Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонҳо ва шумораҳо. Ҷанги хонумонсӯзи Исроил дар Ғазза


Навори Ғазза. 23-юми августи 2024
Навори Ғазза. 23-юми августи 2024

Як соли ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза ҷони чӣ қадар инсонро рабуд ва чӣ вайрониҳо овард? Дар он зиёда аз 41 ҳазор фаластинӣ, асосан мардуми осоишта ва дар ҷумлаашон кӯдакону занону солмандон, кушта ва ин ҷазирақаламрави фаластинӣ валангор карда шуд.

Исроил як сол пеш яке аз хунинтарин бомбаборонҳои таърихи навтаринро дар Навори Ғазза оғоз кард. Он соатҳое баъд аз амалиёти гаравгонгирии бесобиқаи гурӯҳи "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эълон кардаанд, сар шуд. Ҳадафи Исроил барои нобудии ин гурӯҳ ба кушта шудани шумораи зиёди мардуми осоишта ва валангор шудани зербиноҳои ин минтақаи дорои баландтарин зичии аҳолӣ дар ҷаҳон кашонид.

Омори ду тараф

Вазорати беҳдошти зери назари “Ҳамос” мегӯяд, аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз беш аз 41 000 фаластинӣ дар Ғазза кушта шуданд. Аксари онҳо одамони осоишта ва шумори хеле зиёдашон кӯдакон буданд, ки қариб ними 2 миллион аҳолии Ғаззаро ташкил медиҳанд.

Раҳбари бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал Волкер Турк дар моҳи апрел гуфт, “ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза кушта ё захмӣ мешавад”. Вай афзуд, “ин кӯдаконанд, ки болотарин ва мудҳиштарин нархи ин ҷангро мепардозанд”.

Шумораи кушташудагон эҳтимолан ҳатто бештар аз онест, ки гуфта мешавад. Ба шумориши Созмони Милал зиёда аз 10 ҳазор нафар, бовар меравад, зери овори биноҳои бомбабороншудаи Ғазза мондаанд. Беш аз 700 фаластинӣ, аз ҷумла 150 кӯдак, ба маълумоти Вазорати беҳдошти Фаластин, дар Каронаи Ғарбӣ кушта шудаанд.

Артиши Исроил ба тирандозии рӯйирости марговар ба тарафи фаластиниҳо, аз ҷумла қатли барқасдонаи фаластиниҳое айбдор мешавад, ки ҳеч гуна таҳдиди ҳарбӣ нишон намедоданд.

Исроил гуфт, дар ҳамлаи 7 октябри “Ҳамос” 1139 нафар кушта шуд, аз ҷумла 685 исроилӣ ва 71 хориҷӣ. Исроил гуфт, дар ҳамлаи заминии он ба Ғазза, ки пас аз бомбарон ва зарбаҳои ҳавоӣ оғоз ёфт, 346 сарбозаш кушта шуданд.

“Ҳамос” дар ҷараёни ҳамлаи чандҷониба 251 исроилиро гаравгон гирифт. Наздик ба ниме аз онҳо озод шуданд, бархе аз онҳоро “Ҳамос” ва бархеро артиши Исроил озод кард. Гумон меравад, ки беш аз 100 гаравгон ҳанӯз дар Ғазза бошанд, дар ҳоле ки бақия гумон меравад мурда бошанд. Бархе аз онҳо ба таври ғайриамдӣ дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд.

Бар асоси баровардҳои Исроил, 17 ҳазор ҷангҷӯи “Ҳамос” дар Ғазза кушта шудаанд. Гурӯҳи “Ҳамос” инро рад мекунад.

Ғазза, моҳи октябри 2024
Ғазза, моҳи октябри 2024

Маҷруҳони ҷанг

Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии артиши Исроил болои Ғазза боис ба захмӣ шудани ҳудуди 95 ҳазор фаластинӣ шуд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳадди ақал аз чор захмӣ, яке аз онҳо ҷароҳатҳои вазнин ба саломатӣ гирифтанд, баъзеашон маҷбур шуданд яке аз узви баданашонро қатъ кунанд.

Кушта шудани хабарнигорон ва имдодгарон

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) гуфт, дастикам 116 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо дар даргириҳои як соли охир дар Навори Ғазза кушта шуданд.

Дастикам панҷ хабарнигор мустақим мавриди ҳадафи нерӯҳои исроилӣ қарор гирифтанд, ки созмони Дидбони расонаҳо, мустақар Ню-Йорк, онро ба унвони куштор арзёбӣ кард. Ҷанги Исроил дар Ғазза, пурқурбонитарин даргирӣ барои рӯзноманигор будааст.

Кормандони созмонҳои имдодрасон ҳам дар ҷараёни даргириҳо дар Навори Ғазза кушта шуданд. Ба омори Созмони Милал, беш аз 250 имдодрасон дар ҷанги Ғазза кушта шудаанд.

Гуруснагӣ дар Ғазза

Ҷанг дар Ғазза тақрибан тамоми сокинони ин борикаро ба камбуди шадиди ғизо рӯбарӯ кард. Ин нукта дар гузориши Integrated Food Security Phase Classification зикр шудааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар моҳи августи соли 2023 гуфт, Исроил аз гурусна нигоҳ доштани фаластиниҳо ба унвони абзори ҷангӣ истифода мекунад. HRW инро ҷинояти ҷангӣ хонд.

Фаластиниҳои оворашуда

Беш аз 85 дарсади аҳолии Навори Ғазза ё 1,9 миллион нафар то охири соли 2023 овора шудаанд. Ин омори тахминии Созмони Милали Муттаҳид аст.

Вайрон шудани биноҳо

Ба иттилои Созмони Милал, Исроил беш аз нисфи биноҳоро дар Навори Ғазза вайрон кардааст. 360 ҳазор бино дар ҷараёни даргириҳо зарар диданд. Ин созмон бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ навишт, дар ҷанги Ғазза дастикам 53 мактаб хароб шуд.

Исроил мегӯяд, артиши ин кишвар иншоот ва биноҳои вобаста ба “террористон”-ро дар Навори Ғазза ҳадаф гирифтааст. Ин кишвар гурӯҳи “Ҳамос”-ро ба он муттаҳам мекунад, ки сокинони мулкиро ба унвони сипар истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG