Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима барои сарпечӣ аз пардохти молиёт дар Тоҷикистон боло рафт


TAJIKISTAN, TAX, DUSHANBE
TAJIKISTAN, TAX, DUSHANBE

Сар аз имсол, дар Тоҷикистон ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз баландтар шуд. Порлумони Тоҷикистон охири соли 2025 аз тарҳе ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он ҳаҷми ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз як баробар боло меравад.

То кунун барои ин кор ҷарима аз шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 8-10 нишондиҳанда, яъне 624 то 780 сомонӣ ва барои ширкатҳо аз 11 700 то 15 600 сомонӣ буд. Акнун барои сарпечӣ аз пардохти молиёт сокинон то ба 1560 ва ширкатҳо то 23 000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Мақомот гуфтаанд, ки як сабаби боло бурдани ҷаримаҳо, монеъ шудан ба сарпечӣ аз пардохти молиёт дар байни мардум ва корхонаҳо аст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳузури вакилони мардумӣ дар рӯзи 3-уми декабри соли 2025 гуфтааст, боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо барои “таъсирбахш кардани” ҷазо барои онҳоест, ки молиёти давлатро саривақт намепардозанд ва ё умуман аз пардохти он сарпечӣ мекунанд.

Ӯ гуфтааст: “Бинобар сабаби кам будани маблағи ҷаримаи маъмурӣ дар аксар мавридҳо ҷаримаҳои татбиқшаванда таъсирбахш набуда, боиси такроран содир намудани қонунвайронкуниҳои андозӣ гардида истодааст.” Ба қавли Нусратулло Давлатзода, “танҳо дар даҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 4,6 ҳазор адади онҳо аз ҷониби андозсупорандагон такроран содир гардидааст.”

Вале сокинон ба якбора боло рафтани ҷаримаҳо назари гуногун доранд. Рӯзи 6-уми январ дар як сӯҳбати сарироҳӣ дар кӯчаҳои Душанбе бархе сокинон гуфтанд, ки боло бурдани ҷарима барои саркашӣ аз пардохти молиёт мушкили дигареро ба миён оварда, зиндагии сокинону фаъолияти корхонаҳоро душвор мекунад. Баъзе дигар бар ин назаранд, ки ҳар нафаре, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, бояд бар асоси қонун сари вақт молиёт ё ҳамон андозҳоро бисупорад, то ҷарима нашавад.

“Соҳибкоронро вақте ки ҷарима карданд, корхонаро, ки маҳсулот ё даромадаш кам шуд, пешравии корхона ҳам кам мешавад”, гуфт, яке аз мусоҳибони мо.

Роҳгузари дигаре чунин посух дод: “Ин ягон мушкил надорад. Вақте шаҳрванди Тоҷикистон ҳастӣ, бояд ба гуфтаи қонун рафтор кунӣ. Ба давлат бояд андоз супорӣ.»

Мусоҳиби дигари мо гуфт, “аввал бояд маошро зиёд кунанд, баъд андозу ҷаримаро, зеро инҳо ба якдигар вобастаанд».

Абдулло Ашӯров, коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ бар ин аст, ки афзоиши ҷаримаҳо барои напардохтани андоз паҳлуҳои мусбат ва манфӣ дорад. Вай 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ибтидо ин иқдом метавонад шумораи афрод ва ширкатҳоеро, ки аз пардохти андоз мегурезанд кам карда, ба афзоиши даромади буҷа кумак кунад.

“Аммо, аз таҷрибаи кишварҳои дигар мо метавонем бубинем, ки ин гоҳо натиҷаи баръакс медиҳад. Нахуст ин ки хатари сар задани ҳодисаҳои коррупсиониро бештар мекунад. Ва дуввум албатта вақте ки андозҳо гарон аст, сарбории он гарон аст, дар болои соҳибкорон, ширкатҳо онҳо боз ҳам талош мекунанд ба ҳар роҳу восита манбаи даромади худро пинҳон кунанд ва аз пардохти андоз сарпечӣ кунанд. Бинобар ин, бисёр кишварҳо бо роҳи дигар пеш мераванд, яъне онҳо ҳадалимкон мизони андозро поёнтар мебаранд, то одамон, соҳибкорон, ширкатҳо иқтисоди пинҳониро аз байн баранд. Яъне ширкатҳо пурра қонунӣ, шаффоф кор мекунанд ва андози худро медиҳаннду кори худро идома медиҳанд”, афзуд ӯ.

Афзоиши ҷарима барои саркашӣ аз пардохти андоз ё дар вақташ напардохтани он дар ҳолест, ки шикоятҳо аз беасос ҷарима шудан ҳам борҳо садо додааст. Дар чанд соли ахир андозаи нишондод барои ҳисобҳо пай ҳам боло бурда мешавад.

Шурӯъ аз аввали соли 2026 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки барои муайян кардани ҳаҷми ҷарима истифода мешаванд, аз 75 ба 78 сомонӣ зиёд карда шуд. Мақомот ин корро барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо муҳим медонанд, аммо сокинон мегӯянд, ҷаримаҳо бояд бо назардошти вазъи молии мардум муайян карда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҳадде ҷарима ситонидаанд, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 50 дар сад зиёдтар будааст. Ба иттилои Вазорати молия, дар нӯҳ моҳи соли 2025 аз ҳисоби ҷарима ва қонушиканиҳои дигар ба будҷа 415 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 134 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳудуди 70 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва рӯ ба афзоиш дорад.

XS
SM
MD
LG