Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И. Сатторов: "Бигзор ширкатҳои аврупоӣ ҳам вориди Тоҷикистон шаванд"


Сафири Тоҷикистон дар Олмон сафари намояндагони ширкати "Сименс" ба Тоҷикистонро муҳим хонд.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин мегӯяд, ҳадафи сафари ҳайати олмонӣ ва аз ҷумла як узви раёсати ширкати "Сименс" ба Тоҷикистон ошноӣ бо тарҳҳое буд, ки ширкат метавонад, бо таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи ғании худ дар ин тарҳҳо саҳм гузорад. Рӯзи душанбеи 10-уми март дар сӯҳбате бо сафири Тоҷикистон, ки аз Берлин сӯҳбат мекард, аз ӯ нахуст дар бораи ҳадафи сафари Штефан Кёллер, мудири Агентии энергетикии Олмон ва Михаил Зюс, узви раёсати ширкати “Сименс” пурсидем:

Имомиддин Сатторов: “Тавре ба шумо маълум аст, мо равобити зич бо Агентии энергетикии Олмон дорем ва робитаҳо дар сатҳи бисёр баланд ҳастанд. Дар як ду соли ахир, ин сафари чаҳоруми ҷаноби Штефан Кёллер, мудири Агентии энергетикии Олмон ба шаҳри Душанбе буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқотҳо дошт. Дар сафаре, ки рӯзи 9-уми март сурат гирифт, дар ҳайати хурде ки дар Тоҷикистон буд, узви раёсати ширкати “Сименс”, ҷаноби Михаил Зюс шомил буд. Албатта “Сименс”, аз ширкатҳои бузурге дар ҷаҳон аст, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият дорад. Онҳо дар бозори Тоҷикистон ҳам ҳастанд, дар соҳаи техникаи тиббӣ онҳо фаъолият доранд ва дар як соҳаи барои мо муҳим, яъне соҳаи энергетика мо хостем, ки консерни “Сименс”-ро ба Тоҷикистон ҷалб кунем. Ва сафари як мақоми баландпояи ширкати “Сименс” ба Тоҷикистон бори аввал аст ва ҳадафи ӯ шиносоӣ бо тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон буд ва сӯҳбат ҳам дар атрофи навсозии техникӣ ва технологии нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ва шабакаҳои барқӣ сурат гирифт. Ширкати “Сименс” мехоҳад, дар ин тарҳҳо иштироки фаъол дошта бошад.“

Имомиддин Сатторов.
Имомиддин Сатторов.
Озодӣ: Дар хабари дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, ки ширкати Сименс қасд дорад оянда дар Тоҷикистон намояндагии доимӣ боз кунад. Оё замони мушаххасе гуфта шуд?

Имомиддин Сатторов: “Ҷаноби Михаил Зюс дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид карданд, ки мақсад боз кардани намояндагии ширкати Сименс дар назар аст ва кушодани намояндагӣ дар он вақт аҳамият пайдо мекунад, ки агар ширкати “Сименс” дар ягон тарҳи энергетикии Тоҷикистон ширкат варзад ва мақсад ҳам ин буд, ки ҷаноби Михаил Зюс мехостанд, бевосита бо президент, вазоратҳои марбутаи Тоҷикистон дар бораи ин тарҳҳо сӯҳбат кунанд. Тавре ба шумо маълум аст, якчанд тарҳҳои навсозиву модернизатсияи нерӯгоҳҳои барқи обии Сарбанду Қайроқум ва Норак дар назар аст ва албатта азнавсозии хатҳои интиқоли барқ ҳам барои системаи энергетикии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Чун “Сименс” як ширкати бузурги аврупоӣ аст, ки технологияҳои наву пешрафта дорад ва барои ҳамин ман фикр мекунам, ки вақти он расидааст, ширкатҳои бузурги аврупоӣ дар баробари ширкатҳои чинӣ, русӣ ва ё дигар ширкатҳо дар тарҳҳои Тоҷикистон иштирок кунанд ва технологияҳои нави худро ба кишвар ворид созанд. Ва ман фикр мекунам, ки ин сафари узви раёсати ширкати “Сименс”, ки масъули бахши энергетикиянд бисёр муҳим аст.“

Бояд гуфт, ки ҳарчанд ширкати "Сименс" то кунун дар тарҳҳои бузурги энергетикӣ ва сохтмони зербунёдҳои Тоҷикистон ширкат накардааст, аммо ду абзори қатъу васли нерӯи барқ бо тавоноии 110 киловолт дар зеристгоҳи тақсими барқи “Лучоб” аз ҳамин ширкат харида шудааст. Дар шифохонаи шаҳрии ёрии таъҷилӣ ҳам, таҷҳизоти тиббии “Magnetom Concerto, Sonoline G20 и Acuson CV 70” тавлиди "Сименс" ҳастанд, томографи пешрафтаи Somatom Emotion дар Маркази тиббии шаҳри Душанбе аз ҳамин ширкат харида шудааст. Шифохонаи раёсати ҷумҳурӣ ва як шифохонаи дигари пойтахт ҳам бо баъзе аз таҷҳизоти тиббии "Сименс", муҷаҳҳаз шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар се соли пеш зимни сафараш ба Олмон ба қароргоҳи ин ширкати бузург рафта ва бо кори он ошно шудааст.
XS
SM
MD
LG