Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бо ду кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишнома баст


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА бо раҳбарони Узбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишномаи тиҷоратӣ имзо кардааст, ки баёнгари амиқтар шудани робитаҳои Кохи Сафед бо минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ мебошад.

Ширкати "Boeing", ки қароргоҳаш дар минтақаи Вирҷиния аст, бо нашри изҳороте рӯзи 22-юми сентябр гуфт, Узбекистон барои хариди 22 ҳавопамаймои ин ширкат изҳори омодагӣ намуд.

Харидори ин ҳавопаймоҳо ширкати давлатии “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” мебошад. Худи Трамп ҳам, ки дар бораи ин созиш дар шабакаи "TruthSocial" хабар дод, гуфт, арзиши онҳо 8 миллиард доллар мебошад.

Трамп, ки аз ин хабар истиқбол кардааст, аз ҷумла, навишт: “Мо дар соҳаҳои зиёди дигаре ҳамкориро идома медиҳем!”.

Ҳамзамон Қазоқистон созишномаи хариди 300 локомотив ё қатораҳои амрикоӣ ва дигар васоили вобаста ба кори роҳи оҳанро аз ширкати воқеъ дар Пенсилванияи “Wabtec Corporation” имзо кард. Шартномае бо арзиши 4,2 миллиард доллар, ки ба навиштаи вазорати тиҷорати Амрико, дар соҳаи роҳи оҳан “созиши гаронтарин дар таърихи ИМА мебошад”.

Ҳовард Лютник, вазири тиҷорати Амрико дар ҷараёни имзои ин созишнома дар шаҳри Ню Йорк дар ҳузури президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт: “Ин созиши барҷаста барои афзоиши ҷои корӣ дар саноати истеҳсолӣ ва ҳам барои рушд, имконият ва иртиботот дар Амрико ва Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”.

Чанде пеш аз ин созиш президенти ИМА Доналд Трамп бо Тоқаев, ки дар шаҳри Ню-Йорк барои иштирок дар Маҷмаи кулли СММ қарор дорад, телефонӣ суҳбат намуд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам дирӯз дар Ню-Йорк дар маросими имзои созишнома бо Boeing иштирок намуд.

Трамп дар талоши тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо минтақаи ғанӣ аз захираҳои табииӣ Осиёи Марказӣ мебошад ва дар ин амр барои дастёбӣ ба маъдан, аз ҷумла, унсурҳои муҳим барои истифода дар истеҳсоли фанновариҳои пешрафта, мисли силоҳ тамаркуз кардааст. Ҳоло дар минтақа Чин ба ин захираҳо дастрасии калидӣ дорад.

Барномаҳои дигари Тоқаев дар Амрико

Интизор меравад, ки сафари кории ҳайати ҳукумати Қазоқистон ба қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк, зоҳиран, бисёр пурмаҳсул мешавад. Қарор аст президент Қосимҷомарт Тоқаев бо раҳбарони калони ширкатҳои муҳими амрикоӣ мулоқот кунад. Ин нишастро худи Палатаи савдои Амрико ташкил кардааст, ки чанде пеш аз ин дар Қазоқистон бо ҳузури 25 ширкати амрикоӣ азимтарин бизнес-форумро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ барпо намуд.

Қарор аст моҳи октябр палатаи савдои Амрико аввалин ҳайати тиҷоратию соҳибкории худро ба кишвари Узбекистон сафарбар кунад. Трамп моҳи сентябр бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як суҳбати телефонӣ ташкили чунин як форуми сармоягузориро баррасӣ намуд. Моҳи август ӯ фиристодаи вижааш барои ҳамкориҳои глобалӣ Паоло Замполлиро ба Тошканд барои мулоқот бо Мирзиёев фиристод.

Браян Тодд, ки солҳои 2023-25 дар шӯъбаи Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ кор кардааст, дар пайи изҳороти Трамп дар бораи суҳбаташ бо Мирзиёев навишт, ки “маълум аст, Узбекистон як ҳампаймони боарзиши ИМА дар Осиёи Марказӣ аст ва ҳам маъмурияти Трамп ҳамкориҳо дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро дар баландтарин сатҳ дар авлавият қарор медиҳад”.

Қазоқистону Узбекистон кишварҳои ғанӣ аз нафту газу уран ва ҳам захираҳои дигари табиӣ мебошанд. Ширкатҳои амрикоии азими нафтии ExxonMobil ва Chevron дар соҳаи нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ кардаанд, аммо соҳаҳои дигар дар умум дар минтақа дар давоми солҳои истиқлолият тахминан дастнохӯрда мондаанд.

Ҳоло бо афзоиши талабот ба уран ва маъданҳои нодир ва талоши Кохи Сафед барои дастёбӣ ба робитаҳои қавитари иқтисодӣ бо Осиёи Марказӣ, эҳтимолан барномаву созишномаҳои нав дар пеш аст.

Таваҷҷӯҳи афзояндаи Трамп ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки Чин сармоягузорӣ ба соҳаи канданиҳои фоиданоки минтақаро то рафт тавсеа мебахшад. Коршиносон бар инанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири тавозуни сиёсӣ дар қиболи Русия ва Чин ҳоло манфиатдоранд, ки сармояҳои бештари амрикоӣ вориди минтақа шавад.

Маъмурияти Трамп дар иҷрои ин амр бо кӯмаки сохторҳои иқтисодии мисли муассисаи молии амрикоии Export-Import Bank ва Корпоратсияи молия ва рушд амал мекунад, ки дар пушти созишҳои тиҷоратии амрикоиҳо қарор доранд. Масалан, Export-Import Bank созиши роҳи оҳани Wabtec бо Қазоқистонро бо қарзи 400-миллиондолларӣ дастгирӣ кардааст.

Узбекистон ва Қазоқистон аз сарватмандтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки абарқудратҳо ҳамкорӣ бо онҳоро дар минтақа бештар дар ҷои аввал мегузоранд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG