Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бе фонограма хонданд." Орзуи ду овозхони нобино баъди 20 сол амалӣ шуд


Ду ҳунарманди нобино пас аз 20 сол саъю талош орзуи хешро амалӣ карданд. Акбар ва Рустам шогирдони мактаби нобиноёни шаҳри Ҳисор солҳои дароз орзу доштанд, ки ҳамроҳ шаби эҷодӣ баргузор кунанд. Ҳафтаи гузашта орзуяшон дар як тарабхонаи шаҳри Душанбе амалӣ шуд.

Акбар Каримов ва Рустам Маҳмадалиев дар ин шабнишинӣ бо шавқу шӯр, аз истиқболи ҳаводорон ба ҳаяҷон омаданд. Шаби эҷодӣ дар тарабхони “Этно” дар Душанбе баргузор шуд.

Акбар Каримов, ҳунарманди ҷавону нобино мегӯяд, бовар надошт, ки ин қадар дар маҳфил ҷамъ мешавад. “Соати 7 барномаро шурӯъ карданӣ будем ва дар толор одам набуд. Ҳатто Рустам каме ба воҳима дучор шуд. Аз ин таҳлука каме ҳолаташ ҳам бад шуд. Лекин ғайриинтизори мо буд, ки ин қадар одам омад."

Ҳунармандон мегӯянд, ки ин шомро беш аз 20 сол боз интизорӣ кашиданд ва барои он ҷиддӣ омодагӣ гирифтанд. Зинда ва бидуни фонограма суруданд.

Видеоро инҷо бинед:

Ҳунарнамоии овозхонҳои рӯшандил дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Акбар Каримов мегӯяд, аз соли 2004 ва аз замоне, ки ба Рустам Маҳмадалиев дар мактаб-интернат мехонданд, суҳбаташон бештар аз суруду мусиқӣ буд.

Ин овозҷони ҷавон он рӯзҳоро чунин нақл мекунад: шабҳо ҳамаи ҳамсинфонро хоб мебурд ва мо фақат дар бораи сурудҳои нав сӯҳбат мекардем. Он вақт гурӯҳи “Ҷаман конекшн” буд ва бо Рустам аз ҳамон вақт дар ҳамин бора сӯҳбат мекардем. То имрӯз ҳам.

Рустам Маҳмадалиев, ҳунарманди дигар мегӯяд, дар оғоз “лейбл” ё тамға надоштанд ва баъдан бо кумаки дӯстон “лейбл”-и худро “лаблабу музик” ном гузоштанд. “Дар пеш шуморо подкастҳо, сурудҳои муаллифӣ ва маҷмуаи таронаҳо интизор аст,”-ваъда медиҳад Рустам.

Ҳарчанд ин барномаи консертии нахустини онҳост, вале Акбар Каримов тайи 15 сол шурӯъ аз озмунҳои минтақавӣ то ба сатҳи байналмилалӣ ширкат варзидааст. Азҷумла ӯ ба Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва фестивалҳои Куриёи Ҷанубиву Амрико рафтааст.

Акбар Каримов мегӯяд, “ҳоло баъзе сурудҳое буданд, ки мо инҷо нахондем. Зеро ҳолати як каме афсурдагӣ доштанд ва маъногароӣ доштанд. Мо хостем, ки мардум хурсанд бошанд ва аз ғамҳои худ фаромӯш кунанд”.

Ин ду овозхони нобино бо чаҳор забон-тоҷикиву англисӣ, помириву русӣ тарона суруданд. Малакаи хешро дар сароидани сурудҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нишон доданд ва ситоиш шуниданд.

Исмоил Исмоилов, ҳунарманди тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ду овозхони ҷавон бояд роҳашонро идома диҳанд. “Мо аз тарафи худ як тасмим гирифтем, ки ба ин ду ҷавон ёрӣ медиҳем то вақтҳои наздик то ба саҳнаи калон бароянд. Барои он, ки ин орзуи онҳост ва ин ду нафар зеби саҳнаҳои калонро доранд”.

Дар Тоҷикистон 15 ҳазор нобино зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо бинобар монеаҳои кору таҳсил ба ҳунармандӣ ва ё корҳои эҷодӣ рӯ меоранд ва мехоҳанд дар ҷомеа манзалати хешро дошта бошанд. Мисли Акбару Рустам, ки мехоҳанд, бо азми қавӣ аз толорҳои хурд ба толорҳои азиму пурбинанда ҳам роҳ ёбанд.


XS
SM
MD
LG