Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ бори дуюм дар мақоми раисҷумҳури Амрико савганд ёд кард. Ин намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ҷойгузини Ҷо Байден, президент аз Ҳизби Демократ, шуд.
Байден, ки дар интихоботи соли 2020 Доналд Трампро мағлуб карда буд, дар нимаи интихоботи соли 2024 аз корзор берун рафт ва навбатро ба муовинаш Камала Ҳаррис дод. Трамп бар рақибаш ғолиб омад ва ба мақоми президенти Амрико баргашт. Ӯ 78-сола аст ва раисҷумҳури 47-уми Иёлоти Муттаҳида.
Маросими савгандёкунии Доналд Трамп бо дарназардошти ҳавои сард дар дохили бинои Конгресс баргузор шуд. Ин мавриди аввал дар 40 соли охир аст. Дар маросим теъдоде аз чеҳраҳои маъруф ва раҳбарони пешини Амрико ширкат доштанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури нави Амрико, пас аз савгандёдкунӣ дар суханроние гуфт, “даврони тилоии Иёлоти Муттаҳида аз имрӯз оғоз мешавад. Аз имрӯз кишвари мо шукуфо хоҳад шуд ва мавриди эҳтироми ҷаҳониён қарор хоҳад гирифт. Иҷоза нахоҳем дод, ки аз мо суистифода шавад.”
“Вазъияти изтирорӣ”
Трамп ба имзои чанд фармон ишора кард ва гуфт, дар сарҳади ҷанубии Иёлоти Муттаҳида бо Мексика вазъияти изтирории миллӣ эълон мекунад ва ба онҷо нерӯи низомӣ мефиристад.
“Ҳамагуна вуруди ғайриқонунӣ фавран боздошта хоҳад шуд ва мо раванди бозгардондани миллионҳо бегонаи вайронкорро ба кишварҳое, ки аз онҷо омадаанд, оғоз хоҳем кард,” – афзуд ӯ.
Трамп дар мавриди сиёсати хориҷӣ низ изҳороти густардае дод. Ӯ гуфт, мехоҳад “сулҳофар” ва “муттаҳидкунанда” бошад.
Эҳтимол ишорааш ба ваъдаҳои батакрори ӯ дар бораи поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст. Ҳарчанд худаш аз раҳоии гаравгонҳои исроилӣ аз ҷониби “Ҳамос” (Иёлоти Муттаҳида созмони террористӣ медонад) низ ишора кард.
“Панамаро пас мегирем”
Доналд Трамп гуфт, ба зудӣ номи Халиҷи Мексикаро ба Халиҷи Амрико тағйир хоҳад дод. “Амрико ҷойгоҳи шоистаи худро ба унвони бузургтарин, қудратмандтарин ва боэҳтиромтарин миллати рӯйи замин пас хоҳад гирифт, ки боис ба таҳсини кулли ҷаҳон мешавад.”
Дар қисми дигари суханронии худ дар маросими савгандёдкунӣ Трамп иддао кард, ки Панама созишномаҳоеро, ки бетарафии ин каналро талаб мекунанд, поймол кардааст.
Ӯ гуфт: “Аз киштиҳои амрикоӣ пули зиёд гирифта мешавад ва ба ҳеч ваҷҳ бо онҳо мунсифона рафтор намешавад. Ин шомили нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида низ ҳаст. Муҳимтар аз ҳама, Чин канали Панамаро идора мекунад ва мо онро ба Чин надодаем. Ба Панама додем. Ва мо онро пас мегирем.”