Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аз саратон даргузашт.” Маросими видоъ ва дафни Гули Зард дар Душанбе


Гули Зард дар 62-солагӣ даргузашт
Гули Зард дар 62-солагӣ даргузашт

Маросими видоъ ва дафни Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 10-уми декабр бо ҳузури даҳҳо рӯзноманигор ва фарҳангиён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар маросим ҳайатҳои расмӣ ширкат надоштанд.

"Хеле дард кашид, ранҷ кашид"

Ба гуфтаи наздиконаш, ин нависандаи тоҷик аз бемории саратон даргузашт. Аз ин гирифторӣ ҳамагӣ як моҳ пеш огаҳ шудаанд, замоне ки ӯ барои дармони бемории қандаш ба пизишк муроҷиат кард.

Ҳамтоён ва ҳамкасбони Гули Зард аз ӯ ба унвони "рӯзноманигори сахтнавис" ва "нависандаи ошкоргӯй" ном бурданд, ки ҳатто дар мавриди мавзуъҳои барои ҷомеаи мо табу низ бепарда менавишт. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо гуфт, Гули Зард дар куҷое, ки набуд ва кор накард, ҳамеша як инсони фарқкунанда буд.

Ӯ афзуд: "Гули Зардро аз замоне мешиносам, ки дар Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. Мансабдорони имрӯз ё онҳоеро, ки дар Дастгоҳ кор мекунанд, муқоиса кунем, фарқ аз замин то осмонро мебинем. Чӣ қадар як одами самимӣ буд, одаме, ки ҳеч гуна тафриқагузорӣ надошт."

Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, ки бо Гули Зард дар як мактаб хонда ва кор кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди хеле зани мубориз будан, баъзе аз ҳодисаҳо ба зиндагии ӯ бетаъсир намонд.

"Гули Зард шояд дар миёни ҷомеа, бахусус ба нухбагон қаме маъқул набуд, чун гапи дилашро мегуфт, ҳақиқатро мегуфт, бепарда мегуфт. Исботи беқадрияш аз Иттифоқи нависандагон ҳуҷҷаташро гирифтан буд. Хеле дард кашид, хеле ранҷ кашид," --илова кард ӯ.

"Ҳарфҳои ногуфтаи ҷомеаро мегуфт"

Баъзе аз фарҳангиён ҷасорати ӯро ситоиш карданд, ки дар китобҳои "Дард", "Бодоми шириндона", "Ашки аҷал", "Хазонрези орзуҳо", "Худойдод", "Ҳамели андешаҳо", "Табассуми иқбол", "Ишқи духтари пистафурӯш" ва чанде дигар ба мавзуъҳои ҳассос ва ғайримаъмулӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон пардохтааст.

"Яке аз онҳое буд, ки бепарда менавишт ва ҳарфҳои ногуфтаи ҷомеаро мегуфт. Мавзуъҳое, ки агар Симину Фурӯғ бо назм навишта бошанд, баъзе хусусиятҳои шарқиёнаи дунёӣ ва ҳаёти паси пардаро Гули Зард бо наср ифода кардааст”, -- мегӯяд рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд.

Бархе дигар ҳамчунин ба ҷанбаи инсонии Гули Зард ишорат карданд, ки ёриву мададашро дареғ намедошт ва дар ин роҳ талошҳои зиёд мекард. Овозхон Ҷаъфари Ҷалол мегӯяд, агар Гули Зард намебуд, шояд таронаи “Савганди ватандорӣ” ношинохта мемонд.

“Дар як ҷашнвораи расмии наврӯзӣ ҳамин кас сабаб шуданд, ки мо баромад кунем. Моро дар онҷо хат зада буданд. Дар вопасин лаҳзаҳо ин кас ба ҳукумат занг заданд ва мо дар чорабинӣ ширкат намудем ва ин сабти тилоӣ ҳанӯз ҳам ҳаст”, -- ба ёд овард овозхон.

Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки дар 62-солагӣ даргузашт, хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Чанд соле дар мактабҳои Вахшу Фархор омӯзгорӣ карда, сипас дар солҳои 90-ум ба Душанбе омад ва корманди бахши фарҳанги Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Баъдан дар чанде аз нашрияҳо кор карда, умдатан мақолаҳои таҳқиқӣ менавишт. Китобҳои зиёди шеъру тарона ва қиссаҳо низ дорад, ки умдатан ба рӯзгори занон бахшида шудаанд. Баҳори имсол сафаре ба Амрико дошт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Фавти ногаҳонии Гули Зард, адиби тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG