Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Металҳои гаронбаҳо - абзори стратегии Пекин дар набарди тиҷорӣ бо Амрико?


Номи онҳо талаффузи душворе доранд. Дар тавлидоти саноатии нав нақши муҳим иҷро мекунанд. Ва акнун дар маркази ҷанги тиҷоратии рӯ ба афзоиши Амрико ва Чин қарор гирифтаанд.

Таъмини ҷаҳонии металҳои қиматбаҳо, гурӯҳе иборат аз 17 элементи камёб, ки дар ҳама чиз, аз батареяҳои мошинҳои барқӣ гирифта то фановариҳои дифоии ҳассос истифода мешаванд, асосан таҳти назорати Чин аст. Пекин дар шароите, ки танишҳо бо Вашингтон рӯ ба афзоиш гузаштааст, акнун дар пайи истифода аз ин абзори стратегӣ аст.

Дар вокуниш ба таърифаҳое, ки аз сӯи Амрико ҷорӣ шуд, Чин фурӯши ҳафт метал ё минерали қиматбаҳоро ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд кард. Ин иқдом ҳарчанд мамнуияти пурра ба шумор намеравад, истеҳсолкунандаҳоро вазифадор мекунад, ки барои содироти ин металҳо иҷозатномаи давлатӣ дарёфт кунанд. Масъалае, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад боиси афзоиши қимат дар саноати дифоии Амрико шавад.

Сен МакФет (Sean McFate), устоди Донишгоҳи Сиракюз дар Ню-Йорк, мегӯяд, "ҳамон тавр, ки нафт барои қарни бистум муҳим буд, металҳои қиматбаҳо барои қарни бисту якум аҳамият дорад. Фанновариҳои сабз ҳамагӣ аз ин металҳо вобастаанд ва Чин захираҳои зиёди онҳоро дар ихтиёр дорад. Ин масъала як зарурати амниятӣ аст, ки фаротар аз бозори саҳомӣ аст".

Чин аз се ду ҳиссаи тавлиди ҷаҳонии металҳои қиматбаҳо ва беш аз 90 дарсади зарфияти фанноварии онро дар ихтиёр дорад. Ҳамчунин тақрибан ба таври комил бар фанноварии металҳои гаронбаҳои вазнин тасаллут дорад. Металҳое, ки барои сохти оҳанрабои қавӣ дар ҳавопаймоҳои ҷангӣ, киштиҳои ҷангӣ ва тонкҳо дар бахши дифоии Амрико ба кор бурда мешавад.

Ҳануз маълум нест, ки Чин дақиқан чӣ гуна ин маҳдудиятҳои навро иҷро хоҳад кард. Аммо гузориши Маркази таҳқиқоти стратегии байнулмилалӣ дар Вашингтон ҳушдор медиҳад, ки эҳтимол иҷрои ин сиёсатҳо бо таваққуфи содирот ҳамроҳ хоҳад буд ва мумкин аст боиси пеш омадани мушкил барои бархе ширкатҳои амрикоӣ, ба вижа дар арсаи амният, шавад.

Гузориши ин марказ аз 14-уми апрел мегӯяд, "силсилаи таъмини ин металҳо дар Амрико осебпазир аст. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ марҳилаи ҷудосозии металҳои қиматбаҳои вазнин дар Амрико анҷом намешавад".

ЧИН ЧӢ МАҲДУДИЯТҲО ҶОРӢ КАРДААСТ?

Маҳдудиятҳои нави содиротӣ ба ҳафт метали қиматбаҳои миёна ва вазнин татбиқ мешаванд -- samarium, gadolinium, terbium, dysprosium, lutetium, scandium, ва yttrium, ки ҳамагӣ нақши калидӣ дар бахши дифоӣ доранд. Барои намуна yttrium дар пӯшишҳои тобовар барои гармии зиёд дар мотори ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешавад, то аз об шудани онҳо дар вақти парвоз пешгирӣ кунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Пекин талош дорад аз ин вобастагии Амрико истифода кунад.

Агарчӣ Пентагон ва баъзе аз ширкатҳои амрикоӣ захираҳое дар ихтиёр доранд, ин захираҳо барои тоб овардан дар баробари мушкили дарозмуддат басанда нест. Илова бар маҳдудиятҳои содироти ин мавод, Чин ҳамчунин 16 ширкати амрикоиро (тақрибан ҳама фаъол дар бахши дифоӣ ва ҳаво-фазоӣ) дар феҳристи назорати содироти худ қарор додааст ва дастрасии онҳо ба гирифтани молҳои дуҷониба, аз ҷумла металҳои нодирро маҳдуд кардааст.

Димитар Гуеоргуйев (Dimitar Gueorguiev), устоди Донишгоҳи Сиракюз мегӯяд, ин иқдоми Чин беш аз он ки як таҳрими воқеӣ бошад, паёме аст барои нишон додани "тавоноии Чин дар назорати ҷараёни содирот, дар сурати боло рафтани танишҳо".

Бо ин ҳол, ҳамин зарфияти Чин барои сахттар кардани маҳдудиятҳо, ба танҳоӣ як абзори қавӣ аст. Илова бар коҳиши пешниҳод, нуфузи Чин дар бозор ба ин кишвар иҷозат медиҳад, нархҳоро низ назорат кунад. Яъне, ҳам метавонад барои баъзе аз муштариён хароҷотро боло бибарад ва ҳам аз тариқи поин нигаҳ доштани нархҳо, бозорҳои хориҷ аз назорати худро заиф созад.

Чунин чораҳо қаблан низ аз сӯи Чин ба кор бурда шуда буд. Дар соли 2023 Пекин содироти gallium ва germanium-ро, ки дар сохти радарҳо ва моҳвораҳо ба кор мераванд, маҳдуд кард ва дар моҳи декабри соли 2024 содироти онҳоро ба Амрико ба таври комил манъ сохт.

Аз он вақт нарх босуръат афзоиш ёфт ва бозори ҷаҳонӣ дучори мушкил шуд. Тибқи гузориши муассисаи Project Blue, арзиши gallium-и харидоршуда аз кишварҳои ғарбӣ аз ду то се баробар гаронтар аз намунаи чинӣ аст.

Маркази таҳқиқоти стратегии байнулмилалӣ дар Вашингтон ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки назорати содирот аз сӯи Чин таҳдиде мустақим барои омодагии низомии Амрико ба шумор меравад ва нигарониҳо дар бораи ақибмондагии ИМА дар ҳавзаи тавлидоти дифоиро афзоиш додааст.

Гузориши мазкур баён мекунад, ки "ҳатто пеш аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои охир, зерсохти саноати дифоии Амрико бо зарфияти маҳдуд рӯ ба рӯ буд ва тавони афзоиши тавлид барои посух ба ниёзҳои фанновариҳои дифоиро надошт".

Муаллифони гузориш ба маълумоте аз яке аз мақомҳои нерӯҳои ҳавоии Амрико дар соли 2022 ишора мекунанд, ки тибқи он Чин панҷ то шаш баробар тезтар аз Амрико дар ҳоли даст ёфтан ба сомонаҳо ва таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ аст.

Ин гузориш натиҷа мегирад, ки "мамнӯиятҳои бештар дар металҳои қиматбаҳо шикофи мавҷудро бештар хоҳад кард ва ба Чин иҷоза медиҳад, ки тавонмандиҳои низомии худро зудтар аз Амрико тақвият кунад."

АМРИКО ЧӢ ГУНА МЕТАВОНАД ПОСУХ ДИҲАД?

Коршиносон мегӯянд, Амрико барои муқобила бо фишори Чин бояд сиёсатҳое барои тақвияти истеҳсоли дохилӣ дар пеш гирад ва дар айни ҳол аз пайи манбаъҳои нави хориҷӣ шавад.

То даҳаи 1980, Амрико яке аз пешсафони истеҳсоли металҳои қиматбаҳо буд, аммо бо афзоиши хароҷот кони муҳими Mountain Pass дар аёлати Калифорния дар аввалҳои даҳаи 2000-ум аз кор монд.

Ин кон баъд аз он дубора боз шуд ва ҳукуматҳои гуногуни Амрико, аз ҷумла ҳукумати аввали Доналд Трамп сармояҳое барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои қиматбаҳо ҷудо карданд.

Бо ин ҳол, расидан ба сатҳи Чин дар ин замина хароҷоти зиёд талаб мекунад. Фаъолоне, ки дар ин бахш кор мекунанд, инчунин гуфтаанд, таърифаҳое, ки Трамп ҷорӣ кардааст, метавонад пайомадҳои ногувор дошта бошанд ва рушди сареи металҳои қиматбаҳоро душвортар созад.

Даниэл ОКоннор ( Daniel O'Connor), соҳибкори соҳа дар подкасте вобаста ба ин мавзуъ гуфт, "маводе монанди пӯлод ва алюмниюм, ки зери таърифаҳо қарор доранд, дар истихроҷ ва коркард аҳамияти ҳалкунанда доранд. Набояд бар чизҳое, ки барои сохти зерсохтҳоямон ниёз дорем, таърифаҳо ҷорӣ кунем".

Дар ин байн, Амрико дар ҳоли талош барои таъмини манбаъҳои хориҷӣ низ ҳаст. Ҳукумати Доналд Трамп барои дастрасии бештар ба металҳои қиматбаҳо ва дигар маводи маъдании муҳим дар ҳоли музокира бо Гринланд ва Украина аст. Ва гуфта мешавад, ки Вашингтон ва Киев ба созиш наздик шудаанд.

Вашингтон ҳамчунин аз роҳандозии маъдани нав дар Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ҳимоят карда, нахустин пойгоҳҳои калони коркарди металҳои қиматбаҳо берун аз Чинро дар Тексас (Техас) таъмини молӣ мекунад. Ҳарчанд пурра ба кор андохтани он солҳо вақт хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, Чин ҳамчунон аз абзори металҳои қиматбаҳо барои фишор бар Амрико истифода кунад, зеро танишҳо бо Вашингтон авҷ мегирад.

Нейл Шеринг (Neil Shearing), иқтисоддони муассисаи Capital Economics рӯзи 16 апрел навишт, "ин тактика ба бахше аз намунаи рафтори Пекин дар рӯёрӯӣ бо фишорҳои Вашинтон табдил шудааст".

Ӯ афзуд, "истифода аз назорат бар металҳои қиматбаҳо ба сурати як абзор, ва рақобати кишварҳо барои ёфтани манбаъҳои ҷойгузин, ба яке аз вижагиҳои аслии иқтисоди ҷаҳонии чандпора табдил хоҳад шуд".

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва АвруОсиёро бозтоб медиҳад. Вай пештар барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG