Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад


Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо нуздаҳумин бастаи таҳримҳо алайҳи Русияро бинобар ҷанги ин кишвар алайҳи Украина, тасвиб карданд, ки аз ҷумла, шомили манъи воридоти гази моеъ аз Русия мешавад.

Дар баёнияи кишвари Дания -- раҳбари давраии Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 22 октябр нашр шуд, омадааст, "мо бисёр хурсандем, ки эълон кунем охирин кишвари узв ба мо хабар дод, ки акнун метавонад шарти худро дар мавриди нуздаҳумин бастаи таҳримҳо бекор кунад".

Словакия охирин кишваре буд, ки пас аз созиши кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бар сари матни ниҳоии таҳримҳо дар ҳафтаи гузашта, мухолифати худро эълон карда буд.

Нахуствазири ин кишвар хостори замонатҳое аз сӯи Комиссияи Аврупо дар бораи қимати болои энержӣ ва ҳамсӯ кардани ҳадафҳои иқлимӣ бо ниёзҳои худравсозон ва саноати вазнин буд.

Баёнияи раёсати давраии Дания меафзояд, "дар сурати набуди эътироз, ин баста фардо соати ҳашти субҳ қабул хоҳад шуд".

Манъи хариди гази моеи Русия тайи ду марҳила иҷро хоҳад шуд. Қарордодҳои кутоҳмуддат пас аз шаш моҳ ва қарордодҳои дарозмуддат аз аввали январи соли 2027 ба поён мерасанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", манъи комил як сол зудтар аз нақшаи роҳи Комиссияи Аврупо барои поён додан ба вобастагии ин блок ба маводи сухти Русия, амалӣ мешавад.

Бастаи нав ҳамчунин маҳдудиятҳои наве дар сафари дипломатҳои Русияро дар назар дорад. Ҳамчунин 117 киштии дигари Русия, ки асосан нафткаш ҳастанд, дар феҳристи таҳримҳо қарор мегиранд ва шумори умуми онҳо ба 558 киштӣ мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ду ширкати калони нафтии Русия -- "РуссНефт" ва Лукойл", хабар додааст.

Кохи Сафед мегӯяд, ки ин иқдом бо ҳадафи афзоиши фишор ба Кремл барои пазириши гуфтугӯҳои сулҳ дар Украина, рӯи даст гирифта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG