Эътирозҳо дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Эрон ба сабаби поин рафтани бесобиқаи арзиши пули миллӣ ва таварруми афзоянда аз 29-уми декабр идома дорад. Агарчӣ нерӯҳои амниятӣ кӯшиш карданд бо истифода аз гази ашковар издиҳомро пароканда кунанд, эътирозгарон ҳамчунон дар кӯчаҳо боқӣ мондаанд.
Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, рӯзи 29-уми декабр гузориш дод, ки издиҳоми мардум дар Бозори Бузурги Теҳрон ва маҳаллаҳои дигари шаҳр ҷамъ омада, зидди вазъи бади иқтисодӣ ва ҳукумат шиор медоданд. Бисёре аз тоҷирон дӯконҳои худро бастаанд.
Зери таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ, арзиши риёл, пули миллии Эрон дар бозорҳои арз ба таври бесобиқа поин рафтааст. Дар миёни ин ошӯбҳо, расонаҳои Эрон хабар доданд, ки Муҳаммадризо Фарзин, раиси Бонки марказӣ, аз мақомаш истеъфо дод.
Сухангӯи раисҷумҳури Эрон гуфт, Муҳаммадризо Фарзинро, ки аз соли 2022 раиси Бонки марказӣ буд, Абдулносир Ҳимматӣ, вазири собиқи иқтисод иваз мекунад. Ҳимматиро моҳи марти имсол вакилони порлумон аз мақомаш барканор карда буданд.
Ҳоло 1 доллари Амрико дар бозорҳои ғайрирасмӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор риёл баробар шудааст. Як сол пеш арзиши як доллар ҳудуди 800 ҳазор риёл буд. Дар бонкҳои Эрон арзиши доллар поинтар аст, аммо на ҳама мардум ва тоҷирон аз он баҳра бурда метавонанд. Бисёре аз дӯкондорону тоҷирон фурӯшгоҳҳои худро ба нишони эътироз баста ва ба тазоҳургарон пайвастаанд.
Гузоришҳо мерасанд, ки эътирозгарон шиори "Марг ба диктатор" сар медоданд. Ин шиор дар ҷараёни эътирозҳои сартосарии "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" дар соли 2022 низ садо додааст. Дар видеоҳо аз маҳалли эътирозҳо дида мешавад, ки нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани мардум аз калтак ва гази ашковар истифода мекунанд.
Дар як ҳаракати камсобиқа, ҳатто расонаҳои давлатии Эрон, аз ҷумла радио ва телевизион, дар бораи ин эътирозҳо хабар доданд. Хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон наздик аст, ҳушдор додааст, ки "ин гирдиҳамоиҳо метавонанд ба майдони нави фаъолияти гурӯҳҳои ошӯбгар табдил ёбанд.
Хабаргузории ИСНА навишт, ки ба сабаби талотум дар бозорҳо нуқтаҳои табдили пул ё арзи хориҷӣ баста шудаанд. Дар гузориш гуфта мешавад: "Аксари саррофон аз баста шудани нисбии бозор ба далели ноустувории нархҳо изҳори нигаронӣ ва нороҳатӣ карданд."
Алиакбар Пурҷамшедиён, муовини вазири корҳои дохилии Эрон ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, тоҷирон бояд "сабр, таҳаммул ва пуштибонӣ" нишон диҳанд ва нагузоранд, ки "амалиёти равонӣ фазои бозорро муташанниҷ кунад".
Рӯзи 28-уми декабр идораи омори Эрон эълон кард, ки сатҳи таваррум ба 52 дарсад расидааст. Ҳамон рӯз раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён тарҳи буҷаро ба порлумон пешниҳод карда, ваъда дод, ки зидди гаронӣ ва таваррум мубориза мебарад.
Вазъи иқтисодии Эрон ба далели таҳримҳои Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид бадтар мешавад. Ин таҳримҳо пас аз он дубора ҷорӣ шуданд, ки Эрон музокироти ҳастаиро бо Вашингтон идома надод ва ҳамкориро бо Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ бас кард.
Моҳи сентябр, вақте таҳримҳои Созмони Милал дигарбора аз сар гирифта шуданд, яке аз шунавандагони Радиои Фардо бо ирсоли паёме гуфт, "тавварум дигар аз назорат хориҷ шудааст".