддир ва терроризм айбдор карданд. Муҳоҷирони дигари рондашуда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ин вазъ ба ояндаи кӯдаконашон бетаъсир нахоҳад монд.
Хон Замон, ки бо фарзандонаш иҷборӣ аз Пешовар ба Кобул ронда шуд, гуфт: “Фарзандони мо аз он нороҳатанд, ки ба мактаб рафта наметавонанд.”
Ба иттилои созмони Save the Children ё Наҷоти кӯдакон фақат дар тайи ду ҳафтаи аввали моҳи апрел тақрибан 50 ҳазор ноболиғ аз Покистон ронда шудаанд. Аршад Малик, мудири созмони хайрия гуфт, “аксари ин кӯдакон дар Покистон таваллуд шудаанд ва Афғонистон кишваре нест, ки онро ватани худ бидонанд.”
Камбуди ҷойи кор дар Афғонистон
Дар гузорише, ки рӯзи 18-уми апрел нашр шуд, ин созмон гуфтааст, аксар хонаводаҳои рондашуда ба мушкили норасоии хӯрок ва ҷойи зисту ҷойи кор дучор шудаанд.
Дилдор Хон дар Покистон бо таксиронӣ рӯзгорашоро пеш мебурд. Ҳоло бекор аст. Ӯ ҳамроҳи хонавода дар минтақаи кӯҳистони Нангарҳор дар як ҳуҷра дар манзили бародараш зиндагӣ дорад.
“Ҷой нест, мо чунин зиндагӣ дорем. Кор нест,” – гуфт Хон. Ин оиларо 20-уми апрел аз Покистон берун карданд. Дар марз ба онҳо аз Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) 140 доллар доданд, аммо ба гуфтаи Хон, ҳоло ин маблағ ба охир расидааст.
Молу ашёи онҳо дар назди хонаи бародараш, зери офтобу борон гузошта шудааст. “Мо мехоҳем, ки касе бароямон кор диҳад, то тавонем зиндагиро пеш барем,” -- афзуд вай.
Имрон, сокини Нангарҳор, ки шаш фарзанд дорад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ронда шудан аз Покистон зиндагии оилаи ӯро ҳам ба ҳам зад. “Мо дар онҷо кор мекардем, зиндагӣ хуб буд. Фарзандон ба мактаб мерафтанд,” – гуфт вай ва афзуд: “Вале вақте ба ин ҷо омадем, бекор мондем. Хароҷотамонро рӯйпӯш карда наметавонем, моро зиндагии сахте дар пеш аст.”
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират рӯзи 28-уми апрел дар изҳороте гуфт, “барои расондани ёрии изтирорӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад.” Вале илова кардааст, ки “талабот босуръат меафзояд ва ба захира ё манбаъҳои бештар ниёз аст.”
Муҳоҷирони ихроҷшуда маъмулан ба воситаи гузаргоҳи Торхам берун карда мешаванд. Дар ин гузаргоҳи сарҳадӣ қатори дарози мошинҳои боркаш ба вуҷуд омада буд, ки ба самти шимолу ғарб дар шоҳроҳи Ҷалолобод ҳаракат мекарданд.
“Дар Афғонистон мо ҷойи зист надорем,” – гуфт ронандаи мошини борбар Аҳмад Набӣ ба Радиои Озодӣ ва афзуд, “намедонам бо ин вазъ ба ман чӣ ҳолате пеш хоҳад омад. Дигар намедонам.”
Ҳукумати Покистон вобаста ба мақоми паноҳҷӯён ба онҳо барои берун шудан аз кишвар фурсат додааст. Бино ба арзёбиҳо, беш аз 800 ҳазор афғонистонӣ баъд аз фирор аз ҳукумати "Толибон" дар соли 2021 дар Покистон бе санад зиндагӣ мекарданд. Вале 1,4 миллион нафари дигар даҳсолаҳо боз бо ҳуҷҷати Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳҷӯён дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд.
Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2023 низ 800 ҳазор афғонистонӣ иҷборан аз Покистон ба ватани худ баргардонида шуданд.
Ҳукумати "Толибон" аз ихроҷи муҳоҷирони афғон шикоят карда, эълон намуд, ки барои ҷой кардани рондашудаҳо макони махсусеро омода доранд. Радиои Озодӣ аз замони бозгашти "Толибон" имкони фаъолияти озод дар Афғонистонро надорад.