Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Исроилу Эрон шатранҷбозии сиёсии Покистонро душвор кард


Эътирози шиамаҳзабони Покистон дар шаҳри Карочӣ ба зидди ҳамлаи Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн.
Эътирози шиамаҳзабони Покистон дар шаҳри Карочӣ ба зидди ҳамлаи Исроил ба Эрон дар рӯзи 13-уми июн.

Чанде пеш ҳангоме, ки фармондеҳи артиши Покистон бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Марко Рубио, вазири умури хориҷӣ ва Стив Виткоф, фиристодаи хоси Амрико мулоқот мекард, Эрон ҳампаймони минтақавии Покистон таҳти ҳамлаҳои Исроил, рақиби асосии Покистон, вале шарики содиқи Амрико қарор дошт.

Дар миёни танишҳои фазояндаи минтақавӣ ду рӯйдоди ахир бозии печидаи шатранҷи дипломатиро нишон дод, ки Покистон ба он рӯ ба рӯст. Кишваре, ки талош мекунад дар миёни робитаҳо бо қудратҳои рақиб, ихтилофоти мазҳабӣ ва манофеи роҳбурдиаш дар минтақа тавозуне эҷод кунад. Дар минтақае, ки ҳамеша ба рақобатҳои иқтисодӣ, тағйири ҳампаймонҳо ва муноқишаҳои ғайримустақим гирифтор будааст.

Покистон ҳамеша бо тасмимгириҳои душворе барои нигаҳ доштани тавозун миёни равобит бо Иёлоти Муттаҳида ва Чин рӯбарӯ будааст. Аммо мудирияти робитаҳо бо Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна дар бисёре аз заминаҳо барои Исломобод кори душвортар ба ҳисоб меояд.

Бомбаборони 12-рӯзаи Эрон аз тарафи Исроил ва Иёлоти Муттаҳида барои маҳви таъсисоти атомӣ ва низомии Эрон, муодилаи сиёсиро барои Покистон печидатар кард, бахусус ҳангоме ки Осим Мунир фармондеҳи артиши Покистон дар дидори бесобиқае рӯ ба рӯ бо Доналд Трамп беш аз ду соат гуфтугӯ дошт.

Аз ин дидор ҷузъиёти чандоне берун наомад, ба ҷуз аз ишораи Мунир ба «қадрдонии зиёди» Покистон аз талошҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида барои поён додан ба даргирии чаҳор рӯза байни ин кишвар ва Ҳинд дар моҳи май.

Кохи Сафед аз ин ҳам камтар иттило дод. Дар бораи ин дидор, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, бо нашри баёнияе гуфтанд, ки Доналд Трамп аз дидор бо Осим Мунир “ифтихор” кардааст. Саҳар Хон, таҳлилгари мустақили Осиёи Ҷанубӣ, дар шарҳе барои Шӯрои Атлантик навиштааст: «Покистон акнун ба чолиши душворе рӯ ба рӯст, яъне тарафдорӣ аз Эрон бидуни таҳрик додани ду ҳомии моли асосии худ Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва бидуни эҷоди таниш бо Иёлоти Муттаҳида, ки Покистон мекӯшад, робитаҳояш бо он беҳтар шавад.”

Ихтилофоти мазҳабӣ

Даргирӣ байни Эрон ва Исроил аз рӯйдодҳои ангуштшуморе буд, ки аксарияти мусалмонони суннимазҳаби Покистон аз Эрони умдатан шиамазҳаб ҳимоят карданд, ангезае ки аз ин зарбулмасал бармеояд, ки «душмани душмани ман, дӯсти ман аст.»

Агарчӣ аксари покистониҳо Исроилро пас аз Ҳинд дуввумин душмани бузурги худ медонанд, бисёре аз онҳо айни замон нисбат ба Эрон эҳсоси ҳамдардӣ надоранд ва умдатан ба далели ихтилофоти мазҳабӣ. Дар Покистон, гурӯҳҳои суннии тундрав ғолибан шиамазҳабонро кофир мехонанд ва айни назар нисбат ба сунниҳо дар тарафи дигар низ ҳаст.

Ҳудуди 80 то 85 дарсади аҳолии 250 миллион нафарии Покистон суннӣ ҳастанд, дар миёни аҳолии Эрон аз 90 то 95 дар садро шиамазҳабон ташкил медиҳанд.

Покистон ба таври хусусӣ нигарониҳоеро дар бораи нуфузи Эрон бар шиаҳои покистонӣ, ба вижа дар минтақаи қабоилнишини Куррам дар вилояти ноамни Хайбар Пахтунхоҳ ва дар Ҷилҷит-Балтистон, бахше аз минтақаи Кашмир иброз кардааст, ки аз соли 1947 Ҳинду Покистон ва аз соли 1959 Ҳинду Чин сари он даъво доранд.

Эрон низ чунин мешуморад, ки Покистон аз Ҷайш-ал-адл, як гурӯҳи ниманизомии зидди шиамазҳабон ва зиддиэронӣ ҳимоят мекунад. Ин гурӯҳ дар вилояти Сиистону Балучистони Эрон фаъолият дорад. Марзи ду кишвар ҳам 900 километрро ташкил медиҳад ва бисёр вақт саҳнаи қочоқи инсон ва маводи мухаддир аст.

Бо вуҷуди фарозу нишебҳо, робитаҳои Покистон ва Эрон ба таври умумӣ босубот мондааст ва ду кишвар дар Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ якдигарро ҳимоят кардаанд. Аммо нигаҳ доштани тавозун дар равобит бо Эрон ва Арабистони Саудӣ – ду рақиби сахти муҳими Ховари Миёна барои Покистон мураккаб ва ё печидатар аст.

"Покистонро дар мавқеияти дипломатии душвор қарор медиҳад"

Майкл Кугелман, коршиноси Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Байналмилалии Вудров Вилсон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар воқеъ, собиқаи Покистон дар пайвастан ба эътилофҳо корро барояш душвор кардааст, зеро ҳампаймонӣ бо Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Арабистони Саудӣ, нармишпазириашро барои жарфтар кардани равобит бо рақибони ин қудратҳо коҳиш додааст.”

Ба бовари Кугелман, шеваи пешгирифтаи Покистон дар тазодди комил бо Ҳинди рақибаш аст, ки аз пайвастан ба эътилофу иттиҳодҳо парҳез кардааст, то нармишпазирии дипломатии худро нигаҳ дорад. Чизе ки Покистон аз он бебаҳра мондааст.

Камбуди нармишпазирӣ корро барои Исломобод душвортар кардааст, аммо дар тӯли 18 моҳи гузашта, Эрон ва Арабистони Саудӣ қадамҳое барои беҳбуди равобит бардоштаанд, раванде, ки ба нафъи Покистон низ ҳаст.

Кугелман мегӯяд: «Оштӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ фазои дипломатии бештаре ба Покистон дод, то бо Эрон муомила кунад. Ҳамчунин ҳамлаҳои ахири Исроил ба Эрон, ба далели нигаронии муштарак аз Исроил ҳамгироии миёни Покистон ва Эронро барҷаста кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама ҳаракатҳои дипломатӣ барои Покистон ҳамчунон ҳассос боқӣ мемонад.»

Мазҳаб низ дар ин тавозуни дипломатии ҳассос нақши муҳиме дорад. Покистон ва Арабистони Саудӣ ду кишвари умдатан суннимазҳаб ҳастанд, дар ҳоле ки Эрон умдатан шиа ва рақиби идеологии Арабистони Саудӣ аст.

Холид Султон, устоди Донишгоҳи Миллии Забонҳои Навин дар Исломобод мегӯяд, ин тафовутҳои мазҳабӣ ғолибан дар сиёсатҳои хориҷӣ ҳувайдо мешаванд.

Ӯ афзуд: «Ихтилофоти идеологӣ, тағйирҳои роҳбурдӣ дар минтақа, масъалаи Афғонистон, амнияти дар марзӣ ва ниманизомиён аз печидагиҳои асосӣ дар равобити Покистон ва Эрон ҳастанд. Рақобати Эрон бо Арабистон дар заминаи ҷангҳои ниёбатӣ (ғайримустақим) дар Сурия, Ироқ ва Яман, ғолибан Покистонро дар мавқеияти дипломатии душвор қарор медиҳад.»

XS
SM
MD
LG