Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Узбекистон


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи футзалбозони узбеку тоҷик рӯзҳои 13-ум ва 15-уми апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд тимҳои миллии Узбекистон ва Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо ҳам рақобат карда буданд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти дастаи Узбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардид.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кард, дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои миллии Марокаш бо ҳисоби 2:4, Португалия бо ҳисоби 2:3 ва Панама бо ҳисоби 3:8 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар плей-офф маҳрум шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки моҳи октябри соли гузашта дар Узбекистон доир шуд, 24 дастаи мунтахаб иштирок дошт.

Тими миллии Бразилия, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар Узбекистон мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори шашум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Бразилия бо медалҳои тилло, Аргентина бо нишонҳои нуқра ва Украина ба медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG