Рӯзи 12-уми январ бар фазои шаҳри Караҷ сукути сарде ҳоким буд. Пас аз чаҳор рӯзи эътирозҳо ва саркӯби хунин, ин шаҳри воқеъ дар 40-километрии ғарби Теҳрон, зери назорати сахти неруҳои амниятӣ қарор дорад. Кӯчаву хиёбонҳо пур аз мотосиклсавор ва мошинҳои низомӣ аст. Мардони мусаллаҳ бо ханҷарҳои дароз, калтак ва силоҳ дар назди идораҳои давлатӣ ва майдонҳои шаҳр гаштугузор мекунанд.
Мардум дар кӯчаҳо бо эҳтиёт ва бо садои паст гап мезананд, гӯё дар торикӣ аз чизе метарсида бошанд ва ё намехоҳанд, ин сукути вазнинро бишкананд. Як ронандаи таксӣ бо ашк дар чашмон нақл кард, ки чӣ гуна рӯзи 8-уми январ шоҳиди кушта шудани эътирозгарон ва аксаран ҷавонон дар яке аз майдонҳои марказии шаҳр буд.
Ӯ нақл кард, ки чӣ гуна мардони низомипӯш бо либосҳои хокистарӣ ва ба гуфтаи ӯ, аъзои нерӯҳои «Қудс»-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, эътирозгарон, чӣ захмӣ ва чӣ кушташудагонро бераҳмона ба дохили мошинҳои боркаш меандохтанд.
Ба эътиқоди ин ронанда, ки зодаи Караҷ аст, дар ин шаҳр садҳо нафар дар саркӯбҳо ҷон бохтаанд. Ӯ мегӯяд, бо касоне ҳамсӯҳбат шудааст, ки ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба шифохонаҳо онҷо ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, маъмурони амниятӣ захмиҳоро аз бемористон мерабоянд ва онҳоеро, ки аҳволашон бад аст ва имкони интиқолашон нест, бо туфангҳои бесадо тир зада, «халос» мекунанд.
Оромгоҳҳои баста ва ҷасадҳои пинҳон
Дар оромгоҳи «Бибӣ Сакина» дар канори шаҳри Караҷ, мотамзадагони сиёҳпӯш аз дур ба чашм мерасанд. Бархе либосҳои миллии қавмӣ доранд ва маълум аст, ки аз шаҳрҳои дигар омадаанд. Садои гиря ва гуфтугӯи паст ва зикри номҳо ба гӯш мерасад: «Самона Абдии 22-сола, Муҳаммад, ки ҳамагӣ 17 сол дошт...»
Бо баста шудани бисёре аз озмоишгоҳҳои тиббии додгоҳӣ ва сардхонаҳо, оилаҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷасади азизони худ ҳастанд, ба марказҳои дигари шаҳр фиристода мешаванд. Бинобар зиёд будани шумори кушташудагон, мақомот дари баъзе аз оромгоҳҳоро бастаанд ва барои пешгирӣ аз бӯҳрони бештар, монеи баргузории маросими муносибу дурусти дафн мешаванд.
Вуруд ба шифохонаҳои Караҷ, аз ҷумла «Касро», «Қосим Сулаймонӣ» ва «Тахти Ҷамшед» қариб ғайриимкон аст. Посбонҳои мусаллаҳ дарвозаҳоро бастаанд ва хонаводаҳои нигаронро маҷбур мекунанд, ки дар берун интизор шаванд.
Дар ҳоле ки наҷотбахшон дар саросари шаҳр барои кӯмак ба захмиҳо мешитобанд, норасоии мутахассисону пизишкон, дору ва таҷҳизот боис шудааст, ки омори фавтидагон мунтазам боло равад. Бархе аз оилаҳо ҷасади наздикони худро дар хонаҳо пинҳон мекунанд, зеро сахт меҳарасонад ва нигаронанд, ки мақомот ҷасади онҳоро рабуда, ба ҷои номаълум мебаранд.
Тавзеҳ: Нависандаи ин гузориш яке аз манобеи хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ аст, ки дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва бз шаҳри Караҷ рафтааст. Ба далели амниятӣ ва эмин нигаҳ доштани ӯ аз таъқиби мақомот, номаш ифшо намешавад.