Матбуоти Фаронса ва Русия гузориш дод, ки Софиян Сеҳили 44-сола, як дучархарони ботаҷриба ва филмсозе дар Шарқи Дури Русия боздошт ва ба ҳасби пешакӣ гирифта шудааст. Барои расидани ӯ ба мақсади ниҳоии сафараш 400 км роҳ монда буд.
Сеҳилиро замоне боздошт карданд, ки ӯ баъди убури сарҳади Чин ва ворид шуданаш ба Русия мехост барномаи азими сафари худро аз Лиссабон то Владивосток ба анҷом расонад.
Хабаргузориҳои русии ТАСС ва "Интерфакс" навиштанд, ки додгоҳе дар Камчатка ӯро моҳи сентябр боздошт карда то 4 октябр ба ҳабси пешакӣ фиристод ва ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Уссурийски минтақаи Приморе, дар 6400-километрии шаҳри Маскав нигаҳдорӣ мешавад.
"Интерфакс" навишт, ки вакили дифои дучархарони фаронсавӣ Алла Кушнир талош дорад чораи нигаҳдории зерҳимояаш сабуктар шавад. Кушнир гуфт, дар аризааш ба додгоҳи минтақаи Приморе дархост кард, ки чораи дигаре ба ҷуз нигаҳдорӣ дар пушти панҷара таъин шавад.
Сеҳилиро барои убури ғайриқонунии марзи давлатии Русия гунаҳгор мекунанд, ки 200 ҳазор рубл (ҳудудан 2400 доллар) ҷарима ваё то 2 соли кори маҷбурӣ ваё то ду соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Хабаргузории фаронсавии AFP бо такя ба созмони назорати зиндонҳои вобаста ба ҳукумат, ки аз аҳволи Севили дар зиндон хабар гирифтааст, навишт, ки ӯ визаи электронии Русияро дошт, вале дар аввал "талош кард, ки сарҳадро пои пиёда дар гузаргоҳи марзие убур кунад, ки он фақат барои шаҳрвандони Русия ва Чин пешбинӣ шудааст".
Владимир Наидин, намояндаи Комиссияи назорати зиндонҳои минтақаи Приморйе ба AFP гуфтааст, баъди ин ӯ ба гузаргоҳи дигаре рафтааст, вале ба ӯ иҷоза надоданд, ки бо дучархааш гузарад ва гуфтаанд, ки "бояд савори автобус ё қатор", ин корро кунад.
Наидин гуфт, ки саломатии Сеҳили хуб аст, вале ҳоло аз назари муошират бо мақомот мушкил дорад, чун забони ҳамдигарро намефаҳманд.
Сеҳилӣ сафари ҷаҳонгардии худро рӯзи 1 июл аз шаҳри Лиссабон шурӯъ кард ва ният дошт, ки бо дучархааш минтақаи Авруосиёро убур карда, ба Владивосток бирасад ва бо ин кораш рекорди ҷаҳонӣ гузорад. Аз ин пеш ӯ ба Русия тавассути Гурҷистон ворид шуд, баъд ин кишварро дар минтақаи Астрахан тарк карда, ба Қазоқистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон, Муғулистон ва Чин рафт.
Нияти ӯ ин буд, ки рекорди дучархарони олмонӣ Йонас Дейхманнро бизанад, ки тавонист соли 2017 дар 64 рӯзу ду соату 26 дақиқа аз минтақаи Авруосиё убур кунад.
Дар гузашта Сеҳилӣ дар тахминан 20 рақобати тӯлонимуддат, аз ҷумла дар сабқати "Тур Дивайд" бо масофаи 4500 км аз Канада то Мексика ҳам иштирок кардааст.
Чанд соат пеш аз боздошташ Сеҳили дар саҳифаи Инстаграми худ навишт: "Ин рӯзи охир аст. Дирӯз чанд соат зери борон дучарха рондам. Бояд либоси тарамро берун кашам. Бояд ба дучархаам нишаста, ба самти Владивосток ҳаракат кунам".
Дар Русия шумори хориҷиҳое, ки далели боздошташон ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ сохтакоришуда аст, чандин нафарро ташкил медиҳад. Одатан Маскав онҳоро барои мубодилаҳои сиёсӣ ваё табдил бо ҷинояткорони ҷиддиву ҷосусони ҳабсшуда дар кишварҳои хориҷӣ, истифода мекунад.
Гуфтугӯ