Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Равшан” бо “Моҳун Баган” бидуни гол хотима ёфт


Бозигарони "Равшан"
Бозигарони "Равшан"

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб нахустин бозиашро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими “Моҳун Баган”, қаҳрамони  Ҳиндустон, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи “А” шоми чоршанбеи 18-уми сентябр дар варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бхарати Криранган»-и шаҳри Калкутта доир гардид. “Равшан”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, зери раҳбарии Масъуди Назарзод, мутахассиси эронӣ, дар меҳмонӣ як имтиёз ба даст овард.

Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи «А» 18-уми сентябр дастаи «Ал-Вакраҳ»-и Қатар дар майдони худ аз тими «Трактор»-и Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дастаи “Равшан”, ки дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 ба гурӯҳи “А” шомил аст, рақибонаш ба ғайр аз “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон тимҳои “Ал-Вакраҳ”-и Қатар ва “Трактор”-и Эрон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тими “Трактор” бо се имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои “Равшан” ва “Моҳун Баган” якимтиёзӣ гирифтаанд. “Ал-Вакраҳ” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар даври дуюми мусобиқот, ки рӯзи чоршанбеи 2-юми октябр барпо мегардад, «Равшан» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Ал-Вакраҳ» ва “Трактор” дар майдони худ бо “Моҳун Баган” рақобат мекунанд.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври аввал

Гурӯҳи А

«Моҳун Баган» - «Равшан» - 0:0

«Равшан» Евгений Гритсенко, Самуэл Офори, Холмурод Назаров, Шодиҷон Муродов (Кристиан Мочич, 46, Иссоҳ Сиддиқ Камол, 83), Сорбон Ғиёсов, Андрей Маркович (Салам Ашурмамадов, 67), Дэвид Мавутор, Азизбек Ҳаитов, Коҷо Матич (Бахтиёр Зарипов, 77), Азизбек Султонов (Ҷамшед Максумов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов.

Беҳтарин бозигари дидор: Евгений Гритсенко («Равшан»).

18-уми сентябр. Калкутта. Варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бхарати Криранган». 18 908 тамошобин.

“Ал-Вакраҳ” – “Трактор” – 0:3

Голҳо: Томислав Стркалҷ, 13 (0:1), Меҳдӣ Туробӣ, 16 (0:2), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 38 (0:3).

18-уми сентябр. Ал-Вакраҳ. Варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”.

Гурӯҳи А

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Трактор”

1

1

0

0

3-0

3

2

“Равшан”

1

0

1

0

0-0

1

3

“Моҳун Баган”

1

0

1

0

0-0

1

4

“Ал-Вакраҳ”

1

0

0

1

0-3

0

Даври дуюм

2-юми октябр (чоршанбе)

19:00 - “Равшан” – “Ал-Вакраҳ”

21:00 – “Трактор” – “Моҳун Баган”

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё олии бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

XS
SM
MD
LG