Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати баландпояи Ироқ: "Мо мухолифи ҷанг ҳастем"

Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷии Ироқ, ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ. Вашингтон, 1-уми октябри 2026
Фуод Ҳусайн, вазири умури хориҷии Ироқ, ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ. Вашингтон, 1-уми октябри 2026

Пайомадҳои ҷанги Амрико ва Эрон саросари минтақаи Ховари Миёнаро таҳти таъсир қарор дода, дар ин миён ба гуфтаи Фуод Ҳусайн, вазири корҳои хориҷии Ироқ, кишвараш бо фишорҳои иқтисодӣ ва амниятии афзоянда рӯ ба рӯ шудааст.

Ироқ дар ҷараёни ин ҷанг чанд дафъа ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва халал дар убури нафткашҳо аз тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз содироти нафти ин кишварро низ ба мушкил гирифтор кард. Бағдод дар айни ҳол нигарон аст, ки идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Амрико, Ироқро беш аз пеш даргири ҷанг кунад.

Фуод Ҳусайн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Бағдод хоҳони бозгашти Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба музокирот аст ва агар ҳар ду тараф аз Ироқ дархост кунанд, шароитро барои гуфтушунид фароҳам хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин поёни маъмурияти низомии Амрико дар Ироқро “фасли нав” дар Ироқ номид ва дар айни замон таъкид кард, ки рафтани амрикоиҳо ба маънои тағйири сиёсат ё равобити ду кишвар нест.

Радиои Озодӣ: Маъмурияти низомии Амрико дар Ироқ пас аз ду даҳа поён ёфт. Ин лаҳзаи таърихӣ барои Ироқ чӣ маъно дорад?

Фуод Ҳусайн: “Ин фасли нав дар вазъияти сиёсии Ироқ аст, зеро амрикоиҳо аз соли 2003 ҳузур доштанд. Онҳо дар Бағдод то соли 2011 буданд. Сипас хориҷ шуданд, аммо ба далели ҳамлаи террористҳо ва гурӯҳи даҳшатафкани ДОИШ, бори дигар бозгаштанд. Албатта, фақат амрикоиҳо набуданд, бисёре аз ҳампаймонҳо низ барои мубориза бо ин созмони террористӣ ва нобудии он ба Ироқ омаданд. Мо бо ҳам ҳамкорӣ ва мубориза кардем. Пеш аз ҳар чиз аз мардуму давлати Амрико ва дигар муттаҳидоне, ки дар замони ниёз дар канори мо буданд, сипосгузорем. Мо дар канори якдигар ҷангидем ва ДОИШ-ро шикаст додем. Бинобар ин, ин мавзуъ дар таърихи мо аҳамият дорад. Акнун онҳо рафтаанд, аммо ин ба маънои тағйири сиёсат ё равобити мо нест. Мо равобити худро бо Иёлоти Муттаҳида тақвият хоҳем кард, албатта, дар ҳавзаҳои дигаре монанди иқтисод, энержӣ ва сиёсат. Ҳамчунин ният дорем гуфтугӯро бо ҷониби Амрико оғоз кунем, то битавонем дар сатҳи дуҷониба ба як тавофуқи амниятӣ даст пайдо кунем."

Радиои Озодӣ: Оё, ҳамон тавре гуфтед, ин шурӯи фасли нав дар ҳокимияти Ироқ аст ё озмуни нави амниятӣ барои ин кишвар?

Фуод Ҳусайн: “На, на. Ин оғози фасли тозае дар ҳокимияти Ироқ ва ҳамчунин фасли тозае дар равобити мо бо Иёлоти Муттаҳида.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар мавриди ҷанги Амрико ва Эрон хоҳони гуфтугӯ ва дипломатия шудаед. Оё дипломатия ҳанӯз метавонад сулҳро ба Ховари Миёна бозгардонад?

Фуод Ҳусайн: "Фикр мекунам, ҳар ҷанге бояд поён пайдо кунад ва вақте аз поёни ҷанг суҳбат мекунем, яъне бояд ба дипломатия бозгардем. Дар воқеъ, роҳи дуруст барои ҳалли ин мушкил, дипломатия аст. Даргирии кунунӣ дар Халиҷи Форс, яъне ҷанг миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон, бояд поён ёбад ва роҳе ҷуз бозгашт ба масири дипломатия надорем."

Радиои Озодӣ: То чӣ андоза нигарон ҳастед, ки даргирӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон беш аз ин ба саросари минтақа густариш пайдо кунад?

Фуод Ҳусайн: "Ин даргирӣ ҳамин ҳоло ҳам густардатар шудааст. Дигар фақат даргирӣ дар Эрон ё миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон нест; Ироқ осеби зиёде дида ва дар воқеъ мо қурбонии ин даргирӣ шудаем. Аз назари иқтисодӣ қурбонӣ ҳастем, зеро тангии Ҳурмуз барои муддате баста буд ва дар натиҷа наметавонистем нафти худро содир кунем. Акнун содироти нафтро аз сар гирифтаем, аммо ҳамчунон нигарони воқеаҳое ҳастем, ки дар атрофи тангии Ҳурмуз рух медиҳад. Аз сӯи дигар, ба мо ҳамла ҳам шудааст. Ироқ борҳо аз сӯи кишварҳои даргири ин ҷанг ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бинобар ин, умедворем ин даргирӣ поён ёбад ва сулҳ ба минтақа бозгардад."

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамвора бо Теҳрон дар тамос ҳастед. Эрон дар бораи омодагии худ барои музокира чӣ мегӯяд?

Фуод Ҳусайн: "Табиатан мо бо ҷониби Эрон ва ҳамчунин тарафи Амрико ва кишварҳои дигар дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем. Ин мавзуъ барои мо аҳамият дорад, чун дар ниҳоят ба худи мо ҳам пайванд мегирад. Бинобар ин, ҳамаи ин кишварҳоро ташвиқ мекунем, ки ба мизи музокира бозгарданд ва мушкилро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунанд. Замоне ки барои нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк будем, як даври гуфтугӯ миёни Эрон ва Амрико анҷом шуд ва мо аз ин музокирот бисёр хурсанд будем. Дареғ, боз ҳам ба тавофуқ нарасиданд."

Радиои Озодӣ: Оё Бағдод омода аст мустақим миёни Вашингтон ва Теҳрон миёнравӣ кунад?

Фуод Ҳусайн: “Барои миёнравӣ, ҳар ду тараф бояд аз мо дархост кунанд. Дар ҳар сурат, агар аз мо хоста шавад, омодаем."

Радиои Озодӣ: Оё фикр мекунед Ироқ акнун дар мавқеияти беҳтаре барои тартиб додани дидор миёни ду тараф қарор дорад?

Фуод Ҳусайн: “Фикр мекунам, Ироқ дар мавқеияти бисёр хубе барои тартиб додани дидор миёни ду тараф қарор дорад. Аммо пеш аз он, ҳар ду тараф бояд аз мо бихоҳанд, ки чунин нақше ифо кунем."

Радиои Озодӣ: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, пешниҳодҳои Эрон кофӣ нест. Ироқ муътақид аст, ки ду тараф акнун бояд чӣ кунанд?

Фуод Ҳусайн: "Намехоҳам дар сиёсати дохилии Иёлоти Муттаҳида ва дар сиёсати дохилии Эрон дахолат кунам. Аммо он чӣ мехоҳем ин аст, ки ин ду кишвар канори якдигар бинишинанд ва мушкилоти худро аз тариқи музокира ҳал кунанд."

Радиои Озодӣ: Раисҷумҳур Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки эҳтимол амалиёти низомӣ аз сар гирифта шавад. Агар чунин иттифоқе биафтад, чӣ пайомаде барои Ироқ хоҳад дошт?

Фуод Ҳусайн: "Боз ҳам фикр мекунам чунин мушкилоте бо иқдомоти низомӣ ҳал намешавад. Мо бо ҷанг мувофиқ нестем ва намехоҳем бахше аз ҷанг бошем. Далеле ҳам барои ин мавзеъ дорем. Мо ироқиҳо аз ҷангҳо осеби зиёде дидаем. Давлати Ироқ дар давраи Саддом Ҳусайн бо кишварҳои зиёде вориди ҷанг шуд ва дар натиҷаи ин ҷангҳо зербунёдҳои Ироқ вайрон шуд. Ҳазорон ироқӣ низ дар ин ҷангҳо ҷони худро аз даст доданд. Метавон гуфт ду ё се насл дар даврони ҷанг ба дунё омада ва зери сояи ҷанг калон шудаанд. Бинобар ин, мо усулан мухолифи ҷанг ҳастем. Мо усулан ҷангро намехоҳем ва албатта мехоҳем кишвари худро аз ҷанг дур нигоҳ дорем. Пас, намехоҳем бахше аз ҳеч ҷанге бошем. Ба ҳамин далел борҳо таъкид кардаем, ки даргириҳоро бояд аз тариқи музокира ҳал кард, на бо истифода аз абзорҳои низомӣ."

Радиои Озодӣ: Ба тангии Ҳурмуз ишора кардед, ки ҳамчунон барои Ироқ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бағдод барои ҳифозат аз содироти нафти худ чӣ мекунад?

Фуод Ҳусайн: "Дар ҳоли ҳозир, яъне аз ҳудуди ду-се ҳафта пеш, тавонистаем нафти худро содир кунем ва аз ин бобат хурсандем. Аммо, воқеан, нигаронем, ки агар ҷанг бори дигар оғоз шавад ва тангаи Ҳурмуз дубора саҳнаи амалиёти низомӣ шавад, содироти нафти мо мутаваққиф шавад ва ин мушкили бисёр бузурге эҷод хоҳад кард. Иқтисоди Ироқ ба шиддат ба даромадҳои нафтӣ вобаста аст ва агар натавонем нафти худро содир кунем, даромади кишвар коҳиш хоҳад ёфт ва ин вазъият иқтисоди Ироқро бо мушкили бузурге рӯ ба рӯ хоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Оё Ироқ метавонад монеъ шавад, то гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Эрон дар дохили ин кишвар, Ироқро ба ҷанги минтақаии дигаре накашонанд?

Фуод Ҳусайн: "Акнун миёни нахуствазири мо ва ин гурӯҳҳо музокироте дар ҷараён аст ва бо шуморе аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба тафоҳуми хубе расидаем. Онҳо эълом кардаанд, ки аз барномаи давлат пуштибонӣ хоҳанд кард. Дар ин миён ду гурӯҳи дигар ҳастанд, ки чунин мавзеъеро эълом накардаанд. Умедворем битавонем бо гуфтугӯ бо раҳбарони ин гурӯҳҳо ин мушкилро ҳал кунем."

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG