Дар пайи афзоиши шикояти сокинон аз кори ширкатҳои хонасозӣ мақомот бо ирсоли паёмак ва як иқдоми дигар сокинонро огоҳ мекунанд, ки ҳангоми хариди хона эҳтиёткор бошанд. Ҳоло дар назди ширкатҳои сохтмонӣ QR код"-ҳои махсусро насб кардаанд, ки ба гуфтаи масъулон, тавассути он муштарӣ метавонад, санадҳои ширкатро санҷад.
Таҳмина, сокини Душанбе, қариб ҳар рӯз ба назди як бинои навсохт меояду бо ҳасрат ба он менигарад. Умед дошт, рӯзе бо фарзандонаш ба он ҷо мекӯчад ва дар хонаи нав зиндагии нав ба роҳ меандозад. Аммо ҳоло мегӯяд, орзуяш зери суол рафтааст: “Ростӣ, шабҳо ҳам хоб нестам, асабам вайрон аст, ҳомиладорам. Ҳар рӯз меравам, зери ҳамин бино меоям. Ҳеч чиз нест он ҷо. Усто ҳам нест, одам ҳам нест, аммо ман рафта, меоям ба назди бино. Фикр мекунам, дар он бино хона дорам, аммо хона нест, як коғазе дорам, ки ҳеч ёрдам карда наметавонад.”
Хонае, ки шавҳари Таҳмина дар ин бино бо беш аз 500 ҳазор сомонӣ харида буд, чанд соҳиби дигар пайдо кардааст.
Таҳмина Давлатова, сокини Душанбе: “Мо сеюм дастем. Аз дасти вай бача харидем, вале вақте фаҳмидем, хонаи мо чор соҳиб доштааст. Ҳар чаҳори онҳо пайдо шуданд, бо ман вохӯрданд. Шартномаҳо як хел, имзову печат як хел. Даводав дорем, додситонӣ муроҷиат кардем.”
Ин бино ба ширкати “Тибби Суҳайб” таалуқ дорад. Чандин муштарии дигари ин бино айни аҳволи Таҳминаро доранд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло қазияро Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад. Дафтари харидуфурӯши хонаҳои ширкати мазкурро Кумитаи андоз мӯҳр зада, дарашро бастааст. Назари муассисони ширкат маълум нест.
Ин танҳо ширкати сохтмоние нест, ки муштариёнаш мегӯянд, ба ҷойи соҳиб шудан ба манзили нав ба сарсонӣ ва кашокаш гирифтор шудаанд.
Азим Асматбеков, сокини Душанбе: “Бо шартнома хона харидем, ҳама чиз бо ҳуҷҷат буд. Як хонаро ба се кас фурӯхтаанд. Мардум пулро бо заҳмат ба даст овардаанд, ба умеде, ки хона харида, зиндагӣ кунанд.”
Наздикони Азим соли 2023 ба бинои ширкати сохтмонии “Салмон Сохтмон” пул дода, аммо бо гузашти солҳо соҳиби манзил нашуданд. Баҳс бо он поён ёфт, ки як намояндаи ширкат 14 сол зиндонӣ шуд.
Ба наздикони Азим на пул баргардонида шуд ва на хона доданд. Азим: “Дар додгоҳ вай гуфт, ман пулро ба фирма супурдаам.”
Мақомоти Душанбе ахиран бо ирсоли паёмак ба телефони сокинон ва ҳам насби QR код"-ҳои махсус дар пеши дафтарҳои ширкатҳои сохтмонӣ огоҳ мекунанд, ки пеш аз хариди хона, дар бораи сохтмон маълумоти зарурӣ ва дақиқ гиранд. Сарраёсати меъмории Душанбе таъкид кардааст, ки ин иқдом бо дастури шаҳрдорӣ ва ба хотири пешгирӣ аз фиреб ҳангоми хонахарӣ роҳандозӣ шудааст.
Бо нусхагирии "QR код" тавассути телефони худ харидор имкон дорад бубинад, ки оё ширкат қарори лоиҳакашӣ, шиносномаи бино ё қарори иҷозаи сохтмонро дорад ё на. Ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои мухталифро ба бор овардааст. Аз таваҷҷӯҳи мақомот ба ин мушкил бархе истиқбол кардаанд, аммо ба гуфтаи гурӯҳи дигар, барои ба доми фиреб наафтодани харидорон ширкатҳои сохтмонӣ бояд ҷиддан назорат шаванд.
Шарҳҳо аз ҷумла чунинанд: “Хуб мебуд, ки дар ин тарҳ ҳамчунин зикр мекарданд, ки кадом хонаҳоро аллакай харидаанд.”
“Бисёр хуб мебуд, агар баъди пардохти пули хона, харидор соҳиби рамз ё рақами махсус мешуд, то тавассути он дар рафти сохмон ва то замони ба даст овардани шиносномаи техникӣ хонаи харидаашро пайваста бисанҷад.”
Онҳое, ки аллакай фиреби ширкатҳои бинокориро хӯрда, пули зиёдеро дода, бехона мондаанд, мегӯянд, бояд мақомот фавран чорае биандешанд, ки сарнавишти онҳо бо дигарон дигар такрор нашавад ва мардум ноумеду бесарпаноҳ намонад.