Аҳмадҷон яксола аст ва қадамҳои аввалини худро мегузорад. Абдувалӣ Давлатов ва ҳамсараш Муқаддас ӯро ҳашт моҳ пеш ба фарзандхонӣ гирифтанд. Онҳо ба ҳамдигар одат карданд, аммо як мушкил боқӣ мондааст. Волидони нав наметавонанд, ки ба Аҳмадҷон насаби худро бидиҳанд. То ҳал шудани қазия Аҳмадҷон ҳақ надорад, ному насаби Абувалӣ Давлатовро гирад.
Додгоҳи ноҳияи Восеъ ду дафъа қарор баровард, аммо онро ноодилона мешуморанд.
Абдувалӣ Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст аз онҳо талаб карданд, ки шиносномаи техникии хона надоранд. «Мо ин корро кардем. Ҳамсарамро даъват карданд. Боз мисли пештара қарор қабул кардаанд. Сабаб дар чист, намедонем.”
Абдувалӣ Давлатов аз деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ маъюби гурӯҳи якум аст. 487 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад ва бо бандубасти наворҳои тӯйи мардум дар моҳ то 3000 сомонии дигар ба даст меорад. Ҳамсараш мегӯяд, тавоноии онҳо барои нигоҳубини Аҳмадҷон кофист.
Муқаддас Тулаева, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳмадҷонро давоми як сол хуб нигоҳбин карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Абдувалӣ Давлатов гуфт, хонаи нав бунёд кард, аммо додгоҳ онро ба назар нагирифтааст. “Афсус, як додрас саргардон кард ва ҳатто боре ба пешамон наомад. Аммо раиси ноҳия борҳо пеши мо омад ва аз ӯ миннатдорем, ки чанд маротиба ба қазияи мо расидагӣ кард.”
Намояндагони Додгоҳи ноҳияи Восеъ масъаларо шарҳ надодаанд. Дар як қарори додгоҳ омадааст, «далелҳои тасдиқкунандае, ки асос барои фарзандхонӣ мебошанд» дар аризаи Абдувалӣ Давлатов «мавҷуд нест.»
Ҳоло Абдувалӣ мехоҳад қарори Додгоҳи ноҳияи Восеъ бозбинӣ шавад. Ӯ ба дастгоҳи иҷроияи президент ҳам нома навишааст.
Мушкили фарзандхонӣ танҳо Абдувалӣ Давлатов дар ноҳияи Восеъ нест. Дар гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо муроҷиатро барои фарзандхонии кӯдакон рад кардаанд ва он ҳам ба далели имкони маҳдуди молӣ.
Барои фарзандхонӣ дар Тоҷикистон даҳҳо санаду ҳуҷат лозим мешавад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта хостори сода кардани раванди фарзандхонӣ дар кишвар шуда буд.
Тибқи қонунҳои феълӣ, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ бигирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро пешниҳод намояд. Дар боби 19-уми Қонуни оила тартиби фарзандхонӣ дар 11 модда баршумурда шудааст, ки бисёриҳо талаботашро беш аз ҳад зиёд ва як монеа дар роҳи фарзандхонӣ мехонанд. Ҳоло хонаводаҳои бефарзанд ва муштоқи фарзанд дар орзуи ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин таъкиди президент дар робита ба содда кардани тартиби фарзандхонӣ ва садо додани хандаи тифл дар хонаҳои худ ҳастанд.