Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли мусаллаҳ кардани курдҳои мухолиф. Ҷабҳаи нав дар ҷанги Эрон?

Теҳрон, 3-юми марти 2026
Теҳрон, 3-юми марти 2026

Бино ба гузоришҳо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои мухолифи курди эрониро баррасӣ дорад. Онҳо дар Ироқ ҷойгиранд. Ин тасмим метавонад ҷабҳаи наверо дар амалиёти зидди Эрон ба вуҷуд оварда, хатари сар задани ҷанги шаҳрвандиро дар ин кишвари Ховари Миёна бештар кунад.

Чанд гурӯҳи мухолифи курди эронӣ дар минтақаи нимамухтори Курдистон дар Ироқ ҳастанд ва гоҳ-гоҳе алайҳи Теҳрон ошӯб мекунанд. Бархе аз онҳо хоҳони худмухторӣ дар дохили Эрон ҳастанд ва баъзеи дигар барои ҷудо шудан аз Ҷумҳурии Исломӣ талош доранд.

Эҳтимоли бо силоҳ таъмин кардани гурӯҳҳои курди эронӣ аз сӯйи Амрико ва пуштибонӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии заминӣ ба қисматҳои ғарбии Эрон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил аз 28-уми феврал ҳамлаҳои густардаи ҳавоиро ба Эрон идома медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи Вашингтон метавонад кам кардани захираҳои низомии Теҳрон, суст кардани нуфузи давлат ва доман задани як ошӯб дар дохили кишвари сермиллате бо тақрибан 90 миллион аҳолӣ бошад.

Бо вуҷуди кушта шудани раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва чанд фармондеҳи баландпояи низомӣ, рӯҳониёни ҳоким дар Эрон таслим нашудаанд ва аз оғози ҳамлаҳои муштараки ҳавоии Амрико ва Исроил кишварро зери назорат доранд.

Майкл Ҳоровитс, коршиноси мустақили умури дифоъ дар Исроил, гуфт, "ҳадафи асосӣ ин аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ назорати баъзе аз минтақаҳои кишварро аз даст бидиҳад."

Вай афзуд: "Шояд бо ин роҳ камшуморон ё ақаллиятҳои дигар ва ҳамчунин гурӯҳҳои густардаи мухолифон илҳом мегиранд. Баъзе аз унсурҳои даруни режим, ки шояд дар фикри ҷудо шудан ва ё фирор бошанд, метавонанд инро нишонае донанд, ки бояд ҳамин ҳоло иқдом кунанд, пеш аз он ки вазъ пурра аз назорат берун шавад."

Курдҳо ҳудуди 10 дарсад аз аҳолии Эронро ташкил медиҳанд ва асосан дар ғарби ин кишвар, дар наздикии сарҳад бо Ироқ, зиндагӣ мекунанд. Эрон солҳо боз ба саркӯб ва табъйизи ақаллиятҳо ё камшуморон, аз ҷумла курдҳо муттаҳам мешавад.

Саша Брухман, таҳлилгари умури низомӣ ва амниятӣ дар Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқоти стратегӣ дар Лондон, гуфт, ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои курди эронӣ аз замин метавонад захираҳои низомии Теҳронро кам кунад. Ӯ гуфт: "Агар гурӯҳҳои курдӣ як силсила ҳамлаҳои ҳамоҳангшударо роҳандозӣ кунанд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маҷбур мешавад дар фикри тақвияти нерӯ шавад."

"Аммо ин кор мавқеи онҳоро дар шаҳрҳои калидие ба монанди Теҳрон, Исфаҳон ё Караҷ суст мекунад. Ҳамин тавр, барои режим мушкил пеш меояд, ки нерӯҳои маҳдуди тақвиятиро ба куҷо фиристад ва он ҳам дар шароите ки ҳамоҳангсозӣ душвор аст. Ҳамин душворӣ ва пароканда шудани нерӯҳо ҳадафи амалиёт аст," – илова кард ӯ.

Ба қавли коршиносоне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, хатари вобаста аз мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои курди мухолифи Эрон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида қобили таваҷҷуҳ аст. "Вашингтон метавонад ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии кишварро ба вуҷуд орад, ки мумкин аст пайомадҳои дарозмуддат дошта бошад," – гуфт Ҳоровитс.

Ҳамчунин барои гурӯҳҳои курди эронӣ, ки дар шимоли Ироқ ҳастанд, хатар вуҷуд дорад. Бисёре аз ин гурӯҳҳо пештар мусаллаҳ буданд, аммо дертар силоҳҳои худро ба замин гузоштанд. Ҳоровитс мегӯяд, "агар онҳо ба як ҷанги тӯлонӣ алайҳи Эрон ворид шаванд, вале пуштибонии Амрико бас гардад, барояшон бисёр хатарзо хоҳад буд."

Иёлоти Муттаҳида чанде пеш ҳимояташро аз Нерӯҳои демократии Сурия, як гурӯҳи мусаллаҳи зери роҳбарии курдҳо, ки солҳо шарики калидии Амрико дар ҷанги зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ буд, қатъ кард.

Баҳсҳои тӯлонӣ

Моҳе пеш, дар остонаи ҳамлаи Амрико ба Эрон, панҷ гурӯҳи мухолифи курди эронӣ, ки дар Курдистони Ироқ ҷойгиранд, эътилофи нави сиёсӣ таъсис доданд. Ҳадафи онҳо сарнагун кардани Ҷумҳурии Исломӣ ва дар ниҳоят худмухтории курдҳо эълон шудааст.

Эрон ба гурӯҳҳои курди дар табъид, ки онҳоро созмонҳои террористӣ ва "хидматгорон"-и Амрико ва Исроил меномад, гоҳ-гоҳе ҳамлаҳои низомӣ анҷом додааст. Дар сурати мусаллаҳ шудани ин гурӯҳҳо аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, чунин ҳамлаҳо метавонанд бештар шаванд.

Ба гуфтаи Ҳизби Озодии Курдистон, Эрон рӯзи чоруми март ба як урдугоҳ дар наздикии марз, ки зери идораи ин гурӯҳ буд, ҳамлаи мушакӣ анҷом дод. Бар асари он як нафар кушта ва се каси дигар захмӣ шуданд. Як рӯз пеш аз он, ҳамлаҳои паҳподӣ ба пойгоҳи таҳти идораи Ҳизби демократии Курдистони Эрон дар шимоли Ироқ сурат гирифт.

Коршиносон мегӯянд, рӯшан нест, ки оё гурӯҳҳои гуногуни курди эронӣ дар Ироқ метавонанд ихтилофҳои байни худро канор гузоранд ва ирода ва тавоноии мубориза бо Ҷумҳурии Исломиро дошта бошанд ё не.

Брухман гуфт, "баҳсҳои куҳна вуҷуд доранд ва онҳо бояд дар майдон ҳамбастагиро нишон диҳанд. Гап на дар бораи таъсири эҳтимолии баъзе силоҳҳои беҳтар ё бештар аз тарафи Амрико, балки дар бораи муборизаи қатъии онҳо бо режими Эрон ва ҳамоҳангсозии ҳамлаҳои низомӣ байни онҳо меравад. Ин ҳолат муайян мекунад, ки оё курдҳо метавонанд ба ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ҷабҳаеро ҳам дар замин илова кунанд ё не."

XS
SM
MD
LG