Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд. Интизор меравад, ки ин ҳафта Фаронса ҳам ин корро анҷом диҳад. Давлати Исроил аз ин тасмим интиқод карда, онро туҳфае ба гуруҳи "Ҳамос" гуфт.
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё дар баёнияе гуфт, "имрӯз бо умеди дарёфти сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо ва роҳи ҳалли ду кишвар, Бритониё расман кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад".
Стармер ҳамчунин гуфтааст, ҳарчанд умед ба ҳалли низоъ аз роҳи ташкили ду давлат камтар мешавад, аммо бояд нагузорем, ки ин умед пурра аз байн равад.
Ҳамзамон бо эътирофи давлати мустақили Фаластин, Бритониё алайҳи гуруҳи "Ҳамос" таҳримҳои нав ҷорӣ кард. "Ҳамос" дар идоракунии давлатии ояндаи Фаластин ва таъмини амнияти он наметавонад ҳузур дошта бошад",-гуфт нахуствазири Бритониё.
Гуруҳи "Ҳамос" қаблан аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.
Бритониё моҳи июни имсол дар назди Исроил шарт гузошта буд, ки агар ҷанг ва "вазъияти фоҷеабор" дар Навори Ғазза поён наёбад, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт.
Марк Карни, нахуствазири Канада бо эълони ба расмият шинохтани кишвари Фаластин гуфт, "ҳукумати феълии Исроил талош дорад, ки ба таъсиси кишвари Фаластин роҳ надиҳад. Канада барои сохтани ояндаи сулҳомез барои кишвари Фаластин ва кишвари Исроил ҳамкорӣ мекунад".
Дар баёнияи ҳукумати Австралия омадааст, эътирофи давлати Фаластин як қисми фишори байнулмилалӣ барои расидан ба роҳи ҳалли ду давлат мебошад. Австралия ҳам ба монанди Бритониё эълон кардааст, ки гуруҳи "Ҳамос" набояд дар оянда Фаластин нақше дошта бошад.
Тасмими чор кишвар барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин хашми Исроилро дар пай дошт. Вазорати корҳои хориҷии Исроил гуфт, эътирофи Фаластин "туҳфа"-е барои "Ҳамос" аст.
Итмар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии Исроил эълон кард, ки ҷаласаи ояндаи кобина назорати комил бар Каронаи Ғарбии руди Урдун ва пароканда кардани ташкилоти худгардони Фаластинро пешниҳод мекунад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ба ташкили давлати Фаластин муқобилият хоҳад кард. Нетаняҳу давлати Фаластинро таҳдиде барои бақои Исроил медонад.
Дар ҳамин ҳол Вазири корҳои хориҷии Фаластин аз иқдоми чор кишвар барои ба расмият шинохтани ин кишвар истиқбол кардааст.
Ташкилоти худгардони Фаластин бар Каронаи Ғарбии руди Урдунро назорат мекунад. Идораи Навори Ғазза аз соли 2007 дар ихтиёри гуруҳи "Ҳамос" аст.