Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ситоди муштарак барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов


Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳқиқи шароити нопадид шудани полковники Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ситоди махсус таъсис дода шуд.

Барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ситоди махсус таъсис ёфт.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода хабар дод. Вай гуфт, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27-уми май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.

Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки субҳи 28-уми май афсарон ва сарбозони Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар садади пахши як изҳоротанд, ки дар он рафтори фармондеҳи собиқи ин ниҳод, полковник ё сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар паёме худро шарики гурӯҳи “Давлати исломӣ” номидааст, маҳкум карда мешавад.

Яке аз афсарон рӯзи 28 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва ҳамхидматонаш баъд аз дидани навори видеоии Гулмурод Ҳалимов ба хулосае омаданд, ки рафтори Ҳалимов “хиёнат ба дину миллат ва ватан аст.” Ӯ гуфт, “аз сӯҳбати Ҳалимов дида мешавад, ки ӯ мағзшӯӣ ва бо маблағ худро ба ДОИШ фурӯхтааст.”

Ба гуфтаи ин узви Дастаи таъиноти махсуси назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳамкорони пешини полковник Ҳалимов ба зудӣ дар бораи мавзеъгирии худ як изҳорот ба нашр хоҳанд расонд.

“Ҳамаи суханҳоямро, ман гуфтам, ки дар изҳорот нависанд. Лекин ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ ҳамчун низомӣ хуб медонист, ки дар пушти гурӯҳи Давлати исломӣ кӣ истодааст. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз рӯи эътиқод ба ин ҷо нарафтааст ва шояд пушти рафтани ӯ гапи дигар ҷой дошта бошад,” -- гуфт ин ҳамкори Ҳалимов. ​

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

​Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23-юми апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ба "Давлати исломӣ" пайвастааст ва бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.

Дар ин наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст.

Сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон дар ин навор ибтидо корномаи худро ҳикоят мекунад ва аз ҷаласаҳо бо ҳузури вазири умури дохилии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби ба "Давлати исломӣ" пайвастанаш шудаанд. Вай дар ин навор бо сарбанди сиёҳ ва силоҳи снайперии латтапеч зоҳир мешавад ва мегӯяд, сар аз соли 2001 намоз мехонд ва таърихи Тоҷикистону таърихи исломро медонист ва огоҳона ба "Давлати исломӣ" пайвастааст. Бахши асосии сӯҳбатҳои Ҳалимов ба забони русӣ садо дода, танҳо дар охир вай чанд ҷумла ба тоҷикӣ баён медорад ва мегӯяд, дар ислом миллат вуҷуд надорад. Дар як пайт аз навор дар паси сӯҳбатҳои Ҳалимов садои азон ба гӯш мерасад ва пушти сарии ӯ танаи нахле ба чашм мерасад.

Гулмурод Ҳалимов дар навор
Гулмурод Ҳалимов дар навор

Ин навор, ки бо ишораи "Фурот" ва сифати баланд таҳия гаштааст, рӯзи 27-уми май, дар ҳоле нашр мешавад, ки масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон мегуфтанд, қазияи нопадид шудани фармондеҳои ОМОН-и ҷумҳуриро пажӯҳиш мекунанд, вале дар бораи он ҳоло чизе гуфта наметавонанд. Дар зимн, пас аз чанд соати нашраш навори мазкур аз шабакаи YouTube пок карда шуд.

Хешовандони полковник низ мегуфтанд, бовар надоранд, ки Гулмурод ба Сурия рафта бошад.Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нопадид шудани ӯро тасдиқ кард ва гуфт, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале афзуд, вай нақшаҳои зиёд дошт ва ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад. Вай ҳамчунин мегуфт, боре ҳам нашунидааст, ки Гулмурод аз "Давлати исломӣ" ситоиш карда бошад.

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Қаблан хабар дода мешуд, ки Ҳалимов ҳамроҳ бо худ 10 нафари дигарро низ ба Сурия бурдааст. Вале ягон ниҳоди расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Навори видеоии Ҳалимов, ки замон ва макони сабти он маълум нест, ба суолҳое, ки тӯли як моҳи охир баъд аз бенишон шудани ӯ дар зеҳни ҷомеа мечархиданд, посух надод. Муҳимтарини онҳо ин буд, ки чӣ гуна як афсари баландрутбаи нерӯҳои махсус, ки се дафъа дар Иёлоти Муттаҳида омӯзиш дида, аз чандин санҷишҳои ҳукуматӣ гузаштааст ва барои хидматҳояш подошу ҷоизаҳо ҳам доштааст, ҳамаи инро ба осонӣ бо "Давлати исломӣ" иваз кард.

Дар ҳамин ҳол Назир Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов рӯзи 28 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди дидани ин навор то ҳанӯз ба “ҷиҳодӣ” шудани бародараш шубҳа дорад.

Ӯ мегӯяд, агар он суханҳои бародараш дар навор аз сидқ гуфта шуда бошад, “чаро қабл аз сафараш наздиконашро ташвиқи рафтан накард?”

Акси Гулмурод Ҳалимов пеш аз бенишон шуданаш.
Акси Гулмурод Ҳалимов пеш аз бенишон шуданаш.

Бародари Ҳалимов мегӯяд, чеҳраву суханронӣ дар навори нашршуда ба бародараш шабоҳат дорад, аммо “риши ӯ хеле шубҳабарангез аст, зеро рӯи ҳеҷ гоҳ чунин риш намебаровард.” Аммо акси пешинаи Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ӯ ба баланд кардани чунин риш имкон дошт.

Дар ҳоле, ки дар ин навор Гулмурод Ҳалимов аз сафарҳояш ба Амрико ва Русия қисса карда, бо нафрат ёд мекунад, бародараш мегӯяд, ёд дорад, ки пас аз бозгашт аз сафараш ӯ Амрикоро хеле васф карда буд.

“Русия солҳои 2003 ё 2004 рафта буд. Чун мо Русияро дида будем, аз Русия чизе намегуфт, аммо вақте аз Амрико баргашт, ин кишварро хеле таъриф карда буд. Гуфта буд, ки кору зиндагиашон хеле зӯр аст.” -- гуфт Назир Ҳалимов.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Вай дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.

XS
SM
MD
LG