Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси тоҷикро барои "паст задани обрӯи ҳамкоронаш" аз кор ронданд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури як фармон, яке аз додрасҳои шаҳри Душанберо барои «беобрӯ кардани номи судя» аз мақомаш барканор кардааст.

Дар фармоне, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми январ нашр кард, омадааст, ки Мирзо Одиназода, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе «бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз мақомаш барканор карда шавад.

Маълум нест, ки Мирзо Одиназода, бо чӣ кор, ё рафторе шаъну эътибори додрасро дар Тоҷикистон паст зада бошад, аммо дар гузашта баъди ингуна фармонҳои раиси ҷумҳур додрасҳоро барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида ва ҷазо додаанд.

Мирзо Одиназода, дар гузашта муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино дар Душанбе ҳам будааст. Низоми додгоҳии Тоҷикистон ва рафтори додрасҳо солҳост, ки танқид мешавад. Додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳукмҳои ноодилона содир мекунанд, пойбанди мақомот ҳастанд ва ҳарчӣ, ки додситонҳо мехоҳанд, иҷро мекунанд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр эътироф кард, ки фасоду ришвахорӣ дар байни додрасҳо мояи амиқи нигаронӣ аст. Ӯ гуфт: “Ба ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҳоло ҳам ҷой доранд, ки чунин вазъ моро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ овардааст.”

Эмомалӣ Раҳмон ин оморро овард, ки дар тули 10 моҳи соли 2024 кормандони низоми додгоҳӣ 26 ҷиноят содир кардаанд ва афзуд : “Боиси нигаронист, ки содиршавии ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.”

Дар 10 соли гузашта ба қавли раиси ҷумҳур дар Тоҷикистон нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидаву ба зиндон маҳкум кардаанд. Бисёре аз ин ҷиноятҳои онон ришвахорӣ, қаллобӣ, фаро рафтан аз ваколатҳо, эълони ҳукмҳои ноодилона будаанд.

Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва интиқодҳо зиёданд, ки зимни таъйини онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешавад.

Як таҳқиқе, ки дар Тоҷикистон соли 2019 бо мусоидати Созмони Милал анҷом шудааст, нишон додааст, солона бештар аз 700 000 нафар ба мушкилоти ҳуқуқӣ гирифтор мешаванд ва маҷбуранд, ба низоми додгоҳӣ муроҷиат кунанд.

Дар таҳқиқ омадааст, ки дар ин байн аксаран мардуми осебпазир ва камбизоат бештар гирифторанд ва бисёре аз онҳо бинобар боварии кам ба низоми додгоҳӣ наметавонанд, мушкилоти худро дуруст ва аз роҳи қонунӣ ҳал кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG