Ҳарчанд баъди баргашти дубораи Доналд Трамп ба Кохи Сафед масъалаи поёни ҷанги Русия дар Украина ва дастрасӣ ба сулҳ мавзуи асосӣ дониста мешавад, аммо изҳороти пайдарпайи раисҷумҳури Амрико дар робита ба Афғонистон, боиси боэҳтиёттар шудани баъзе кишварҳо дар равобиташон бо Толибон шудааст. Хусусан пас аз он ки ИМА ҷоизаҳои молии 10-милёндолларӣ барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати Толибон ва ду узви дигари аршади шабакаи “Ҳаққонӣ”-ро бекор кард.
Мухолифатҳо дар миёни раҳбарони Толибон пас аз фирори Аббоси Стоникзай, муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ ба Дубай дар пайи интиқоди шадидаш аз шеваи ҳукуматдории Ҳайбатуллоҳ Охунзода, амиралмуъминини ҳукумати Толибон ва танишҳои Охунзода бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ барҷаста шуд. Бо террор шудани Хилилурраҳмон Ҳаққонӣ вазири муҳоҷирини ин гурӯҳ дар чанд моҳ пеш, ки роҳбари шабакаи Ҳаққонӣ ва амаки Сироҷуддин Ҳаққонӣ буд, мухолифатҳо ё дудастагӣ дар миёни раҳбарони ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон бештар сари забонҳо шуд.
Равобити Тоҷикистон бо Толибон ба куҷо расид?
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишваре аст, ки тамосҳои сиёсӣ бо Толибонро дертар оғоз кард. Ҳарчанд дар сатҳи расмӣ ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар намекунад. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти ахирии хабарии ниҳодаш моҳи феврал, дар посух ба суоли тамосҳои сиёсиву дипломатӣ бо Толибон посухи мушаххасе надод. Ҳарчанд вазир гуфт, ки барои рушди равобити тиҷоратӣ ҳеч монеаи вуҷуд надорад, мутаносибан рушд карда истодаанд ва миёни ширкатҳо ва ҷомеаи соҳибкорӣ тамосҳои корӣ роҳандозӣ шудааст, аммо таъкид кард, ки “нигаронии шадидии кишвари мо аз вазъияти кунунии марбут ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ” дар ин кишвар аст.
"Ҳамчунин моро ҷобаҷо кардани ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ, хусусан ба истилоҳ “идеолог”-ҳои онҳо аз нуқтаҳои Шарқӣ Наздик дар Афғонистон нигарон кардааст”,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Тобистони соли гузашта “авҷи равобити Тоҷикистон бо Толибон” дониста мешавад. Як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон дар моҳи август сурат гирифта буд. Аз ин сафар расонаҳои Афғонистон ва минтақа хабар дода буданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари давлатӣ ҳеч гоҳ дар мавриди ин сафар изҳори назар накарданд. Ятимов дар ин сафараш бо Абдулло Васиқ, раиси истихбороти Толибон, Шамсуддини Кишмӣ, Додситони кулли Толибон ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши Толибон ва дигар чеҳраҳои баландпояи Толибон дидор карда буд. Дар пайи ин сафар, Саъдӣ Шарифӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар Афғонистон маъмурияташро дар Кобул дигарбора оғоз кард. Пеш аз ин, сафари эълоннашудаи бархе чеҳраҳои Толибон ба Душанбе низ сурат гирифта буд ва тавофуқҳо миёни Душанбе ва Кобули толибонӣ ҳосил шуда буд. Аз ҷумла бояд Душанбе намояндаи Толибонро дар сатҳи секретари аввали Сафорати Афғонистон дар Душанбе мепазируфт. Коре, ки сурат нагирифт ва “пауза”-е дар ин равобит ба вуҷуд омад.
Далелҳои “эҳтиёткорӣ”-и Тоҷикистон чист?
Дар охири моҳи августи 2024 пойгоҳи хабарии “Ираф”, ки дар Теҳрон қарор дорад, навишт, ки Тоҷикистон дар пайи хуб шудани равобиташ бо Толибон тарҳи сулҳеро бо Кобул баррасӣ мекунад, ки “бо мақомҳои пешини ҷумҳурият, ки дар Тоҷикистонанд, тавофуқ шудааст”. Дар пайи ин хабарҳое расонаӣ шуд, ки аксари мақомҳои баландпояи “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аз Тоҷикистон рафтаанд. Душанбе то ин замон қароргоҳи расмии ин ҷабҳа дониста мешуд. Аммо бар хилофи интизоре, ки мерафт намояндаи Толибон дар Тоҷикистон пазируфта ё муаррифӣ нашуд ва Тоҷикистон ба мисли ҳамсояҳои дигараш дар Осиёи Марказӣ Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун накард. Ҳарчанд ду муовини раисулвузарои Толибон борҳо изҳорот доданд, ки равобити ин гурӯҳ бо Тоҷикистон “бисёр хуб” шудааст.
Иттифоқ афтодани ҳамла ба соҳибкорони чинӣ дар як кони истихроҷӣ тилло дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, фаъол ва бештар шудани корҳои намоишӣ ва таблиғотии гуруҳи “Ансоруллоҳ” алайҳи Тоҷикистон дар Афғонистон ва бештар шудани нигарониҳои амниятиро бархе коршиносон далели ин “эҳтиёткорӣ” медонанд.
Муҳаммад Шамсиддинов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки омили асосӣ барои рушди равобити Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон рӯйи кор омадани як ҳукумати фарогире аст, ки “намояндаи тоҷиконро ҳам дошта бошад ва битавонад манфиатҳои Душанберо пуштибонӣ кунад”. Аз назари ин коршинос рушди ифротгароӣ, фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва эҳтимоли истифодаи онҳо аз сӯйи Толибон ба сифати фишанге дар сиёсати хориҷии худ, аз ҷумла барои бесуботӣ дар Тоҷикистон, ки “Ансоруллоҳ” намунае аз он аст, далел шудааст, ки Тоҷикистон ин гуна робита дошта бошад.
“Бо дар назар гирифтани ин ду омили калидӣ, мушкил аст дар мавриди роҳандозии равобити дипломатӣ дар ояндаи наздик ва эҳтимоли ҳазфи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ҳарф занем”,--бовар дорад ин коршинос.
Аммо бо вуҷуди ин, Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ борҳо эълон кардааст, ки зери ҳокимияти Толибон кор мекунад ва Тоҷикистон амалан аз сарпарасти ин консулгарӣ Нақибуллоҳ Деҳқонзода мизбонӣ мекунад. Ҳоло ҳама намуди санадҳову хадамоти консулииро дар Тоҷикистон ин ниҳод анҷом медиҳад. Ҳарчанд Тоҷикистон Сафорати Афғонистонро дар дасти Зоҳир Ағбар, сафири пешини ин кишвар дар Душанбе нигаҳ доштааст, аммо бино ба хабарҳои таъиднашуда Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ барои осон кардани кори муроҷиаткунандаҳо дар Душанбе низ дафтар боз кардааст.
Аммо аз нигоҳи Фаҳим Куҳдоманӣ, секретари аввали пешини сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон пеш рафтани равобити Тоҷикистон бо Толибон бастагӣ ба рушди равобити Маскав бо Толибон дорад. “Тоҷикистон бо ҳокмияти Толибон дар Афғонистон мухолифатҳое дорад. Аммо фишорҳое аз ҷониби русҳо аз гузаштаҳо ба ин тараф вуҷуд дорад”,-мегӯяд Куҳдоманӣ.
Чаро фармондеҳони Толибон аз Тоҷикистон маъзаратхоҳӣ мекунанд?
Ба миён омадани мушкилоти чиддӣ дар равобити Толибон бо ду ҳамсояи стратегияшон Эрону Покистон ниёзмандии ҳукумати ин гурӯҳро барои рушди равобит бо ҳамсояҳои Осиёи Марказияшон ба миён овардааст. Пас аз сафари Саймуъмин Ятимов ба Кобул, Абдулҳамид Хуросонӣ, як чеҳраи ҷанҷолӣ ва фармондеҳи Толибон, ки барои қонунҳои сахтгиронаи диннӣ суханони сахте алайҳи раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, дар як видео аз мардуми Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон маъзаратхоҳӣ кард. Охири моҳи феврали имсол низ, баъд аз расонаӣ шудани як навори Амониддин Мансурӣ, яке дигар аз фармондеҳони баландпояи Толибон дар Бадахшон, ки дар он мегуфт “агар раҳбарони аморати исломӣ иҷозат бидиҳанд, Тоҷикистонро дар чанд рӯз ғасб мекунад”, боз навори дигаре аз ин фармондеҳ нашр шуд, ки маъзаратхоҳӣ мекард. Ин “маъзаратхоҳиҳои иҷборӣ”-ро як дипломати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ки ба далоили амниятӣ намехоҳад номаш бурда шавад, “ҷузъе аз муомилаҳои равобити пинҳонии Тоҷикистону Толибон медонад, ки мехоҳанд бистарсозӣ кунанд”.
Аммо Аҷмал Суҳайл, коршиноси масоили терроризм дар Олмон, тобистони соли гузашта дар як суҳбат бо телевизиони “Афғонистон интернейшнал” хуб шудани равобити Толибон бо Тоҷикистонро миёнаравии Чин номида буд. Ин коршинос гуфта, ки Қорӣ Фасеҳуддин дар сафари моҳи июли соли гузаштаа ба Душанбе ваъда додааст, ки Толибон аз корҳои гурӯҳи “Ансоруллоҳ” пешгирӣ мекунанд ва аз “Тоҷикистон хостааст, ки аз фаъолиятҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҳимоят аз ДОИШ ҷилавгирӣ кунад”.
Душанбе расмӣ равобити кунунияшро бо ҳукумати Толибон дар чаҳорчӯби ниёзҳои инсонӣ ва минтақаӣ унвон мекунад, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар таъриф кард.
“Мо аз ҳамаи форматҳои ҳамкорӣ, муколама ва талошҳои дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои дастрасӣ ба ризояти миллӣ дар Афғонистон равона шудаанд, пуштибонӣ мекунем. Тоҷикистон бо тамоми имконоте, ки дар ихтиёр дорад, иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва инсонӣ ҳамеша омода аст кумак бирасонад. Кишвари мо фаъолияти бозорҳои наздимарзиро аз сар гирифт. Ҳамчунин дар ҳолатҳои изтирорӣ ба сокинони навоҳии наздимарзӣ ёрии тиббӣ мерасонад. Мо интиқоли барқро қатъ накардем”,-изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳарчанд ҳоло ба гуфти коршиносон дар равобити пушти пардаи Тоҷикистон бо Толибон “таваққуф” ба миён омадааст, аммо ҳукумати Тоҷикистон дар оғоз дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард, ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд пойгоҳ додааст. Ҳоло ба камранг шудани ҳузури ин ҷабҳа дар Душанбе зиёд таъкид мешавад. Ҳамчунин беэътимод шудани Покистону Эрон ва Чину Русия аз ҳамкорони муҳими минтақаии Тоҷикистон ба Толибон яке аз далелҳои дигари умдаи ин таваққуфи Тоҷикистон унвон мешавад. Зеро ин кишварҳо баъди ба қудрат расидани Толибон талоши зиёде барои ба худ мойил кардани Толибонро кардаанд. Хусусан, пас аз сафари ахири ҳайати амрикоӣ ба Кобул, ки мавзуъи “бозгардонии силоҳу таҳҷизоти барҷомондаи неруҳои амрикоӣ” ва “раҳ ёфтани Амрико ба пойгоҳи низомии ҳавоии Багром” баррасӣ шудааст, омилҳои ҷиддӣ барои дучори тағйир шудани равобити ин кишварҳо бо Толибон унвон мешаванд.
Гуфтугӯ