Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархбол, садбарг... Маъракаи серхарҷи ҷияни президент баҳс барангехт


Маъракаи серхарҷи ҷияни президент баҳс барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Рафтори як хешованди президенти Қирғизистон баҳс барангехт ва сабаби маъзаратхоҳии ӯ шуд.

Лаззат Нурхоҷаева, ҷияни Содир Ҷабборов (Жапаров) ва зебосанами собиқи Қирғизистон, маросими пешниҳоди издивоҷашро бошукӯҳ таҷлил кард. Ошиқон бо чархбол ба болои кӯҳ баромаданд.

Лаҳзаҳоро аз ин маросим худи Нурхоҷаева дар саҳифааш дар Инстаграм гузошт. Дар он дида мешавад, ки чӣ гуна чархболи ҳомили ҷияни раисҷумҳури Қирғизистон ва домодшавандаи ӯ дар як майдони омода ва ороишёфта поин меояд.

Ин ҷуфтро наворбардорон бо дастгоҳу дронҳо интизор буданд. Дар пасманзари ғуруби офтоб домодшаванда ба арӯс пешниҳоди издивоҷ дод ва баъди ин оташбозӣ сурат гирифт.

Як гулдастаи бузурги садбарг низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Рӯзи дуюм аст, ки корбарон талош доранд ҳисоб кунанд, хешованди нави раиси ҷумҳури Қирғизистон барои ин гулдаста чӣ қадар пул сарф кардааст.

Аммо аз ин бештар таваҷҷӯҳи қирғизистониҳоро истифода аз чархболи Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар ин маросим ҷалб намуд. Президенти Қирғизистон ба ин баҳсҳо вокуниш карда, барои рафтори наздиконаш маъзарат хост ва таъкид намуд, ки чархболро расман ҳар шаҳрванд ба иҷора гирифта метавонад.

Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт: “Пайвандони раҳбари кишвар бояд барои дигарон намуна бошанд. Пайваста такрор мекунам, ки ба исрофкории нодаркор хотима диҳем. Домод дар ин бора бояд фикр мекард, то худаш зери маломат намонад ва ҳам президенро зери зарба нагузорад. Ин корро аз рӯи ҷавонияш кардааст. Онҳо ҳамдигарро дӯст медоранд. Агар хостгорӣ хоксорона ҳам мешуд, арӯсшаванда пешниҳодашро мепазируфт.”

Лаззат Нурхоҷаева дар миёни наздикони Содир Ҷабборов (Жапаров) чеҳраест, ки номаш пайваста дар расонаҳо бозтоб меёбад. Ӯ пас аз дувуним моҳи ба қудрат расидани амакаш дар ин кишвар барандаи озмуни “Зебосанами Қирғизистон - 2020” шуда, шӯҳрати густурда пайдо намуд.

XS
SM
MD
LG