Интизор меравад, ки тақрибан 750 ҳазор корманди ҳукумати федеролӣ ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шаванд ва бархе аз онҳо эҳтимолан аз сӯи ҳукумати Трамп ихроҷ хоҳанд шуд. Бисёре аз идораҳо, шояд барои ҳамеша таътил шаванд.
Доналд Трамп қабл аз мӯҳлати нимашаб барои созиши ду ҳизб бар сари будҷа, дар Кохи Сафед гуфт, "мо намехоҳем ҳукумат таътил шавад".
Ӯ ба демократҳои Конгресс ҳушдор дод, ки таътил шудани ҳукумати федеролӣ, ба ҳукумати ӯ иҷоза медиҳад, то чораҳои "баргаштнопазире", аз ҷумла таътил кардани барномаҳои муҳим барои онҳоро анҷом диҳад.
Раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "мо метавонем давоми таътил будани давлат корҳое анҷом диҳем, ки баргаштнопазир ҳастанд, барои онҳо бад аст, монанди иҷроҷи шумори зиёде аз афрод, ҳазфи чизҳое, ки дӯст доранд, ҳазфи барномаҳое ки дӯст доранд".
Амрико аз нимашаби сешанбе ба вақти шарқи Амрико вориди понздаҳумин таътилии давлат аз соли 1981 шуд, зеро ҷумҳурихоҳон ва демокртаҳо дар Конгресс пеш аз оғози соли молии нав дар рӯзи чаҳоршанбе, дар бораи таъмини молии муваққати оҷонсиҳои федеролӣ ба созиш нарасиданд.
Демократҳо хостори ин буданд, ки имтиёзҳои дармонии миллионҳо амрикоӣ, ки қарор аст дар поёни сол ба поён расад, тамдид шавад. Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, ки бояд ин мавзӯъро алоҳида баррасӣ кунанд.
Ин таътил дар марҳилаи аввал шомили хадамоти ғайризарурӣ мешавад ва марказҳое чун хадамоти поркҳо, музейҳое, ки бо будҷаи федеролӣ кор мекунанд ва ҳазорон корманди федеролӣ, ки корҳои онҳо "ғайризарурӣ" ташхис дода шуда, ба хона фиристода хоҳанд шуд.
Дар қадами баъдӣ ва дар сурати идомаи таътили ҳукумат, бахшҳои калонтаре аз идораҳои федеролӣ ночоранд кормандони худро ба рухсатии бемузд бифиристанд.
Даргириҳо бар сари будҷа ба як вижагии маъмул дар Вашингтон табдил шудааст, агарчӣ дар аксари ҳолатҳо дар охирин лаҳза ҳал мешуданд.
Ҳукумати Амрико охирин бор дар солҳои 2018 ва 2019 дар давраи аввали президентии Трамп, бинобар ихтилоф бар сари сиёсатҳои муҳоҷиратӣ, ба муддати 35 рӯз таътил шуда буд.
Гуфтугӯ