Ин яке аз садҳо ҳолатест, ки украиниҳои дорои хонаву замин дар Қрим маҷбур мешаванд ё ин ҳамаро бо пули ночиз фурӯшанд ва ё шаҳрвандии Русияро бигиранд, то моликияти худро ҳифз кунанд.
Светлана Колесниченко тасаввур намекард, ки рӯзи як нафари бегона ба хонаи ӯ даромада зиндагӣ мекунад. Рӯзе дар Киев аз як ҳамсояаш дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим нома гирифт.
Светлана Колесниченко мегӯяд, дар нома ҳамсояаш Володя навишт, ки хонаҳои онҳо «фурӯхта шудааст”. Маълум нест, чӣ гуна хонаи ӯ бар асоси кадом санад ва чӣ шарту шурут фурӯхта шудааст, вале дарк мекунад, ки дар муқобили чунин ғосибгарӣ коре карда наметавонад.
Колесниченко яке аз садҳо украиниест, ки хона ва заминаш дар Қрим аз тарафи Русия аз худ карда шуд. Ба иттилои ҳамсояаш, дар хонаи Светлана ҳоло як сарбоз бо оилааш зиндагӣ мекунад.
Оилаи Колесниченко калидҳояшонро дар хонаи ҳамсоя монда, тарки Қрим карда буданд.
Духтари ин хонавода Олена Колесниченко мегӯяд, “Дар биное, ки мо зиндагӣ мекардем, ин ҳафтум хонае будааст, ки азхуд карда мешавад. Зоҳиран ин як падидаи маъмулӣ шудааст”.
Созмонҳои ҳуқуқи башар аз афзоиши мавридҳои ғасби моликият хабар медиҳанд. Асосан украиниҳое ҳадаф қарор мегирифтаанд, ки зидди ишғоли Қрим аз тарафи Русия садо баланд карда буданд.
Никита Петроветс, як таҳлилгари созмони “Маркази минтақавии ҳуқуқи башар” мегӯяд, ҷониби Русия ба истилоҳ рӯйхати сиёҳе дорад, ки дар он афроди норозӣ бо ин кишвар ва сиёсатҳояшро дар Украина шомил кардааст. Ӯ гуфт:
“Онҳо як рӯйхат доранд, дар бораи шаҳрвандони кишварҳои ғайридӯст. Албатта, шаҳрвандони Украина ҳам дар он ҳастанд. Яъне агар шумо ба таҷовузи Русия муқобилият нишон медиҳед ваё ҳукумати шумо тарафдори ҷорӣ кардани таҳрим аст, пас шаҳрвандони шумо шаҳрванди кишварҳои ғайридӯст дониста мешаванд. Моликияти чунин афрод мусодира мешавад.”
Тибқи қонунҳои Русия ва бо қарори додгоҳе украиниҳои Қрим дигар молики хонаҳои худ нестанд. Хонаҳои онҳо дар музояда фурӯхта мешаванд.
Юлия Стежко мегӯяд, дар як маҳаллаи хеле зебои Қрим чанд сол пеш порчаи замине харида буд. ӯ гуфт, ин порчаи замин дар баландии кӯҳ, “дар баландии қасри Воронтсов аст. Бо манзараи дарё, хулоса бо пасандози тамоми оила як қитъаи зебое харида будем.”
Юлия Стежко умед дошт, фарзандонаш дар таътил дар хонаашон дар Қрим истироҳат хоҳанд кард. Вале мансабдори маҳалии Русия ба ӯ гуфт, ки дигар ба ин замин ҳуқуқ надорад.
Украина моликияти шаҳрвандони худро дар Қрим эътироф мекунад. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо мусодираи моликиятро ғайриқонунӣ эълон кардааст. Маскав қарори ин додгоҳро қабул надорад.
Гуфтугӯ