Иштироккунандагони бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 дар даври ниманиҳоӣ, ки 18-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, муайян шуданд. Нахуст КМВА бо «Сомон»-и Данғара рақобат кард. Замони асосии бозӣ мусовӣ шуд – 1:1. Аз рӯи силсилаи пеналти КМВА бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, ба финал баромад.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ «Истиқлол» дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Ҳарду голро Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд.
Ба ин тартиб, дар финали Ҷоми ФФТ-2025 «Истиқлол» бо КМВА ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Сомон» бо «Панҷшер» рақобат мекунанд. Ҳарду бозӣ рӯзи шанбеи 22-юми феврал баргузор мешавад.
Маблағи ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2025 дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ба дастаи ғолиб 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Барои ҷойи дуюм 30 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025
Гурӯҳи «А»
«Истиқлол» (Душанбе)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Саразм» (Панҷакент)
«Сомон» (Данғара)
Гурӯҳи«Б»
КМВА (Душанбе)
«Ҳосилот» (Фархор)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
Даври 1-ум
10-уми феврал (душанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Саразм» - 1:1
«Истиқлол» - «Сомон» - 3:1
11-уми феврал (сешанбе)
КМВА - «Панҷшер» - 1:1
«Ҳосилот» - «Мастчоҳ» - 2:0
Даври 2-юм
12-уми феврал (чоршанбе)
«Сомон» - «Саразм» - 2:0
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 5:0
13-уми февраля (панҷшанбе)
«Панҷшер» - «Мастчоҳ» - 3:1
КМВА - «Ҳосилот» - 2:1
Даври 3-юм
14-уми феврал (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» - «Сомон» - 0:7
«Саразм» - «Истиқлол» - 0:10
15-уми феврал (шанбе)
«Ҳосилот» - «Панҷжшер» - 0:1
«Мастчоҳ» - КМВА – 0:3
Гурӯҳи “А”
- “Истиқлол” – 9 имтиёз
- “Сомон” – 6 имтиёз
- “Регар-ТадАЗ” – 1 имтиёз
- “Саразм” – 1 имтиёз
Гурӯҳи “Б”
- КМВА – 7 имтиёз
- “Панҷшер” – 7 имтиёз
- “Ҳосилот” – 3 имтиёз
- “Мастчоҳ” – 0 имтиёз
1/2 финал
18-уми феврал (сешанбе)
Нимфинали якум
«Сомон» – КМВА – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:4
Голҳо: Абомо Нголо, 41 (0:1). Собирҷони Муҳаммадҷон, 53 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳир Саримсоқов (КМВА).
18-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.
Нимфинали дуюм
“Истиқлол” – “Панҷшер” – 2:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 18 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 75 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
18-уми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 250 тамошобин.
Бозӣ барои ҷойи сеюм
22-юми феврал (шанбе)
“Сомон” – “Панҷшер”
Финал
22-юми феврал (шанбе)
КМВА – “Истиқлол”
Ёдовар мешавем, дар мавсими соли 2024 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардида буд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, «Равшан» дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ба дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори чордаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – шаш бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.