Ӯ дар аз соли 2022 ба ин сӯ борҳо дар Словакия боздошт ва раҳо шудааст, вале ин бор мақомоти ин кишвар барояш санади ҳаққи иқомат додаанд.
Амриддин Холмуродов рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барояш ҳаққи иқомати кутоҳмуддат додаанд ва ҳар се моҳ онро бояд тамдид кунад.
"Ман аз боздоштгоҳи Сечовтсе берун шудам. Мақомоти Словакия дар суҳбат ба ман гуфтанд, ки бегуноҳият собит шуд, ту дар ҷомеа ҳеҷ хатаре надорӣ. Онҳо гуфтанд, ки мо ҳамаи он навиштаҳою дархостҳои Тоҷикистонро тафтиш кардем, ҳеч камбудӣ наёфтем. Акнун дар наздиктарин фурсат ба зиндагии маъмулиам бармегардам,"--гуфт ӯ.
Рӯзи 10-уми августи имсол ӯ дар боздоштгоҳи Кошитсеи Словакия даст ба гуруснанишинӣ зада буд ва ба нақли ӯ, мақомоти додситонӣ пас аз бозпурсӣ ба ӯ ваъдаи тафтиши ҷиддии парвандаашро дода буданд.
Он замон дар як паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасмимашро "эътироз аз бепарвоӣ ба қазияаш" дониста буд.
Амриддин Холмуродов то ҳамлаи Русия ба Украина дар Киев зиндагӣ мекард. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ҳангоми гузаштан аз сарҳади Укарина ба Словакия бо дархости Душанбе дастгир карданд. Баъд аз тақрибан ду сол, дар аввали соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт шуд. Мақомоти Словакия ин шаҳрванди Тоҷикистонро "хатарнок ба амнияти кишвар" номиданд.
Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо кард, аммо ба гуфтаи Холмуродов дар моҳи феврали соли 2025 дар вақти пешниҳоди дубораи ҳуҷҷатҳо барои паноҳандагӣ боз дастгираш карданд.
Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.
Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудиҳои ҳукуматро менавишт.
Гуфтугӯ