Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳимояти молии эҳтимолиро аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба таври мухтасар баррасӣ кардаанд.
Мавзуъро рӯзи 17-уми март Ян Липавский, вазири умури хориҷии Чехия, дар нишасти дипломатҳои аршад дар Брюссел дар миён гузошт. Як манбаи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагони Лаҳистон, Латвия, Эстония ва Литва пуштибонии худро аз ин мавзуъ баён доштанд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бахше аз Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) аст. Бино ба номае, ки рӯзи 15-уми март аз ин Оҷонсӣ дастрас шуд, ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс барои Радиои Озодӣ қатъ гардидааст.
Ян Липавский, вазири корҳои хориҷии Чехия, ба зарурати кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъкид кард ва фаъолияти ин расонаро чароғе барои сокинони кишварҳои худкома донист.
Намояндагони Чехия пештар тарҳи изҳоротеро ба ҳамкорони худ дар Иттиҳоди Аврупо пешниҳод карданд, ки дар он аз ҳолати пешомада бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шадидан нигаронӣ шудааст.
Дар санад гуфта шудааст, ки ин расона даҳсолаҳо боз ба мардуми кишварҳое, ки пушти "пардаи оҳанин" қарор доранд, ахбори дақиқу бетарафона пешниҳод мекунад ва эҳтимоли қатъи кори он "туҳфае барои мухолифони Аврупо хоҳад шуд". Дар ин тарҳ нақшаи дарёфти пул барои идомаи кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ матраҳ шудааст, вале тафсилоташ маълум нест.
Дафтари марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ се даҳа боз дар шаҳри Прага, пойтахти Чехия, қарор дорад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 14-уми март дар бораи ихтисори шадиди буҷаи ҳафт ниҳод, аз ҷумла Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Садои Амрико бахше аз ин Оҷонсӣ ҳастанд.
Дертар номае аз USAGM расид, ки тибқи он ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгресс барои Радиои Озодӣ қатъ гардидааст.
Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, қатъи буҷаро “ҳадяи бузурге ба душманони Амрико" хонд. Ӯ дар баёнияе гуфт, "оятуллоҳои Эрон, раҳбарони коммунисти Чин ва ҳокимони худкома дар Маскаву Минск пас аз 75 сол марги Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҷашн хоҳанд гирифт. Тақдими ин пирӯзӣ ба душманон онҳоро қавитар ва Амрикоро заифтар мекунад."
То кунун ба ҳимоят аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва "Садои Амрико" созмонҳои зиёде, аз ҷумла Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон садо баланд кардаанд.
Светлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус, дар саҳифааш дар шабакаи “X” навишт, ки “барои мо, миллатҳои зери зулму ситам, Радиои Озодӣ ва Садои Амрико рамзи ҷаҳони озод ва садои ҳақиқатанд."
Оҷонси Расонаҳои Байнулмилалии Амрико (USAGM) барои тақрибан 361 миллион нафар бо 50 забон хабару иттилоъ пахш мекунад. Буҷааш барои соли молии 2025-ум 950 миллион доллар будааст ва ин пул барои кор ва пардохти маоши кормандон равона мешавад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи мустақил ва зери чатри USAGM аст, ки аз ҳисоби ёрии бебозгашти Конгресс кор мекунад.