Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо омӯзгор дар Тоҷикистон ё касби дигар доштаанд ё донишҷӯ будаанд

Як мактаб дар шаҳри Ҳисор, ки вазири маорифи Тоҷикистон шароити синфхонаашро танқид кардааст
Як мактаб дар шаҳри Ҳисор, ки вазири маорифи Тоҷикистон шароити синфхонаашро танқид кардааст

Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар садҳо мактаби Тоҷикистон мушкили камбуди омӯзгоронро ошкор кард. Ба иттилои ин ниҳод, мактабҳо барои ҳалли ин мушкил аз нерӯи омӯзгорони ихтисосҳои дигар ва ё донишҷӯён истифода мекунанд. Як ҳафта пеш аз ин изҳорот, масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон камбуди омӯзгоронро дар мактабҳои миёна рад карда буданд.

Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф, рӯзи 4-уми феврал дар нишасти матуботӣ гуфт, барои муайян кардани ин мушкил як санҷиш анҷом доданд.

“Муайян гардид, ки то 20-уми декабри соли 2025 дар 374 мактаб норасоии омӯзгорон 245 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 158 омӯзгор тахассуси омӯзгорӣ надоранд. 901 нафари дигар омӯзгор ҳастанд, вале аз фанҳои дигар сарбории таълимӣ доранд,” -- афзуд ӯ.

Мақомот мегӯянд, норасоии омӯзгорон “ҳал шудааст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Раиси Оҷонсӣ таъкид намуд, ки норасоии омӯзгорон боис шудааст, ки баъзе аз донишҷӯён барои кор дар мактабҳо ҷалб шаванд ва дар ҳоли ҳозир шумораашон беш аз 450 будааст. Вай афзуд, чунин вазъ ба сатҳу сифати таҳсил таъсир гузоштааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, дар кишвар норасоии омӯзгор нест ва ҳама мактабҳо бо муаллим таъмин ҳастанд.

Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт: "Мо имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии кадр надорем. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд. Як чизро фаромӯш накунем, ки 16 ҳазор омӯзгори мо айни ҳол дар нигоҳубини кӯдак ҳастанд. Вақте як нафар меравад, ҷойи ӯро каси дигар мегирад. Мо норасоии кадр надорем.”

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм моҳи июли соли 2024 дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад.

Дар чанде аз мактабҳои Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки ҳоло ҳам камии омӯзгор вуҷуд дорад ва бештар аз фанҳои дақиқ, бино бар ин, баъзе омӯзгорони ихтисосҳои дигар, аз фанҳое ба мисли риёзӣ дарс медиҳанд. Вазири пешини маорифи Тоҷикистон Мунира Иноятова мегӯяд, таъмини мактабҳо бо омӯзгорон бар асоси ихтисос хеле муҳим аст ва ин на танҳо масъалаи сифати таълим, балки ҳадаф мусоидат дар тарбияи шогирдони замонавӣ мебошад.

Иноятова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мутахассис будан даркор. Мутахассисе, ки таҷриба дорад. Мутахассисе, ки фикронии замонавӣ дорад. Дар баъзе мактабҳо физик дарси математика медиҳад, математик дарси физика медиҳад. Ин нодуруст аст. Ҳар фан мувофиқ ба худаш илм дорад, барои ҳамин, албатта, мутахассис буданаш даркор."

Дар ҳоле ки солона ҳазорҳо донишҷӯ бо ихтисоси омӯзгор донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд, норасоии муаллимон дар кишвар ҳанӯз аз мушкилоти ҳалношуда мондааст.

Солҳои охир барои омӯзгорони ҷавон баъзе имтиёзҳое пешбинӣ шудааст, вале рӯ ба дигар касбу кор овардани онҳо ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанашон ҳам ба назар мерасад. Омӯзгорони мактабҳо ба ҳисоби миёна 2500-3000 сомонӣ маош мегиранд, ки дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ камтарин аст ва барои рӯзгузаронии хонаводаҳо дар Тоҷикистон кофӣ нест.


XS
SM
MD
LG