Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лаҳистон аз ранҷи занони тоҷик дар замони ҷанг гуфтанд


Дар Лаҳистон аз ранҷи занони тоҷик дар замони ҷанг гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Шоми 5-уми октябр дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон, ки солҳои охир хонаи на танҳо даҳҳо ҳазор фирории ҷанг аз Украина, балки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам шудааст, маҳфили ҳунариву фарҳангие бо номи “На зиндагӣ ва на ҷанг” барпо шуд.

Як ташаббускори он – филмсози тоҷикистонӣ Лолисанам Улуғова даҳшати ҷангро тавассути корҳои рассомӣ ва синамои тоҷик муаррифӣ намуд. Наққошиҳои як рассомдухтари тоҷик, ки бори аввал намоиш дода шуданд, ҷабру азиятҳои занону кӯдакони тоҷикро дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ифода кардааст.

Ин маҳфил бо ташаббуси муҳаққиқи масоили Тоҷикистон Анна Сйелевска аз донишгоҳи Лодз, Лолисанам Улуғова, филмсози тоҷикистонии муқими Аврупо, Анна Бинка, мудири шуъбаи этнографӣ ва студияи этнографӣ аз Варшава ташкил шуд.

Лолисанам Улуғова 8-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадаф аз намоиши аксҳо ва филмҳои сохтаи се коргардонзани тоҷикро чунин шарҳ дод:

“Таҷовузи ҳарбии Русия алайҳи Украина маро ба андеша водор кард, ки чаро мо меҷангем, дар ҷаҳон чӣ мегузарад? Умуман, ҳодисаҳои Ховари Миёна ва соли 2022 маро ба андеша бурд ва ҳар инсон ҳам дар чунин ҳолат ба сарнавиши худу азизонаш муроҷиат мекунад”.

Даҳ наққошии як зани рассом аз Тоҷикистон, ки дар Варшава намоиш дода шуданд, бар пояи ҳикояҳои “Зан ва ҷанг”-и Гулрухсор таҳия шудааст, ки соли 2001 аз чоп баромад.

“Ман корҳои Гулрухсор Сафиеваро дӯст медорам. Ӯ виҷдони миллати тоҷик аст. Ин зан рӯҳи мардумашро хуб эҳсос мекунад. Ӯ саргузаштҳои қурбониҳои зиёди ҷангро ҷамъ кардааст. Ҳар вақте мехонам, аз чашмам об мерезад. Масалан, он ҷо саргузашти Садбарг оварда шудааст, ки ба нохуни кӯдак зор буд. Ба ӯ худо ин бачаро дод, вале бояд аз ҷанг фирор мекард ва вақти фирор Панҷ кӯдаки ӯро ба коми худ бурд. Барои ман ва рассом ҳамин лаҳза яке аз мавридҳои пурдарду пурэҳсостарин буд. Он ҷо наққошие ҳаст вақте зан бо як даст шохи буттаеро меқапад, вале дасти кӯдак мелағжаду ӯро наҷот дода наметавонад. Дар муаррифии намоишгоҳ ман ҳамин порчаро аз номи кӯдак тақдим кардам,»-мегӯяд Лолисанам.

Зимнан, муаллифи наққошиҳо нахостааст номаш ошкор шавад ва як далелаш, ба андешаи Лолисанам, ин худсензураи рассом аст, чун, ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз пӯшиши мавзӯъҳои дардноки иҷтимоию сиёсӣ фирор мекунад.

Аз сӯи дигар, ба қавли ӯ, ин рассоми ҷавон “дар 5-6-солагиаш ҷабри ҷанги шаҳрвандиро кашидаву чӣ будани гуруснагиву фақрро хуб ёд дорад” ва тасвири фоҷеаҳои занону кӯдакон барояш “кори бегонае набуд.”

Филмсози тоҷик мегӯяд, як далели барпо кардани маҳфили эҷодие дар бораи Тоҷикистон ин аст, ки аз роҳи расму ҳунар ба аврупоиҳо муаррифӣ кардани фарҳанги тоҷик буд.

Лолисанам Улуғова мегӯяд, “дар Ғарб фарҳанги тоҷикро хеле кам мешиносанд. Аз ин рӯ, маҳфиле, ки дар Лаҳистон (Полша) ташкил кардем, барои муаррифии фарҳангу ҳунари мо бисёр қадами муҳим буд”.

Дар Варшава шоми шанбе инчунин чор филми коргардони зан – “Нолаи танбӯр”-и Аниса Собирӣ, “Мардикор”-и Маҳпора Киромова, “Фарангис” ва “Орзуи Анора”-и худи Лолисанам Улуғова намоиш дода шуданд.

XS
SM
MD
LG