Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабгирии наздикони президентро дар Қазоқистон манъ мекунанд?


Темиртай Избастин, сафири Қазоқистон
Темиртай Избастин, сафири Қазоқистон

Темиртай Избастин, хеши президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, эҳтимол баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар, ки фаъолияти наздикони раисҷумҳурро дар мансабҳои сиёсӣ манъ мекунад, аз мақоми сафирӣ дар Булғористон барканор карда шавад.

"Дар лоиҳаи Конститутсияи нави Қазоқистон омадааст, ки хешони наздики президент ҳаққи фаъолият дар мансабҳои сиёсиро надоранд. Рӯйхати мансабҳо хеле дароз аст. Кормандони дипломатӣ ва ниҳодҳои муайян низ ба он шомил мешаванд," -- изҳор дошт вазири адлияи Қазоқистон Канат Мусин 18-уми апрел дар як нишасти хабарӣ.

Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё хеши Қосимҷомарт Тоқаев низ аз мақоми сафирии Қазоқистон дар Булғористон барканор хоҳад шуд, изҳор дошт, "ҳар вақте чунин қонун қабул шавад, вай ин мақомро месупорад. Зеро аз рӯи қонун ҳаққи фаъолият дар он вазифаро надорад".

Бино ба иттилои манобеи боз, Темиртай Избастин шавҳари хоҳари хурдии Қосимҷомарт Тоқаев - Карлига аст. Тоқаев ӯро моҳи ноябри соли 2019 сафири Қазоқистон дар Булғористон таъйин карда буд.

XS
SM
MD
LG