Пайвандҳои дастрасӣ

Марги мармузи духтари Домулло Маъруфҷон дар зиндони Тошканд


Нилуфар Раҳимҷонова
Нилуфар Раҳимҷонова

Нилуфар Раҳимҷонова, фарзанди Домулло Маъруфҷон ва ҳамсари Сайидюнуси Истаравшанӣ, дар зиндони "Зангиота"-и Тошканд даргузаштааст.

Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон ва фарзанди домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ дар маҳбаси занонаи "Зангиота"-и Тошканд даргузашта, дар яке аз қабристонҳои пойтахти Узбакистон ба хок супорида шудааст.

Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова 18 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Нилуфар Раҳимҷоноваро ҳанӯз рӯзи шанбеи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи "Зангиота" ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст.

Нилуфар Раҳимҷонова духтари рӯҳонии шинохта Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ ва ҳамсари Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Теҳрон ва муассиси пойгоҳи интернетии "Кимиёи саодат" мебошад. Ӯ дар соли 2011 барои ширкат дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба Тошканд меояд ва дар ҳамон ҷо дар моҳи августи ҳамон сол аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парванда боз мешавад.

Тавре наздикони Нилуфар Раҳимҷонова дар ноҳияи Истаравшан мегӯянд, мақомоти амниятии Узбакистон бо Нилуфар сӯҳбат намуда, "пешниҳод" мекунанд, ки азбаски серфарзанд аст, агар аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон баромад карда, гӯяд, дар "урдугоҳҳои Эрон" таълим дидааст, озод хоҳад шуд.

Вай ба хотири озод шуданаш аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон ин ҳарфҳоро ба забон меорад, аммо мақомоти амниятии Узбакистон ба иловаи ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боз ҷурми «терроризм»-ро ба парвандаи Раҳимҷонова изофа карда, дар авоили соли 2012 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Нилуфар Раҳимҷонова то дами маргаш ин ҳукми тӯлониро дар зиндони занонаи «Зангиота»-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адо мекард.

Саидюнуси Истаравшанӣ рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ки ӯ дар соли 2011 марзи Узбакистонро бидуни раводид убур карда буд, дуруст буд, вале боқӣ ҳар чизе, ки ба номи ӯ бофтанд, аз ҷумла тамрин диданаш дар урдугоҳҳои Эрон сохтаву бофта аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба гуфтаи Сайидюнуси Истаравшанӣ, Нилуфар Раҳимҷонова дар 3 соли пеш алорағми ҳушдорҳои ӯву падарарӯсаш, ки мегуфтанд, ба Узбакистон наравад, чун режимаш онҳоро хуш надоранд, ба ин сафари хатарнок рафт ва худро гирифтор кард.Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳамин тавр, дар марсияи пурсӯзе дар марги ҳамсараш шарикии Нилуфар Раҳимҷонова дар ин солиёни ғурбат бо ӯро ҳамчун "ҷиҳод"-и як ҳамсари бовафо тавсиф карда, навиштааст: "Аз замоне ки туро боздошт карданд ва бароят додгоҳ ташкил ва бо он тӯҳмат ва иттиҳоми кизб ва дурӯғин ба зиндон афканданд, лаҳзае ором нанишастам. Медонистам, танҳо ҷурми ту чӣ буд?! Инки ту ҳамсари ман ва духтари падарат ҳастӣ!"

Нилуфар Раҳимҷонова 37 сол дошт, ки дар зиндони Тошканд даргузашт. То ҳол маълум нест, иллати марги ин зан чӣ буд. Аз ӯ 4 фарзанд мондааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд, духтари онҳо, ки 20 сол дошт, соли гузашта дар Истаравшан шавҳар кард, вале се писарашон дар Эрон бо ӯянд ва инҷо таҳсил мекунанд.

Падари Нилуфар Раҳимҷонова - Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ - аз рӯҳониёни маъруфи замони Шӯравист, ки ҳангоми таҳсилаш дар яке аз мадрасаҳои Бухоро издивоҷ кардааст ва аз ин хотир, Нилуфар ва 3 фарзанди дигараш аз ин издивоҷ ибтидо шаҳрвандии Узбакистонро доштанд. Домулло Маъруфҷон, ки дар ибтидои солҳои 90 хеле маъруф шуда буд, баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Эрон паноҳ бурд.

Нилуфар яке аз 4 фарзанди ӯст, ки ба Сайидюнуси Истаравшанӣ хонадор шуда буд. Онҳо аз Бухоро, маҳалле ки падараш таҳсил мекард, дар соли 1992 ба ноҳияи Истаравашан (он замон - Ӯротеппа) омаданд, вале баъд аз оғози ҷангҳо аз инҷо ба Эрон рафтанд. Дар моҳи июни соли 2011 Нилуфар Раҳимҷонова ба Истаравшан меояд ва пас аз як моҳи иқомат дар Истаравшан, вақте ба тӯи бародараш ба Тошканд рафт, онҷо боздошт ва зиндониаш карданд.

XS
SM
MD
LG