Александр Лукашенко, раҳбари Беларус гуфт, ки Николай Статкевичи 69-соларо, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни озодкунии маҳбусони сиёсӣ нахост кишварашро тарк кунад, мақомоти қудратӣ «бурдаанд». Лукашенко дар ин бора рӯзи 17 сентябр дар ҷараёни мулоқот бо тарафдорони ҳукумат изҳори назар кард. Лукашенко гуфт, қарори аз зиндон озод кардани Статкевичро бо сабаби бад будани вазъи саломатии ӯ қабул кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ин одам дар поёни умраш аст, базудӣ, худо накарда, дар зиндон мемурад. Ба ӯ ин корҳо чӣ даркор? Вай мехоҳад раҳбар бошад». Худи Лукашенко 71-сола аст.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Беларус бо гузашти як ҳафта аз ҳодисаи нопадидшавии ӯ дар марзи Беларусу Литва макони будубоши Статкевичро шарҳ намедоданд.
Лукашенко дар идома инчунин гуфт:
Статкевич «гӯё ба он ҷо, ба минтақаи ҳоил ворид шуда ба назди литвониҳо рафт. Бачаҳо пурсиданд: «Ту ба Беларус баргаштанӣ ҳастӣ, о туро ба зиндон…» (Статкевич гуфтааст): «Ба зиндон меравам». «Хеле хуб». Ӯро бурданд. Монда намераванд-ку. Ӯ ба ҳар ҳол одами худи мо аст. Яъне шаҳрванди мо. Ба Беларус бурданд. Чаро ӯро хафа кунанд? Агар ӯ хоҳад, ки пешвои оташ задани мошину хонаҳои милисаҳо бошад, бигузор дар он ҷо (дар зиндон) истад, - гуфт Лукашенко. – Каме мубориза бурд, бас аст, хуб, ин ҳам қиссаи дигар аст».
Николай Статкевич соли 2020 номзадии худро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намуд ва то ҳол маҳбуси маъруфтарини сиёсӣ дониста мешавад. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Беларус 52 зиндонии сиёсро аз маҳбас озод карданд ва дар миёни онҳо Статкевич ҳам буд. Шоҳидон гуфтанд, ки вақте маҳбусони сиёсиро савори автобус ба самти минтақаи ҳоил дар марз бо Литва интиқол медоданд, ӯ аз дохили автобус берун шуда фирор намуд.
Ба Беларус ӯро одамони ниқобпӯш бурданд. Аз он замон дар борааш ҳеҷ маълумоте дар даст набуд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки ӯро дар куҷо нигоҳ медоранд.
Нашрияи мустақили беларусии "Наша Нiва" бо такя ба як «манбаи боварбахш» гуфт, ки Статкевичро ба зиндони шаҳри Глубокое дар вилояти Витебск интиқол доданд. Ӯ дар ҳамин маҳбас мӯҳлати ҷазояшро сипарӣ мекард. Декабри соли 2021 ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд.
Ҳамсари Статкевич Марина Адамович дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ба зиндони Глубокое рафт, то дар бораи макони будубоши шавҳараш пурсад, вале ба ӯ тасдиқ накарданд, ки ҳамсараш дар ин муассиса қарор дорад. Ин зан гуфт, ки маъмурияти зиндон ба ӯ ваъда дод, ки ба дархосташ дар 15 рӯз ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад.