Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар Ғазза қатъ шуд


Наздики ду миллион фаластинӣ дар ҷанги беш аз яксола овора шуданд
Наздики ду миллион фаластинӣ дар ҷанги беш аз яксола овора шуданд

Созиши оташбас дар Ғазза пас аз таъхири чандсоата ба иҷро даромад.

Исроил ва ҲАМОС бо миёнаравии кишварҳои минтақа бояд соати 8:30-и имрӯз, 19-уми январ ҷанг дар Ғаззаро қатъ мекарданд, вале он бо таъхир ва соати 11:15 эълон шуд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ҲАМОС феҳрасти 33 гаравгоне, ки дар марҳилаи аввал бояд раҳо кунад, ба онҳо саривақт пешниҳод накард.

ҲАМОС аз ҷониби Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста мешавад.

Мақомоти Исроил гуфтанд, ҲАМОС рӯйхатро бояд то бегоҳи рӯзи 18-уми январ ба дасти онҳо мерасонд, вале ин корро бо таъхир ва рӯзи 19-уми январ анҷом дод.

Намояндагони ҲАМОС гуфтаанд, ки бо сабаби ҳамлаҳои Исроил натавонистанд, ин корро саривақт анҷом диҳанд, вале онро субҳи рӯзи 19-уми январ ба Исроил пешниҳод кардаанд.

Исроил дастрас шудани руйхатро тасдиқ ва ҳамлаҳояшро ба Ғазза қатъ кард. Имрӯз бар асари ҳамлаҳои Исроил то оғози оташбас 10 фаластинӣ кушта шудааст.

Расонаҳо хабар доданд, ки имрӯз бояд се гаравгони исроилӣ аз дасти ҲАМОС раҳо шавад.

Исроилу ҲАМОС бо миёнаравии Қатару Мисру Амрико рӯзи 15-уми январ барои ҷорӣ кардани оташбас созиш имзо карданд.

Тибқи ин созиш, ҲАМОС бояд гаравгонҳое, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлааш ба Исроил рабуда буд, ба Исроил супорад. Дар ивази раҳоии 33 гаравгон дар марҳилаи аввал Исроил бояд беш аз 700 маҳбуси фаластиниро озод кунад.

ҲАМОС беш аз 200 исроилиро гаравгон гирифта буд. Бархе дар як оташбаси кутоҳмуддат дар соли гузашта раҳо шуданд ва бархеи дигар дар ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд. Чанд нафари дигарро артиши Исроил пайдо карда буд. ҲАМОС гуфтааст, ки ҳоло 98 гаравгони зинда дар Ғазза ҳастанд.

Ҷанг дар Ғазза ҳудуди як солу чор моҳ давом кард. Дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 40 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд. Исроил замоне ба Ғазза ҳамла кард, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ҲАМОС дар ҳамлае беш аз 1200 исроилиро кушта ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.

Исроил дар беш аз яксол Ғаззаро ба хок яксон кард. Ин кишварро барои куштани занону кӯдакон дар Ғазза аксари кишварҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ танқид карданд.

Дар Ғазза, ки то оғози ҷанг беш аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекард, ҳоло ба харобазор табдил ёфтааст.

Бо вуҷуди созиши оташбас ояндаи фаластиниҳо номаълум аст. Маълум нест, ки то куҷо ин оташбас риоя мешавад ва ҷонибҳо ба аҳди худ амал мекунанд. Бозсозии Ғазза солҳои тӯлониро дар бар хоҳад гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG