Аммо ин нарх то 30 июн аст. Аз якуми июл арзиши билетҳо то 3 ҳазор сомонӣ арзонтар мешавад. Далели болоравии ногаҳонии қимати билетҳо ҳатмӣ шудани сабтином бо “кю ар код” ва ё гирифтани рамзи махсус дар пойгоҳи давлатии “Госулуги RuID” аст.
Абдусалом, як сокини Душанберо рӯзи 23-юми июн дар назди хазинаҳои билетфурӯшии бозори собиқи “Шоҳмансур” пайдо кардем. Гуфт дирӯз омада буд, билет 4280 сомонӣ буд, имрӯз арзиши он 4890 сомонӣ шудааст. Ӯ афзуд: “Аз тарафи Русия “кюар код” ҷорӣ кардаанд, барои ҳамин. Дар байни мардум воҳима афтодааст, фикр мекунад, ки баъди 30-юм дармемонанд, сабаби болоравӣ ҳамин. Барои ҳамин саросема шуданд, ширкатҳо аз ин истифода бурда, нархҳо боло рафтааст, то 7 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.”
Русия аз 1 июл қоидаҳои вуруд ба кишварро барои сайёҳон ва шаҳрвандони кишварҳоеро, ки бо онҳо низоми раводид надорад тағйир дод. Аз он рӯз баъд ҳар касе ба Русия сафар карданӣ аст, бояд 72 соат пеш аз вуруд ба хоки Русия худро дар пойгоҳи “Госулуги RuID” сабти ном кунад ва рамзи махсусро бигирад.
Агар ин рамзро надошта бошад, дар гузаргоҳҳои марзии Русия ба ӯ иҷозаи вуруд ба ин кишварро намедиҳанд. Русия гуфтааст, ки ин тадбир барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва назорати муҳоҷирон дар қаламраваш зарур аст.
Аммо Наргис Розиқова, менеҷери фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар Душанбе мегӯяд, ҳанӯз замимаи ин пойгоҳ дар телефонҳои ҳушманд қобили дастрасӣ нест ва 24-25 июн фаъол мешавад.
“Мо мусофиронеро, ки барои моҳи июл билет мехаранд огоҳ мекунем, ки агар шумо ин расмиётро нагузаред ва пайомаде дошта бошад, мо масъулияташаро бар дӯш надорем. Расман мо мусофиронро огоҳ мекунем. Албатта мо кӯмак мерасонем, ба онҳое, ки намефаҳманд, зеро бисёриҳо намедонанд. Онҳо фикр мекунанд, ки пас аз 30-юм ҳеҷ кас ба Русия парвоз карда наметавонад”, - шарҳ дод Розиқова.
Аммо бархе аз билетфурӯшиҳо барои моҳи июл дигар билет намефурӯшанд ва мунтазири фаъол шудани пойгоҳ ва замимаи мобилии “Госулуги RuID” ҳастанд, чун аз эҳтимоли бозпас гардонидани мусофирон ва даъвои онҳо барои пули билет бим доранд. Билетфурӯшиҳо мегӯянд, агар барои надоштани кюар код мусофирро бозпас гардонанд, пули билетро барнамегардонанд.
Аз гирифтани кюар код танҳо дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо ва кӯдакони то 6-сола озоданд. Барои кӯдакони аз 6 то 18-сола бошад бояд волидайн ё парасторонашон ин рамзро дархост мекунанд. Истисно танҳо барои беморони ниёзманд ба табобати фаврӣ аст, ки бо пешниҳоди асноди зарурӣ метавонанд дар 4 соат қабл аз вуруд дарёфт кунанд.
Бо вуҷуди ин ҷониби Русия эълон кардааст, ки дарёфти рамз ҳанӯз маънои иҷозаи вурудро надорад ва мисли пештара салоҳияти роҳ додан ба қаламрави кишвар дар ихтиёри марзбонон аст.
Қоидаи нави сафари муҳоҷирон ба Русия ва талаби рамзи хос аз онҳоро як талоши мақомоти интизомии Русия барои назорати муҳоҷирон медонанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, талаби рамзи махсус аз мусофирон як нафъ низоми содатари раводид аст, ки умдатан аз мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ ба истиснои Белорус талаб мешавад.
Ҳадафи дигар назорат ба муҳоҷирони корӣ аст, ки як соли ахир мақомоти Русия онҳоро гунаҳкори тамоми мусибатҳо дар кишвар меноманд.