Санъат Раҳим, раиси ин ниҳод, рӯзи 22-юми июл зимни нишаcти хабарӣ гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳо 24 ҳодисаи нохуш сабт шудааст, ки дар натиҷа 18 нафар ҷони худро аз даст дода, 20 тан ҷароҳат бардоштаанд.
Вай таъкид намуд, ки омори марги коргарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ва ҷароҳатбардоштагон 14 нафар бештар шудааст.
Ба гуфтаи раҳбари Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат, дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд, вале аз марги 8 афғонистонӣ дар шимоли кишвар изҳори бехабарӣ намуд.
Ӯ гуфт, онҳо низ дар ин бора аз расонаҳо хабар ёфта, ба Корхонаи металлургии тоҷик ва мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, мақомоти интизомӣ ва бемористон, тамос гирифтанд. Аммо ба қавли Санъат Раҳимов, ҳеҷ яке аз ин ниҳодҳо ҳодисаро тасдиқ накарданд.
"Мумкин воқеият дошта бошад, дар дигар ҷо. Барои он, ки ин шаҳрвандон на дар ягон ҷо ба қайд гирифта шуда буданд, на ягон кас медонад, ки дар куҷо буданд. Агар тарафи Афғонистон ягон ҳисобот дошта бошад, пешниҳод кунад, мо тайёрем, ки тафтиш кунем. Аммо он хабаре, ки дар кадом корхона кор карданд, дар ноҳияи Айнӣ кор карданд, ин ҳодиса тасдиқи худро наёфт",-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як манбаъ дар Хадамоти назорат дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Додситонии ноҳияи Айнӣ ба таҳқиқи марги 8 афғонистонӣ дар як кони ангишт шурӯъ кардааст.
Дар бораи ҷон бохтани 8 коргари афғонистонӣ дар як кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ, нахуст расонаҳои Афғонистон хабар доданд. Ба иттилои расонаҳои ин кишвар, ҳодиса баъд аз зуҳри 9-уми май рух додааст.
Телевизиони миллии Афғонистон, ки зери назорати "Толибон" аст, рӯзи 10-уми май бо такя ба Раёсати омодагии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Толибон дар вилояти Дойкундӣ хабар дод, ки ҳамаи қурбониён сокинони ҳамин вилоят ҳастанд.
Марги коргарон, аз ҷумла хориҷиён дар ҷои кор, дар гузашта ҳам борҳо расонаӣ шуда буд.
Намояндагони Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат бемасъулиятии муҳандисони техникӣ, беаҳамиятии ҷабрдидагон, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва надоштани мутахассисони соҳаро, аз сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои марговар унвон мекунанд. Аммо ҷабрдидаҳо борҳо аз чашмпӯшии мақомот ба қонуншикании масъулони корхонаҳо, шикоят кардаанд.
Яке аз чунин намунаҳо қазияи ҷароҳат бардоштани Сиёвуш Акобиршоев аст. Вай моҳи феврали соли 2021 бар асари афтодани оҳанпорае аз бинои навсохти ширкати "Ёқут 2000" дар Душанбе ҷароҳат бардошта буд, ки бо вуҷуди талошҳояш ва додгоҳӣ кардани қазия, ба қавли наздиконаш, дар дарёфти ҷуброни зарар аз сӯи ширкат муваффақ нашуд.
Гуфтугӯ